Инфиҷор дар наздикии кохи риёсатҷумҳурии Индонезия

Дар ҳодисаи инфиҷор дар наздикии порки воқеъ дар маркази пойтахти Индонезия, ки дар наздики кохи риёсатҷмҳурӣ қарор гирифта буд, дасти кам ду неруи низомии ин кишвар захми шуданд.

Шабакаи русӣ «Рошатудей» дар хусуси ин ҳодиса гузориш кард, неруҳои амниятии Индонезия таҳқиқот дарбораи ин ҳодисаро оғоз кардаанд. Ин инфиҷор дар маҳдудаи муқобил вазорати кишвар ва дар порки ёдбуди миллии Индонезия ва ҳудуди соат 07:20 субҳи сешанбе ба вақти маҳаллӣ ба вуқӯъ пайваст.

Як клипи видёӣ мунташир шуда аз ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ, мардеро нишон медиҳад, ки сурат ва либосҳояш пур аз хун аст ва бидуни ҳаракат рӯи замин афтодааст ва муддате баъд ба ороми рӯи замин менишинад.

Расонаҳои маҳаллӣ гузориш кардаанд, ки дар маҷмӯъ ду нафар дар ин ҳодиса захми шуданд, ки ҳар ду нафар барои мудово ба бемористон мунтақил шуданд.

Тибқи гузориш Рошатудей, маҳалли инфиҷор ё ҳамон порки миллии Индонезия, ки ағлаб ба порки «Мунос» маъруф аст, муқобил кохи риёсатҷумҳурии Индонезия воқеъ шудааст ва зоҳиран дар ҳангоми вуқӯи инфиҷор, кодри низомии ин кишвар дар ҳоли анҷом як амалиёт будаанд.

Дар ҳоле ки таҳқиқот дар мароҳилаи аввалия аст, мақомҳои Индонезия мӯътақиданд, ки як норинҷки дудзо мунфаҷир шудааст ва ҳанӯз мушаххас нест, ки оё танҳо як ҳодиса буда ё инки тавтеае пушти он вуҷуд дорад.

Неруҳои пулис ва артиши Индонезия, маҳалли вуқӯи ҳодисаро масдуд кардаанд ва умуми мардум иҷозаи вуруди ба маҳдудаи онҷоро надоранд.

Гузоришҳо баёнгари он аст, ки «Ҷуку Видуду» раисҷумҳури Индонезия дар замони ин инфиҷор дар мақари риёсатҷумҳурӣ ҳузур надоштааст.

Алорағми онки ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти инфиҷори имрӯз дар Ҷокорторо бар уҳда нагирифтааст, аммо Индонезия ахиран шоҳид афзоиши хушунатҳои гурӯҳҳои ифротӣ будааст.дар таърих 13 ноябр як омили интиҳорӣ, маводди мунфаҷираи худро дар идораи пулис дар шаҳри «Медон» мунфаҷир кард, ки дар натиҷаи он 6 нафар захми шуданд.

Аз сол 2016, ки афроди мусаллаҳи гурӯҳи терористии Дииш ҳамалотеро дар «Ҷокорто» пойтахти Индонезия тартиб доданд, мақомоти кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Малейзия низ дар ҳолати ҳушдор ва омода бош қарор гирифтаанд. Пулиси Малейзия тай ин чанд сол, садҳо нафарро ба иттиҳоми иртибот бо ин гурӯҳи терористӣ дастгир кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад