Керемл, Туркияро ба адами риояти тавофуқи Сурия муттаҳам кард

Керемл имрӯз (чаҳоршанбе), Туркияро ба адами риояти тавофуқ бо Русия барои хунсо кардани шибҳинизомиён дар Адилб муттаҳам ва изҳор кард, ҳамалоти шибҳинизомиён, алайҳи нерӯҳои сурӣ ва рус дар ин минтақа идома доранд.

Ба гузориши хабаргузории “Рӯйтерз”, Керемл ин изҳоротро пас аз он баён кард, ки Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия гуфт, агар як сарбози Туркияӣ дигар осеб бубинад, артиши кишвараш аз роҳи заминӣ ё ҳавоӣ ба нерӯҳои сурии таҳти ҳимояти Русия ҳамла мекунад.

Дмитрий Песков, сухангӯи Керемл имрӯз изҳор кард, Маскав ба тавофуқе, ки дарбораи Сурия бо Анкара дорад, пойбанд мемонад, аммо ҳамалоти шибҳинизомиён дар Адилбро ғайриқобили қабул ва хилофи ин тавофуқ медонад.

Песков идома дод: тибқи санади ин тавофуқ, тарафи Туркияӣ мутааҳҳид шудааст, ки итминон ёбад гурӯҳҳои террористӣ дар Адилб хунсо шудаанд.

Ин сухангӯ ба хабарнигорон гуфт: ҳамчунон бо таассуф ёдоварӣ мекунем, ки ин гурӯҳҳо аз Адилб ҳамалоте алайҳи нерӯҳои сурӣ анҷом медиҳанд ва иқдомоти таҳоҷумие алайҳи таъсисоти низомии мо доштаанд. Ин ғайриқобили қабул ва ноқизи тавофуқи Сучӣ аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад