Афзоиши ҳузури низомии Туркия дар Қатар

Маркази фармондеҳии муштараки неруҳои Туркия ва Қатар бо ҳузури мақомоти низомии аршади ду кишвар ифтитоҳ шуд.

Пойтахти Қатар рӯзи шанбе бо ҳузури фармондеҳони аршади низомӣ, шоҳиди ифтитоҳи маркази фармондеҳии муштараки нируҳои Туркия ва Қатар буд.

Ба навиштаи хабаргузории Анатоли, дар ин маросим Ҳелуси Окор, вазири дифои Туркия ва Холид ибни Муҳаммад Атия, ҳамтои қатарии вай ва Яшор Гулер, раиси ситоди муштараки артиши Туркия ва Ғоним ибни Шоҳин Ғоним, ҳамтои қатарии вай ҳузур доштанд.

Окор дар маросими ифтитоҳияи ин марказ таъкид кард, ки Туркия собит карда ҳамеша дӯсти рӯзҳои сахт аст.

Дар поёни ин маросим мақомоти Доха ва Анқара тарҳи ҳамкорӣ миён ду кишварро имзо карданд.

Моҳи гузашта, Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисҷумҳури Туркия поёни сохти пойгоҳи низомии Холид ибни Валид дар Қатарро эълон кард.

Пас аз бурузи буҳрон дар миёни равобити кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс ва муҳосираи Қатар тавассути Арабистони Саудӣ, Аморот ва Баҳрайн, ҳамкории низомӣ миёни Қатар ва Туркия афзоиш ёфт. Пас аз он Туркия иқдом ба эҷоди пойгоҳи низомӣ дар Доха карда ва омӯзишҳои низомии муштарак миёни ду кишвар оғоз шуд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад