Кӯмаки 226 миллион долларии Чин ба Тоҷикистон

Чин тарҳи ихтисоси кӯмаки 226 миллион долларии билоиваз ба Душанбе барои бозсозии роҳи Қалъахам-Ванҷ то марзи ноҳияи Рушон дар вилояти Бадахшонро баррасӣ мекунад.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон эълом кард, ин манбаъҳои молӣ барои бозсозӣ ва калонсозии қисматҳое аз ин масир аз шаҳракаи Қалъахам-маркази ноҳияи Дарвоз, ноҳияи Ванҷ то маркази ноҳияи Рушон истифода хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ки тули ин масир ҳудуди 93 километр аст, ки сохти ду нақб ба тули 5 километру 200 метр ва 15 пулро шомил мешавад.

Мақомоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, ки тавофуқномаи ихтисоси кӯмаки молии Чин барои бозсозӣ ва такмили ин роҳ дар нишасти 19 октябри соли 2019 дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тасвиб шудааст.

Гуфта мешавад, ки бо дарёфти ин манбаъҳои молӣ бозсозии ин роҳ дар ояндаи наздик оғоз мешавад.

Танҳо роҳи заминӣ миёни Тоҷикистон ва Чин мавсум ба Душанбе-Қулама ба далели воқеъ шудан дар баландиҳои вилояти Бадахшон фақат шаш моҳ дар сол дар фаслҳои баҳор ва тобистон қобили тараддуд аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад