Шароити сахти занони мусулмону боҳиҷоб дар Тоҷикистон

Фаъоли сиёсии тоҷик изҳор дошт, ки занони боҳиҷоб дар бемористон ба хотири пӯшидани сатр ва доштани ҳиҷоб боздошт ва ҷарима мешаванд.

Масъалаи боздошти Нилуфар Раҷабова дар бемористон ба хотири ҳиҷоб ва фишорҳо ва таҳдид ба таҷовуз дар идораи полис ва натиҷабахш набудани шикояти вай ва модараш нишондиҳандаи вазъияти номуносиби озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон аст.

Ҳиҷоб дар Тоҷикистон давоми моҳҳои ахир мавзӯи баҳсҳои расонаӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқи башарии густардае шудааст. Тайи солҳои ахир давлати Тоҷикистон майлеро барои мамнуъ эълон кардани ҳиҷоб дар маконҳои давлатӣ аз худ нишон додааст. Чанд моҳи пеш низ лоиҳаи қонунӣ шудани ин асл дар ҳоли тасвиб дар парлумони кишвар буд. Бо ин ҳол эътирозҳои мардум ва бузургони фикрӣ ва ба вежа бархе аз рӯҳониён сабаб шуд то ин тасмим ҳамчунон дар марҳалаи аввали қонунӣ шудан бимонад. Дар сурати тасвиби чунин қонун, ҳеҷ зани тоҷик наметавонад дар маконҳои давлатӣ ҳамчун мадрасаҳо, бемористонҳо, донишгоҳҳо ва идораҳои давлатӣ бо пӯшиши ҳиҷоб ҳозир шавад. Бо ин вуҷуд нисбати иҷрои ғайрирасмии чунин қонуне нисбат ба занони сатрдор дар як соли азир хабарҳои зиёд дар Тоҷикистон нашр мешавад. Дар охирин намуна аз ингуна мавридҳо, парвандаи Нилуфар Раҷабова, духтари Раҳматулло Раҷаб, узви собиқи раёсати олии Ҳизби наҳзати исломӣ ва хоҳари яке аз рӯзноманигорони фаъоли кишвар матраҳ шудааст. Хонум Раҷабова замоне, ки барои дармони фарзандаш ба бемористон муроҷиа мекунад, ба ҳамроҳи чанд зани дигар тавассути неруҳои полис дастгир шуда ва дар ниҳоят ҷарима мешаванд.

Дар ҳамин бора Абдусаттор Бобоев, фаъоли ҳуқуқи башари тоҷик ва раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ сӯҳбатеро анҷом додааст, ки тақдими шумо мекунем.

Боздошти занони боҳиҷоб ба далели пӯшиши ҳиҷоб ва сатр

Дастгирии занони сатрдору боҳиҷоб дар Тоҷикистон барои аввалин бор нест, ки иттифоқ меафтад. Мавориди бисёр зиёде тайи ин муддат гузориш шудааст. Ин бор ин масъала ба шакли сахттаре барои хонум Нилуфар Раҷабова иттифоқ афтодааст. Нилуфар Раҷабова 2 духтари маълул дорад, ки наметавонанд роҳ бираванд. Вай вақте, ки тасмим гирифтааст ба бемористон биравад барои дармони фарзандонаш, бо боздошти полис мувоҷеҳ мешавад. Сабаби боздошт ҳам пӯшидани рӯймол бар сар будааст. Мутаассифона бо таҳқир ва тавҳин ҳамроҳи чанд зани дигар вайро ба дафтари кории шӯъбаи полиси ноҳияи Сино дар шаҳри Душанбе бурдаанд.

Ташдиди фишорҳо ва таҳдид ба таҷовуз ба далели нисбати хонаводагӣ бо фаъолони сиёсӣ

Вай духтари Раҳматулло Раҷаб, узви раёсати олии ҲНИТ аст, ки акнун дар Тоҷикистон дар зиндон ба сар мебарад ва ба 28 сол маҳкум шудааст. Бародари Нилуфар, Шӯҳрат Раҳматулло, ҳам яке аз рӯзноманигорони мустақил аст, ки дар хориҷ аз кишвар фаъолият мекунад. Як далели онки ин масъала барои Раҷабова сахттар ва шадидтар шудааст, ҳамин нисбати хонаводагӣ бо як фаъоли сиёсӣ ва рӯзноманигори мустақил аст

Баъдан, ки дар идораи полис фаҳмиданд, ки ӯ ҳам духтари зиндонии сиёсӣ, Раҳматулло Раҷаб, ва хоҳари рӯзноманигори сиёсӣ, Шӯҳрати Раҳматулло аст, ӯро бештар таҳқир карда буданд ва ҳатто мавриди латукӯб қарор доданд. Дар ниҳоят ҳам вайро бо вазъияти баде ба боздоштгоҳи Вазорати кишвар дар ҳамон наздикӣ интиқол доданд. Ҳақоратҳои бисёр зишту нописанд ба вай нисбат дода ва ҳатто вайро ба таҷовузи дастаҷамъӣ ҳам таҳдид кардаанд.

Ҷарима ба хотири пӯшидани ҳиҷоб

Дар ин муддат то замоне, ки модари Раҷабова ба полис муроҷиа мекунад, ҳудуди 14 соат вайро бидуни обу ғизо ва дар шароити баде боздошт кардаанд. Мутаассифона вақте модараш ҳам дархости озодии вайро матраҳ мекунад, ӯро ҳам таҳқиру тавҳин мекунанд. Дар ниҳоят рӯзи пас аз он, модари Раҷабова ба додгоҳи кишвар муроҷиа кард ва шикоят навишт. Дар ин шикоят дархост шуд, ки ин афрод ба далели рафторҳои худ муҷозот шаванд.

Як рӯз баъд ду нафар намоянда аз додситонии ҳамон ноҳияи Сино ва додситон аз маркази ҷумҳурӣ омаданд ва Раҷабоваро бо ҳамроҳи модараш ба додгоҳ бурданд. Баъд аз чанд муддат мо огоҳ шудем, ки онҳоро ба маблағе беш аз 500 сомонӣ (беш аз 50 доллар) ҷарима ҳам кардаанд.

Мубориза бо ҳиҷоб бо шиори “мубориза бо фарҳанги бегона”

Таҳти фишиор мубориза бо фарҳанги бегона ҳазорон нафар аз хоҳарону модарони моро дар Тоҷикистон таҳқиру тавҳин карда ва ошкоро ҳуқуқ ва озодиҳои онҳоро маҳдуд кардаанд. Давлат таҳти мубориза бо фарҳанги бегона, як навъ ҷангро гӯё алайҳи фарҳанги бегона ба роҳ андохтааст, ки хилофи тамоми меъёрҳои байналмилалӣ аст. Аз ин рӯ, бояд дар сатҳи ҷаҳонӣ нисбати он посухгӯ бошад. Мутаассифона ин ҷанг алайҳи пӯшиш ва ҳиҷоб дар кишваре иттифоқ меафтад, ки беш аз 97 дарсади мардумаш пайрави дини Ислом ҳастанд. Таърихи фарҳангии ин миллат бо фарҳанги исломӣ омехта шуда ва бо тору пуди ин мардум як шудааст. Аз ин рӯ, ин иқдом алайҳи ҳиҷоб эълони ҷанг алайҳи мусулмонони воқеии кишвар аст. Моҷарои ахири Нилуфар Раҷабова ва чанд зани дигар дар шаҳри Душанбе дар таърихи 14 декабр нишон дод, ки ин вазъият давоми солҳои ахир нисбат ба қабл бисёр вахимтар шудааст. Навъи рафтори мақомот дар Вазорати кишвар бо занони боҳиҷоб ва бархурд бо онон тавре аст, ки гӯё онҳо як дастур ва ё чароғи сабз ва супориш аз боло дарёфт кардаанд.

Манъи ҳиҷоб хилофи Сарқонуни асосии Тоҷикистон

Боздошт ва ҳамлаи ахир хилофи қнунҳои кишвар, аз ҷумла Қонуни асосӣ будааст. Дар ҳақиқат ингуна иқдомот чандин модда ва банд аз қонунро зери по мегузорад. Натанҳо нисбат ба хонуми Нилуфар Раҷабова, балки нисбат ба тамоми хоҳарону бонувоне, ки ҳиҷоб доранд ва таҳти ингуна рафторҳо қарор мегиранд. Ин охирҳо поймол шудани меъёрҳои қонунӣ ва аз ҷумла низоми демократик ва дунявии кишвар фаровон дида шудааст.

Моддаи 5 қонуни асосӣ мегӯяд: зиндагӣ, номус, ва дигар ҳуқуқи фитрии инсон халалнопазир ҳастанд. Ин дар ҳоле аст, ки дар ин муддат ба зиндагӣ ва номуси хоҳарон ва модарони тоҷик ҳар рӯз дахолат мешавад. Моддаи 17, банд 3 Қонуни асосӣ низ баробарии зан ва мардро кафолат медиҳад, аммо имрӯз мебинем занҳо наметавонанд монанди мардҳо ба масҷид бираванд ва ё фарзҳои динии худ ҳамчун пӯшидани ҳиҷобро дар маконҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои омӯзишӣ, варзишгоҳҳо ва дигар маконҳо анҷом диҳанд. Дар моддаи 18 ҳам тасреҳ мешавад, ки “халалнопазирӣ ба ҳуқуқи афродро давлат тазмин мекунад.” Боздошт ва соатҳо нигаҳ доштани хоҳарону модарони боҳиҷоб дар зиндон ин аслро ҳам нақз мекунад.

Дар моддаи 22 низ мегӯяд, ки хонаҳои мардум дахлнопазир аст. Аммо имрӯз мебинем, ки таҳти барномаи “мубориза бо фарҳанги бегона”, бидуни огоҳӣ ва иттилоърасонӣ ба хонаҳои шаҳрвандон омада ва онҳоро барои пӯшишҳои динӣ ва имониашон таҳдид мекунанд. Дар моддаи 2 Қонуни асосӣ низ омадааст, ки ҳаркас ҳақ дорад ҳар динеро интихоб кунад ва тибқи он амал намояд. Оё занони тоҷик, ки барои худ Исломро ба унвони як дин пазируфтаанд, ҳақ надоранд пӯшишашонро тибқи дастуроти диниашон танзим кунанд? Дар моддаи 30 низ озодии баёни ҳар шахс тазмин шудааст. Аммо вақте хоҳари мусулмон аз вазъияте, ки бар сараш омада ба додгоҳ ва ё ҷои дигар шикоят мекунад, ӯро таҳдид мекунанд ва вайро хоину террорист мехонанд. Дар моддаи 34 низ эълон мекунад, ки модар ва кӯдак таҳти ҳимояти давлат ҳастанд. Аммо хоҳари сатрдор, ки ҳамзмон модари чанд кӯдаки хурдсол аст, мехоҳад ба бемористон биравад, танҳо ба хотири пӯшиши ҳиҷобаш мавриди озору азият қарор мегирад .

Дар моддаи 40 низ Қонуни асосӣ мегӯяд, ки шахс ҳақ дорад озодона дар ҳавзаи фарҳанг ва ҷомеа, илм ва технология мушорикат намояд. Аммо хоҳарону модарони боҳиҷоби мо ҳатто барои донишгоҳ рафтан ҳам мушкил доранд. Дар моддаи 41 низ ҳуқуқи таҳсил тазмин мешавад, аммо духтарони ҳиҷобпӯш ба далели ҳиҷоб аз ин ҳақ бархурдор нестанд. Моддаи 46 ҳам мегӯяд ҳангоми таҳдид бевосита ба ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд, давлат онро ҳимоят мекунад. Аммо монанди хонум Нилуфар Раҷабова, ҳамарӯза масъалаҳое пеш меояд ва давлат ба ҷои инқи мақомоти худкомаро муттаҳм кунад, ин занони тоҷики сатрпӯшу ҳиҷобдорро муттаҳам мекунад.

Ин вазъият нишон медиҳад, ки шароити зиндагӣ барои занони боҳиҷоб дар Тоҷикистон давоми моҳҳои ахир вахимтар шуда ва созмонҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва расонаҳо низ ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ кардаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад