Даргузашти домло Сафархоҷа баъди бозпурсӣ дар мақомот

Манобеи сомонаи "Ахбор” хабар доданд, ки тақрибан як ҳафта пеш домулло Сафархоҷа, як рӯҳонии машҳур дар водии Вахш, дар пайи бозпурсиаш аз ҷониби мақомот вафот кардааст.

Домулло Сафархоҷаи 72-соларо ҳамроҳи 3 фарзанду 1 наберааш дар миёнаҳои моҳи январ дастгир кардаанд, вале ҳангоми бозпурсӣ аҳволи ӯ бад шудааст. Домуллоро ба хонааш бурдаанд ва ӯ як рӯз баъд вафот кардааст. Ба гуфтаи шоҳидон, дар намози ҷанозаи домулло Сафархоҷа дар деҳаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Кушониён (собиқ Бохтар) тақрибан 5 ҳазор нафар иштирок кардаанд. Ӯ чандин сол имом-хатиби масҷиди ҷомеъ дар ноҳияи Бохтар буд, вале соли 2011, баъди қабули қонуни нави дин, аз имоматӣ барканор шуда буд. Баъди даргузашти домулло Сафархоҷа фарзандонашро аз боздошт ҷавоб додаанд, вале сарнавишти як набераи боздоштшудааш то ҳол номаълум боқӣ мемонад. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони “Ахбор”, ҳамаи фарзандони домулло Сафархоҷа аҳли илм буда, якеаш соҳиби унвони мавлавӣ будааст.

Як манбаи дигари сомонаи “Ахбор” хабар дод, ки мақомот рӯзҳои охир даҳҳо нафар аз сӯфиёни тариқат, аз ҷумла Абдухолиқ Ҳамроев, маъруф ба Эшони қорӣ, як рӯҳонии машҳури зодаи Қумсангирро, ки ҳоло дар ноҳияи Шаҳринав зиндагӣ мекардааст, низ боздошт ва бозпурсӣ кардаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, Эшони Қорӣ ва муридонаш дар робита ба пул гирифтан дар ивази додани дуо ва ду ва бештар зан доштанашон бозпурсӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон садҳо ҳазор аз пайравони ду тариқати ҷаҳрия ва хуфияи равияи тасаввуфии Нақшбандия ба сар мебаранд. Ба фарқ аз равияҳои дигари мазҳабӣ, аҳли тариқат то кунун дар Тоҷикистон, ба истиснои чанд мавриди алоҳида, дигар мушкили ҷиддие бо мақомот надоштанд. Яке аз онҳое, ки баъди бозпурсии мақомот раҳо шудааст, ба сомонаи “Ахбор” гуфт, онҳо зимни бозпурсиҳо таъкид кардаанд, ки аҳли тариқат пурра пойбанди мазҳаби Ҳанафия мебошанд, вале ин таъкиди онҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ асаре надоштааст.

Тоҷикистон аз аввали соли нав шоҳиди мавҷи бесобиқаи боздоштҳо дар чорчӯби парвандае шуд, ки “парвандаи “Ихвон-ул-муслимин” номаш кардаанд.

Дар аввали моҳи январ, бино ба хабарҳои расида, мақомоти ВКД дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон даҳҳо нафарро, асосан хатмкардагони мактабҳои олӣ ва мадрасаҳои Покистон, Эрон ва Мисрро боздошт карданд. Мақомот расман шарҳе дар ин бора надодаанд, вале манобеи гуногун мегуфтанд, ки ин боздоштҳо дар чорчӯби парвандаи “Ихвон-ул-муслимин” сурат гирифтааст. “Ихвон-ул-муслимин” як созмони мазҳабист, ки дар Миср таъсис ёфтааст ва намояндаашМуҳаммад Мурсӣ солҳои 2012-2013 ҳатто ба мақоми раисиҷумҳури Миср расида буд. Мурсӣ соли 2013 дар натиҷаи табаддулоти давлатӣ барканор гардида, боздошт шуд ва дар зиндон даргузашт.

Фаъолияти “Ихвон-ул-муслимин” дар Тоҷикистон аз соли 2006 манъ шудааст ва соли 2016 ҳудуди 20 нафар, аз ҷумла чанд имом-хатиб бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ин созмони мамнӯъ маҳкум ба зиндон шуда буданд.

Аммо мавҷи ахири боздоштҳо бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ин созмон дар Тоҷикистон аз лиҳози вусъат ва шумори боздоштшудаҳо бесобиқа мебошад. Бино ба гуфтаи як манбаи радиои “Озодӣ”, то кунун дар робита ба ин қазия 70 парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст. Вале ба гуфтаи ин манбаъ, боздоштҳо ҳанӯз идома доранд.

Дар байни боздоштшудаҳо, бино ба хабарҳои расида, устодони донишгоҳҳо, руҳониён ва ҳатто мансабдорони давлатӣ ҳастанд. Ба сомонаи “Ахбор” муяссар шуд, ки исми 20 нафар аз боздоштшудаҳоро маълум кунад:

1.Сатторов Икромшоҳ, сармуаллими Донишкадаи забонҳо, собиқ мудири шуъбаи забонҳои хориҷии Донишкадаи забонҳо, факултети Авруосиё. Зодаи ноҳияи Данғара.

2.Сафаров Меъроҷиддин, доктори илмҳои забоншиносӣ, корманди радио. Зодаи ноҳияи Файзобод.

3. Тоҷиддин Яқубов, номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи забонҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

4. Абдулваҳҳоби Абдуманнон, докторанти ДМТ, собиқ устоди Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам. Зодаи ноҳияи Восеъ.

5. Фирдавс Раҳимӣ, Раиси дастгоҳи ҳукумати шаҳри Исфара, собиқ раиси шаҳраки Шӯроб, собиқ раиси ҷамоати Чоркӯҳ. Зодаи Исфара.

6. Қаҳҳоров Исмоил (Мулло Исмоил , домоди Тӯраҷонзодаҳо), шоир, узви Иттифоқи нависандагон, муаллифи чанд маҷмӯаи шеърӣ, ба мисли “Насимнома”. Зодаи Ваҳдат.

7. Мулло Қурбоналӣ, набераи Мулло Сафаралӣ, имомхатиби собиқи масҷиди Бохтар бо тақрибан 25 шогирдаш.

8. Амонуллоҳи Абдурозиқ, мудири маркази забономӯзии “Дӯстӣ”. Ноҳияи Рӯдакӣ.

9. Амриддини Аслиддин, муаллим. Аз Фархор.

10. Убайдуллох, муаллим. Ноҳияи Нуробод.

11. Абдуғаффор, устоди Донишгоҳ. Зодаи Истаравшан.

13. Аҳлиддин Ҳалимов, истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, кӯчаи Ҷалилов.

14. Ҳасанов Абдухолиқ, аз Душанбе.

15. Тағоев Комил Сидмуродович, с.т. 1981, сокини кӯчаи Гулистони ҷамоати Пули Сангин. Зодаи Норак.

16. Абдуллоев Муслиҳиддин Отамуродович, с.т. 1983, зодаи ҷамоати Тутқавули Норак.

17. Қорӣ, набераи Абдулло-Сиёҳак, с.т.1991, аз ҷамоати Тутқавули Норак.

18.Муҳаммадҷони Иброҳим, мудири Маркази ташхиси тиббии “Рӯҳафзо” дар бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе.

19. Маҳмудҷон Латифӣ, зодаи деҳаи Личаки ҷамоати Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат, устоди фанни забону адабиёти араб дар Донишгоҳи миллӣ

20. Наимҷон Латифӣ (писари Маҳмудҷон Латифӣ), низ устоди забону адабиёти араб дар Донишгоҳи миллӣ.

домулло Сафархоча яке аз улламои барчастаи точикистон 1 хафта пеш даргузаштанд тибки маълумоти мо домулло Сафархочаро хамрохи 3 фарзанду як набераашон барои бозпурси даъват намуданд ва дар хини бозпурси холашон бад мешавад баъди ба хона бурдан 1 руз пас даргузаштанд домулло сафархоча такрибан 72 сола буданд ва дар чанозаи эшон худуди 5 хазор намозхон барои видоъ омаданд хаммаи фарзандони мархум домулло ахли илм хастанд ва як фарзандашон унвони мавлавихам хастанд

баъдтар такрибан 10 уми мох буд ки бо фарзандону як набераашон фарзандони эшонро чавоб доданд аммо аз набераашон хабаре нест

дар нохияи бохтар дехаи мирзо турсунзода

чанд сол дар масчиди хамин деха имомхатиби масчиди чомеъ буданд ва такрибан баъди солхои 2010 аз минбар барканор шуда буданд

Имруз 250 нафарро бо иттихоми суфихои тарикат боздошт кардаву 200 нафарро рахо карданд ва 50 нафараш махкам. Бо шикояти нафаре ва боздоштшудахо гуфтанд тарикат дар мазхаби ханафи хаст аммо фоида надоштаст. Байни онхо Хамроев Абдклхолик бо тахаллуси эшони кори ва бародарону муридонаш будаанд. Эшонро аз беморхона бардоштаанд. Хабарро хусурбачаи эшон дод аммо хохиш кард ки зикр нашвад. Онхоро боз барои пулгирифтан барои доодихи ва дузанахоша бо хамин иттихом мехостаанд хукм бидиханд.

Бознашр аз сомонаи Ахбор

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад