Кӯмаки молии Русия барои сохти нерӯгоҳи Роғун

Русия фақт дар қолиби Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё метавонад ба сохти нерӯгоҳи Роғун кӯмаки молӣ кунад.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, Александр Разуваев- коршиноси умури молии Русия бо ишора ба тасмими ҳукумати Тоҷикистон барои фуруши саҳоми молии нерӯгоҳи Роғун барои истиқболи сармоягузории хориҷӣ аз мушорикат дар сохту такмили ин нерӯгоҳ гуфт, чун Тоҷикистон узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё нест Маскав ҳам наметавонад ба ин кишвар барои сохти нерӯгоҳи Роғун кӯмаки молӣ кунад.

Александр Разуваев афзуд, албатта Сандуқи байналмиллалии пул (ХБА) ҳам тавони ихтисоси қарз ба Тоҷикистон барои сохти нерӯгоҳи барқи обии Роғунро дорад, аммо тардиду шубҳаи ин ниҳоди молии байналмиллалӣ дар бораи тавонмандии Тоҷикистон дар заминаи бозпардохти ин қарзҳо муҷиб шудааст, ки Душанбе натвонад аз ин ниҳод қарз бигирад.

Парлумони Тоҷикистон чанде пеш бо фуруши бахше аз саҳоми молии нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба сармоягузори хориҷӣ барои такмили сохти ин тарҳи муҳими энержии кишвар мувофиқат кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад