Гулмурод Ҳалимро худи ҳукумат диишӣ кард

Ҷаноби Муҳйиддин Кабирӣ раҳбари ҲНИТ ва ПМТ дар барномаи шабакаи ПМТ (13/11/2019) дар бораи ҳодисаи мудҳиши куштори минтақаи марзии Тоҷикистону Узбекистон сӯҳбат кард. Қисмати чоруми он тақдим мегардад.

Агар бигӯянд, ки чаро ифротгароӣ ба вуҷуд омаду шумо нагуфтед, бояд бидонед, ки вақте қонун оид ба дин дар порлумон тасвиб мешуд ман хеле бо он мухолифат кардам ва баҳс дар бораи он ҷанҷолӣ шуд раиси он давраи порлумон Сайдулло Хайруллоев ҷаласаро танаффус эълон кард, ки баъд идома медиҳем. Он замон Муродулло Давлатов раиси Кумитаи дин буд.
Баъд аз танаффус Нуралӣ Риёев, ки он замон узви Кумитаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ буд маро ҳуҷраи кориаш даъват кард. Дар ҳуҷраи кориаш ӯ ва Муродалӣ Давлатов буданд бо ҳам нишастем. Нуралӣ гуфт, ки шумо чӣ мушкиле бо ин қонун дорӣ, президент таъйид ва пешниҳод кардааст бояд қабул шавад. Гуфтам: Ман бо президент мушкил надорам ва бо қонун ва шумо ҳам мушкил надорам ман медонам, ки ин қонуне, ки тасвиб мекунед оянда миллатро ба буҳрон мекашонад ва зиддияти дину давлат ва зиддияти ҷомеаро ба вуҷуд меорад. Шумо бо ин қонун амдан як гурӯҳ аз мардумро бар зидди миллату ҷомеа ва давлат мешӯронед. Гуфт: Чигуна? Гуфтам: Бубинед, шумо бо ин қонун коре мекунед, ки кормандони умури динӣ мисли имомхатибҳо, муаззинҳо касоне мешаванд, ки лаёқат надоранд. Шумо мехоҳед, ки уламои кишварро, ки миллат дӯсташон медорад, сухани онҳоро мешунавад ва ба онҳо эътиқод дорад аз минбар дур кунед ва ба ҷои онҳо касонеро биёред, ки лаёқат ва дарки дуруст аз дин надоранд ва мардум ҳам ба онҳо эътиқод ва эътимод надоранд. Хоҳиш мекунам, ки Муродулло Давлатов биёяд ва дар минбар ин суханони маро инкор кунад агар дуруст набошанд дар ҷавоб гуфт: Оқои Муҳйиддин, худат як одами таҳсилкарда ва номзади илм ва шахсияти илмӣ ҳастӣ, дар муборизаи дунявият ва дин бояд тарафи дунявиятро бигирӣ. Гуфтам: Чаро? Ин мубориза дар куҷост? Тақсим кардани миллати тоҷик ба динӣ ва дунявӣ ҷиноят аст! Ин миллат ҳазору чорсад сол бо дини Ислом зиндагӣ кард ва ҳам умури динӣ ва ҳам умури дунявии худро амалӣ кард. Мо тоҷикон метавонем ҳатто дар як шабонарӯз миқдоре ба умури динӣ ва миқдоре ба умури дунявӣ бипардозем. Миллатро ҷудо накунед. Гуфт: Не, инҷо бояд андешаи дунявӣ ғолиб бошад, дар ҳоле ки андешаи динӣ рӯз ба рӯз қавитар мешавад ва мо бояд коре кунем, ки дин дар чашми мардум беобрӯ бошад. Гуфтам: Чӣ кор мекунед? Гуфт: Бояд коре кунем, ки дар болои минбар одамони бесаводу муттаҳам ва касоне бошанд, ки ҳукумат лаҷоми онҳоро ё бо гирифтани навор аз зиндагияшон, фасодкорияшон, корупсия ё бесаводияшон дар даст дорад. Ҳукумат касеро имомхатиб мегузорад, ки ҳарфаш ба ӯ бигузарад ва ӯ ҳамон чизеро бигӯяд, ки ҳукуматро мехоҳад. Имомхатиби мустақил, маҳбуб ва босавод, ки аслан назди мақомот муттаҳам нест барои мо хатарнок аст пас ӯро бояд аз минбар дур кунем. Ман гуфтам: Шумо бо ин коратон воқеан ҷиноят мекунед ва гар ниятатон ин бошад бидонед, ки дар охири кор миллат ва ҷавононро бесоҳиб мемонед. Вақте мардум аз минбари рӯҳониёни маҳбубу босавод ва мустақил дур ва ходимони дину созмонҳои динӣ дастнишонда ва балеқурбонгӯи ҳукумат мешаванд диндорони миллат дигар ба онҳо эътимод намекунад ва суроғи гурӯҳҳои ифротӣ ва касоне, ки ба онҳо эътиқод пайдо мекунанд мераванд. Шумо фикр накунед, ки мардуми диндори тоҷик ҳарфи муллои дарбориро гӯш мекунанд, балки ӯ сухани касеро гӯш мекунад, ки баъдҳо дарди сари шумо хоҳад шуд. Ман аввал фикр мекардам, ки ин мушкилот дар раиси Кумитаи дин ва Муродулло Давлатов ва монанди ӯст, вале баъд фаҳмидам, ки худи инҳо ҳам иҷрокунандаи як сиёсати бузург ҳастанд ва ҳукумат дунболи ин аст, ки бояд бо ин қонуну сиёсатҳо уламои муътабари кишварро аз минбар дур кунанд ва ҲНИТ-ро мамнӯъ кунанд ва равшанфикроне мисли устод Мӯъмин Қаноат, Барзу Абдураззоқ ва дигароне, ки воқеан миллатро дӯст медоранд ва дилсӯз ҳастанд ва мехоҳанд дину давлат бо ҳам дӯст бошанд аз майдону минбар ва расонаҳо дур кунанд ва онҳоро хоин эълон кунанд ва дар ниҳоят гурӯҳҳои муътадили динӣ ва миллиро аз минбару асаргузорӣ дур кунанд ва дар бахши динӣ ва дунявӣ минбарҳоро ба дасти чанд муттаҳам бидиҳанд ва мехоҳанд бо ин афроди нолоиқ бо терроризм мубориза баранд, дар сурате ки тамоми миллат ба хусус ҷавонони бо нангу номусро худашон ба домани террористҳо афканданд. Чаро Гулмурод Ҳалимов ба гурӯҳи ДИИШ пайваст? Магар ӯ тарбиятшудаи ҲНИТ ё узви Анҷумани озодандешон ё ширкаткунандаи маҳфили устод Мӯъмин Қаноат ва Барзу Абдураззоқ буд? Ӯро худи шумо дар миёни неруҳои зидди террористии ВКД-и шумо тарбият шуд. Вақте ба ӯ супориш додед, ки бояд ба фоҳишаҳо либоси исломӣ бипӯшонед ва кӯчаву хиёбон бароред ва баъд бо дастгирӣ ва эътирофи онҳо занони ҳиҷобпӯши мусулмонро муттаҳам ва бадном кунед номусаш бедор шуд ва тасмим гирифт, ки агар қарор бошад чунин ҷиноят ва хиёнате кунад беҳтар аст ба гурӯҳи ДИИШ бипайвандад ва бо шумо мубориза кунад.

Мардум дигар ба мақомоти дурӯғгӯ бовар надоранд!

Ду гурӯҳи ифротӣ -ҳукумат ва ДИИШ- аз ноамнӣ ва фазои амниятӣ суд мебаранд!

10 сол пеш хатарҳои таҳдидкунандаи кишварро ба КДАМ гуфта будам

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад