Чаҳор кушта дар ҳамлаи ДИИШ дар Диёлии Ироқ

Ҳамлаи гуруҳаки террористии ДИИШ ба минтақае дар вилояти Диёлӣ дар шарқи Ироқ чаҳор кушта ва чанд захмӣ бар ҷой гузошт.

Ҳамлаи террористҳои ДИИШ ба ҳумаи шаҳри курднишини Мандалӣ дар вилояти Диёлии Ироқ бо кушта шудани чаҳор сарбоз ва захмӣ шудани шумори дигаре аз ҷумла як афсари ироқӣ ҳамроҳ шуд.

Нерӯҳое аз артиши Ироқ бо унсурҳои ДИИШ дар минтақаи Алинда дар атрофи Мандалӣ даргир шуданд, ки ба ҷон бохтани чаҳор сарбоз ва захмӣ шудани як фармондеҳ ва чанд сарбози дигар мунҷар шуд.

Аносури ДИИШ аз меҳи шадиди мавҷуд дар минтақа барои ҳамлаи террористии худ баҳрабардорӣ кардаанд.

Ҳамалоти гуруҳаки террористии ДИИШ дар вилояти Диёлӣ таи муддати ахир афзоиш ёфтааст. Коршиносон нооромиҳои равон дар Ироқро аз авомили афзоиши фаолиятҳои гуруҳҳои террористӣ дар вилоятҳои шарқӣ ва Бағдод пойтахти Ироқ донистанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад