Дар қазияи Нилуфар Раҷабова бо муҷозоти қонуншиканҳо адолат иҷро шавад!

Мубориза бо дин ва диндорон ва поймол ва маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони мусулмони кишваре, ки 98% онро ташкил медиҳанд пазируфтанӣ нест! Қазияи зулм ба Нилуфар Раҷабова ва дигар хоҳарони сатрпӯши тоҷик чигуна тамом мешавад?

Рӯзи чордаҳуми декабри 2019 бори дигар ҷамъе занону духтарони мусулмони ҳиҷобпӯши тоҷик дар пойтахти кишваре, ки 98% ҷамъияти он мусулмон аст ва мақомоти он дар пеши мардум ва пушти камера худро мусулмон эълон мекунанд боз гирифтори муборизаи мақомот шуданд. Солҳост, ки дар Тоҷикистон мутаассифона мақомот ошкору ниҳон ва бо баҳонаҳои гуногун ҳар чӣ метавонанд ҳуқуқу озодиҳои қонунӣ ва диниву мазҳабии мусулмонони кишварро поймол ва маҳдуд мекунанд. Аз як тараф фишори мақомоти болоӣ махсусан мавзеъгириҳои золимонаи президент нисбат ба мубориза бо таълимоту фарҳанги динӣ ва маҳзабӣ, аз тарафи дигар ошкор ва расонаӣ шудани ин ҷиноятҳо ва хиёнатҳо бо диндорон дар расонаҳо ва пайдо кардани бозтоби байналмилалӣ ва шарманда шудани мақомот, ки иддаои мусулмониву демократӣ доранд ва аз тарафи севум шикояту эътирози ҷабрдидагон, наздикон ва мардону занони ғаюру бономуси миллат ва созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва дифоъ аз озодиҳо сабаб шудааст, ки иҷрокунандагони ин фармонҳои золимона ва душманона бо дину фарҳанги динӣ ва миллии тоҷикон ва шаҳрвандони Тоҷикистонро саргардону парешонхотир намояд. Ин муборизаи мақомот боиси фишору нооромӣ ба ҷабрдидагон ва хонаводаҳои онҳо ва пардохти ҷаримаҳо дар баъзе ҳолатҳо осебҳои ҷуброннопазир барои онҳо шудааст. Борҳо баъд аз иқдомҳои ҷинояткорона ва ҷунуномез бар зидди миллати мусулмон ва поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои қонунӣ ва динии онҳо баъзе аз ниҳодҳои дигар, ки масъулият доранд изҳорот медиҳанд, ки ин иқдомҳо худсарона ва ғайриқонунӣ будааст. Яке аз ин масъалаҳо масъалаи ҳиҷоб ва сатри занону духтарони мусулмони тоҷик аст. Ин масъала баъд аз рейди мақомоти милисаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар рӯзи чордаҳуми декабр ва таҳқиру таҳдид ва латукуби хоҳарони мазлуми тоҷик махсусан зулме, ки дар ҳаққи духтари зиндонии узви ҲНИТ Раҳматуллоҳи Раҷаб хоҳар Нилуфар Раҷабова сурат гирифт бори дигар диққати миллати тоҷикро ба зулму ситами мақомот дар масъалаи мубориза бо фарҳанги динӣ ва мазҳабии мусулмонони Тоҷикистон ҷалб кард. Нилуфар Раҷабова баъд аз боздошти чандсоата ва таҳдиду латукуб аз тарафи мақомот бо модараш бархе аз ҳақиқатҳоро баён ва ба мақомоти болоӣ барои ба ҷавобгарӣ кашидани қонуншиканон шикоят ва эътироз карданд. Чӣ зуд додгоҳи ноҳияи Сино рӯзи 18/12/2019 ин хоҳари ҷабрдидаро ба хотири таҳқири Раъно Абдуллоева мудири шуъбаи занон ва оилаи ин ноҳия ба унвони “майдаавбошӣ” гунаҳкор донист ва панҷсаду панҷоҳ сомонӣ ҷарима кард ва зуд ҷаримаро дарёфт карданд. Рӯзи бисту чоруми декабр ҳам ин хоҳари ҷабрдида ва модарашро ба Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккилона ё ҳамон УБОП-и ВКД-и Тоҷикистон барои бозпурсӣ даъват карданд. Онҳо гуфтанд, ки баъд аз ин суроғи корманди милисаи қонуншикан Машраб Истамзода хоҳанд рафт.
Муҳим ин аст, ки чаро хоҳари сатрпӯши мусулмони тоҷикро, ки ҳаққи қонунӣ ва вазифаи динии ӯст ҳуқуқ ва озодиҳояш поймол шуд ва ӯро чандин нафар аз мақомот ва милисаҳо таҳқиру таҳдид ва латукуб карданд ба баҳонаи шикояти Раъно Абдуллоева (садқаи нангу номуси тоҷики мусулмон шавад) хеле зуд айбдор ва ҷарима карда онро ситонданд, вале бо вуҷуди шикояти Раҷабова ва ҳақиқатҳои мавҷуд дар бораи зулму ситам ва таҳқиру таҳдид ва латукуби ҷинояткорони қонунӣ ҳеҷ коре барои муҷозоти онҳо намешавад ва ин масъаларо тулонӣ мекунанд? Оё мақомот ва додгоҳ барои ҳифзи ҳуқуқи поймолшудаи Нилуфар Раҷабова ҳам суръати амал хоҳад дошт ё шутурмурғ мешавад ва аз роҳи як бому ду ҳаво меравад???
Мусулмонони тоҷик хостори қатъи ин гуна мубориза бо ҳуқуқу озодиҳои қонунӣ ва диниву миллӣ дар Тоҷикистон ҳастанд ва талаб мекунанд, ки қонуншиканҳо ба ҷазои ҷинояташон расонда шаванд ва ҳаққи поймолшудаи хоҳарони мазлум ба хусус Нилуфар Раҷабова ҷуброн ва маъзаратхоҳӣ шавад ва натиҷаи корҳо ба мардум ва миллат расонда шавад.
Чун теғ ба даст орӣ мардум натавон кушт
Наздикӣ Худованд бадӣ нест фаромӯшт

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад