Як киштии ҷангии Амрико вориди халиҷи Форс шуд

Манобеи хабарӣ аз убури як киштии оби хокии нерӯи дарёӣ Амрико аз тангаи Ҳурмуз ва истиқрори он дар обҳои байналмилалӣ, дар халиҷи Форс хабар доданд.

Манобеи хабарӣ рӯзи чаҳоршанбе аз азимати шумори дигаре аз нерӯҳои Амрико ба халиҷ Форс хабар доданд.

Ба навиштаи вебгоҳи “Astryps”, киштии обӣ хокии “USS Bataan”, рӯзи чаҳоршанбе бо убур аз тангаи Ҳурмуз, вориди халиҷи Форс шуд. Капитан “Лэнс Лечер”, фармондаҳи низомёни Амрикоӣ мустақар дар ин киштии ҷангӣ дар ин замина гуфт: «убури мо аз ин танга муҳим ва тадовуми ҳузур дар минтақа нақши ҳаётии идомаи озодии тараддуди дарёӣ, ки барои сабот ва амнияти минтақа муҳим астро нишон медиҳад.»

Дар баёнияи артиши Амрико омадааст, ки дар ин маъмурият, киштии оби хокии “USS Bataan”-ро 2500 туфангдори дарёӣ Амрико ҳамроҳӣ мекунад. киштӣҳои “USS New York” ва “USS Oak Hill”, ин киштиро ҳамроҳӣ мекунанд.

Ин дувумин киштии ҷангии бузурги Амрикоӣ баъд аз нови ҳавопаймобари “USS Abraham Lincoln” аст, ки вориди халиҷи Форс шудааст. Ҳавопаймобари “Abraham Lincoln”, ноябри гузашта баъд аз 10 моҳ ҳузур дар минтақа, озими пойгоҳи худ дар Амрико шуд.

Капитан “Грег Леланд”, аз дигар фармондаҳони нерӯи дарёӣ Амрико низ дарбораи азимати ин киштӣ гуфт, ки ин иқдом тадовум ва тааҳҳудди мо ба шарикони Амрикоӣ дар халиҷи Форс ва нуқоти дигари минтақа аст.

Фармондаҳи нерӯҳои Сентком (Ситоди Фармондеҳии Марказии Амрико дар Ховари Миёна), ҳафтаи гузашта, ҳангоми дидор аз як нови ҳавопаймобари Амрико дар дарёи Араб, ба побарҷо будани имкони иқдомҳои талофиҷӯёнаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, пас аз ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳи “Айнул-Асад”, ишора кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад