Дидору гуфтугӯи раҳбари Ансоруллоҳ бо намояндаи Созмони Милал дар умури Яман

Раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман дар дидор бо намояндаи Созмони Милал дар умури Яман бар лузуми таваққуфи ҳамалоти иътилофи Саудӣ ва рафъи муҳосираи фурудгоҳи Санъо таъкид кард.

Абдулмалик Ҳавсӣ, раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман ва Мортин Гириффетс, намояндаи Созмони Милал дар умури Яман рӯзи зимни дидор бо якдигар дар бораи охирин таҳаввулоти марбут ба ин кишвар гуфтугӯ карданд.

Ба навиштаи вебгоҳи Ансоруллоҳ, Сайид Абдулмалик Ҳавсӣ дар ин дидор бар мавозеи собити худ дар бораи барқарории сулҳ дар Яман таъкид кард ва гуфт, ки Санъо дар ин хусус ҷиддӣ ва масъулона амал мекунад.

Бар асоси ин гузориш, Ҳавсӣ дар ин дидор ба масоили марбут ба мушкилот ва дарду ранҷҳои мардуми Яман аз сабаби ҳамалоти иътилофи Саудӣ ва муҳосираи ин кишвар пардохт ва бар лузуми таваққуфи ин ҳамалот ва рафъи муҳосираи фурудгоҳи Санъо таъкид кард.

Раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман афзуд: авзои инсонии ин кишвар буҳронӣ аст ва фурудгоҳи байналмилалии Санъо ва ҳамчунин аҳолии шаҳристонҳо дар Ҳудайда ҳамвора таҳти муҳосираи иътилофи Саудӣ қарор дорад.

Сайид Абдулмалик Ҳавсӣ дар ин дидор ба нақзи мукаррари тавофуқи Шветсия аз сӯи иътилофи Саудӣ ишора кард ва гуфт, ки иҷрои ин тавофуқ бояд бештар мавриди таваҷҷуҳи Созмони Милал қарор бигирад.

Тибқи тавофуқи суратгирифта миёни ҳайати эъзомӣ аз Санъо ва ҳайати Риёз дар Стокголми Шветсия дар соли гузашта, қарор бар ин буд, ки тарафайн бояд неруҳои худро аз шаҳри Ҳудайда ва бандарҳо хориҷ кунанд, ки тибқи эълони шӯрои шаҳри Ҳудайда, иътилофи Саудӣ ҳануз ақабнишинӣ накардааст.

Ин дар ҳоле аст, ки Созмони Милал ба таври расмӣ хуруҷи неруҳои Ансоруллоҳ ва артиши Яман аз Ҳудайдаро таъйид карда буд аммо барои хуруҷи тарафи Саудӣ иқдоме накардааст.

Ахиран, Яҳё Сареъ, сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман эълон кард, ки иътилофи Саудӣ аз ибтидои тавофуқи оташбас дар Ҳудайда токунун, 30903 бор оташбасро нақз кардааст. Вай ҳамчунин гуфт, ки аз ибтидои ин тавофуқ, 175 нафар аз шаҳрвандони яманӣ кушта ва 481 нафар аз ҷумла даҳҳо зан ва кӯдак захмӣ шудаанд.

Иътилофи Саудӣ рӯзи душанбе низ бо нақзи оташбас дар Ҳудайда, воқеъ дар ғарби Яман, хонаҳои маскунии ин минтақаро ҳадафи ҳамалоти тӯпхонаии худ қарор дод.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад