Кумаки 3 миллиону 300 евраии Аврупо ба марзбонони тоҷик

Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар чорчуби тарҳи таҳкими марзҳои ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон кумаки 3 миллиону 300 евраӣ ихтисос хоҳад дод.

Ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, Намояндагии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо эълом кардааст, ки ин кумаки 3 миллиону 300 евраӣ ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар муддати 18 моҳ пардохт мешавад.

Дар чорчуби ин тарҳ таҷҳиз ва бозсозии марокизи омӯзишии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар минтақаҳои Ҳалқаёр, Лангар ва баҳрабардорӣ аз маркази нави омӯзишии Қаратоғ барномарезӣ шудааст.

Ҳадаф аз ин тарҳ иртиқои тавони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон барои муқобила бо гуруҳҳои террористӣ ва ифротӣ, қочоқбарони маводи мухаддир ва ҷиноятҳои созмонёфта дар марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон унвон мешавад.

Созмони амният ва ҳамкории Аврупо эълом кардааст, ки аз оғози соли нави 2020 барномаи чандмарҳилаӣ барои таҳкими марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистонро ироа кардааст, ки муҷиби тақвияти раванди омӯзиши нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон барои муқобила бо авомили ноамнӣ дар марзи ду кишвар хоҳад шуд.

Тоҷикистон бо Афғонистон дорои марзи муштараки ҳазору 380 километрӣ аст, ки ба далели шароити куҳистонӣ ва камбуди таҷҳизоти назоратӣ мавриди ҳамалоти гуруҳҳои террористӣ ва қочоқбарони маводи мухаддир қарор мегирад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад