Дар Тоҷикистон адвокатҳо ҳам дар зиндон қарор доранд

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи наҷоти зиндониён ва гаравгонони сиёсӣ дар мусоҳибаи тозаи худ зимни шарҳи вазъи асафбори зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки имрӯз ҳатто вакилони зиндониёни сиёсӣ ҳам дар Тоҷикистон зиндонӣ ҳастанд.

Вазъияти зиндониёни сиёсӣ ва исломгаро дар Тоҷикистон аз соли 2015 ба баъд вахомати шадиде ёфт. Бо сипарӣ шудани таҳаввулоти сентябр ин сол, давлати Эмомалӣ Раҳмон тавонист бо кудато номидани он рӯйдодҳо баҳонаи бисёр муносибе барои поксозии кишвар аз мухолифон барои эҷоди як кишвари такҳизбӣ ва ё ба баёни дақиқтар “хонаводагӣ” ба даст оварад. ҲНИТ дар раъс ва меҳвари ин бархурдҳо буд. Ин шароит бо гузашти 4 сол сабаб шуд то Тоҷикистон ба яке аз бузургтарин зиндонҳои сиёсии ҷаҳон табдил шавад, ки ҳеҷ дидгоҳи мухолифе дар он вуҷуд надошта бошад. Нуктаи ҷолиби таваҷҷӯҳ он аст, ки дар ин фароянд, илова бар рӯзноманигорон ва фаъолони сиёсӣ, вакилони мудофеи зиёде низ ба чашм мехӯранд, ки таҳти унвони зиндонии сиёсӣ ҳукми худро сипарӣ мекунанд. Бузургмеҳр Ёров ва Нуруддин Маҳкамов аз ҷумла матраҳтарини вакилон ҳастанд, ки номшон дар ин байн ба чашм мехӯрад ва ахиран мавриди тахфифи 6 ва 4 сола (аз ҳукми 28 ва 21 сола)-и раисҷумҳур қарор гирифтаанд.

Дар ҳамин бора хабаргузории Тасним дар ҶИЭ мусоҳибаеро бо Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи наҷоти зиндониён ва гаравгонони сиёсӣ тартиб додааст. Фаъолияти ин кумита дар Аврупо ва бо ҳадафи ҳимоят аз ҳуқуқи зиндониёни сиёсӣ аст.

 Тасним: лутфан аз вазъияти зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон бигӯед. Оё омори дақиқе аз шумораи зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад?

Бобоев: ҳамонтавр, ки медонед Тоҷикистон то ба имрӯз теъдоди зиндониёни сиёсиро эълон накардааст. Балки давлат ҳатто иддао мекунад, ки дар Тоҷикистон ҳеҷ зиндонии сиёсӣ вуҷуд надорад. Аммо хуб ин як дурӯғи маҳз аст ва созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ҳама медонанд, ки дар Тоҷикистон зиндониёни сиёсии зиёде вуҷуд дорад. Бар асоси омор авалияе, ки мо дар ихтиёр дорем, ки метавонад бисёр бузургтар ҳам шавад, акнун беш аз 1500 зиндонии сиёсӣ аз ҳамаи аҳзоб ва гурӯҳҳои мухталиф акнун ба ҳукмҳои тӯлонимуддат дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳастанд ва ранҷ мебаранд. Мо соли гузашта як маҷаллаеро нашр кардем, ки тавонистем дар он теъдоди 200 нафар аз зиндониёни сиёсиро муаррифӣ ва бо эълони номҳои онҳо нашр кунем. Имсол ҳам мо маҷаллаи дигареро дар Кумитаи шаҳрвандии гаравгонон ва зиндонёни сиёсӣ дар даст дорем ва номи теъдоди дигаре аз зиндониёни сиёсиро ҷамъоварӣ кардаем, ки 259 нафар аст. Аксари ин афрод аъзои ҲНИТ, аъзои гурӯҳи сиёсии 24, рӯзноманигорон ва вакилон ҳастанд.

 Тасним: ахиран шоҳиди як афви умумӣ ба муносибати рӯзи Сарқонун дар Тоҷикистон аз сӯи раисҷумҳур будем. Оё дар миён онҳое, ки шомили афв шуданд зиндониёни сиёсӣ ҳам ҳузур доштанд?

Бобоев: бале, дар рӯзи қонуни асосӣ буд, ки ҳукумат аз шомили ҳудуди 7 ҳазор зиндонӣ ба афв хабар дод. Албатта ба иқрори давлати Тоҷикистон танҳо 500 нафар аз ин афрод аз зиндон озод шударо шояд битавон ба навъе зиндонии сиёсӣ номид. Ҷурми инҳо ҳам умдатан лайк мондан зери матлабҳои пахшшудаи мухолифон дар шабакаҳои иҷтимоӣ буд. Албатта ба ақидаи мо инҳоро наметавонем зиндониёни сиёсӣ биномем.

 Тасним: Бузургмеҳр Ёров ҳам аз ҷумлаи зиндониёни сиёсии шинохташуда аст, ки номаш дар ин рӯйхатти афв ба чашм мехӯрад. Лутфан дар бораи вакил Бузургмеҳр Ёроф бигӯед.

Бобоев: парвандаи вакил Бузургмеҳр Ёров ҳам ба соли 2015 бозмегардад. Баъд аз рӯйдодҳои сентябри 2015, ки давлат бо як саҳнасозӣ эълон кард гӯё генерал Абдулҳалим Назарзода, муовини вазири дифои вақт хоста, ки як кудато ба роҳ биандозад, таҳаввулоти бисёре рух дод. Албатта то ба имрӯз дигар мушаххас шудааст, ки он иқдомот саҳнасозӣ буда ва ҳеҷ асаре аз кудато вуҷуд надоштааст. Ба ҳар ҳол, дар натиҷаи ин таҳаввулот теъдоди зиёде аз чеҳраҳо ва фаъолони сиёсӣ дастгир ва зиндонӣ шуданд, ки 13 нафар аз аъзои раёсати Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон низ миёни онҳо буданд. Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъ ва ҳомии ин фаъолони сиёсӣ буд, ки бедалел равонаи зиндон шуда буданд. Ҷурми Бузургмеҳр Ёров ҳам ҳамин буд, ки ӯ аз оппозиссиони сиёсӣ ва аъзои аршади ҲНИТ қасди дифоъ дошт. Ҳамонтавр, ки медонед дар ниҳоят оқои Ёров 28 сол ҳукм гирифт. Медонем, ки барои афроде, ки синну солашон болои 40 аст, ин ҳукм дар мақоми як ҳабси абад аст.

 Тасним: Нуруддин Маҳкамов ҳам вакили мудофеи дигаре аст, ки номаш дар миёни афви умумии Эмомалӣ Раҳмон ба чашм мехӯрад. Ҷурми ӯ чӣ буд?

Бобоев: баъд аз дастгирии Бузургмеҳр Ёров ба унвони як вакили мудофеъ, шуморе аз вакилони дигар низ хостанд аз ӯ дифоъ кунанд. Як созмони ҳуқуқӣ муташаккил аз вакилони барҷаста дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки номи он “Сипар” аст. Нуруддин Маҳкамов низ яке аз аъзои Сипар буд, ки хост барои озодии Бузургмеҳр Ёров иқдом кунад. Ӯ ва теъдоде аз дигар вакилони матраҳ, ваколати Ёровро ба ӯҳда гирифтанд. Баъд аз чанд вақте инҳо ҳам равонаи зиндон шуданд. Худи Нуруддин Маҳкамов ҳам 21 сол ҳукми зиндон гирифт. Ӯ ҳам вакили дифои зиндониёни сиёсӣ буд.

 Тасним: оё дар Тоҷикистон собиқае аз дастгирӣ ва зиндонӣ кардани вакилони дигар ҳам вуҷуд дорад?

Бобоев: бале, теъдоди вакилоне, ки дар зиндон ҳастанд ва ба иттиҳомоти дурӯғин ба ҳабсҳои тӯлонимуддат маҳкум шудаанд, зиёданд. Чанде қабл аз Бузургмеҳр Ёров, вакили шинохташудаи дигари тоҷик, Шӯҳрат Қудратов ҳам равонаи зиндон шуда буд, ки билохира 24 августи 2018 аз зиндон озод шуд. Ҳамон вақт ҳам яке аз бародарони Бузургмеҳр Ёров (Ҷамшед Ёров), ки дар хориҷ аз кишвар қарор дорад, ӯ ҳам вақте хост аз муовини раиси ҲНИТ, Муҳамадалӣ Ҳаит дифоъ кунанд, ӯро низ равонаи зиндон карданд. Аммо баъд аз дархости созмонҳои байналмилалӣ ва афзоиши фишорҳо давлат маҷбур ба озодии вай шуд ва ӯ низ аз кишвар фирор кард. Ҳамчунин вакили дифои дигаре хонум Муаззама Қодирова буд. Ӯ низ ваколати Бузургмеҳрро ба ӯҳда гирифта буд ва ӯ низ баъд аз фишор ва таҳдидҳои шадид маҷбур шуд аз кишвар фирор кунанд ва дар хориҷ аз кишвар ба унвони паноҳндаи сиёсӣ ба сар мебарад. Ҳамчун хонуми Қодирова вакилони дигаре ҳам дар Аврупо имрӯз ҳузур доранд. Исҳоқ Табаров низ вакили дифои Бузургмеҳр Ёров буд, ки писаронашро равонаи зиндон карданд ва баъд аз шиканҷаҳои зиёд ва фишорҳо ӯ низ ба сактаи қалбӣ мубтало шуд ва дар ниҳоят даргузашт. Дар солҳои қабл низ вакилони дигаре равонаи зиндон шуданд. Яке аз ин афрод бону Файзинисо Воҳидова буд, ки ба рағми озодӣ ба шиддат таҳти фишор ва озору азиятҳои шадиде аз сӯи давлат буд. Эшон низ соли гузашта ба шакли машкук аз дунё рафтанд. Бархе коршиносон мӯътақиданд эшон низ масмум шуданд.

 Тасним: ба назари шумо ин афви умуме, ки дар он тахфиф муҷозоти вакилони дифои зиндониёни сиёсӣ аст, метавонад як нишонаи беҳбуди шароит бошад?

Бобоев: бубинед, инҳо ҳамагӣ як саҳнасозии моҳирона аст. Дар ҳақиқат Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад ба созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон бидиҳад, ки шахси одил аст ва дар муқобили ҷинояткорон низ афву бахшиш дорад. Албатта мо ҳам медонем, ки соли 2020 дар Тоҷикистон интихоботи раёсатҷумҳурӣ аст ва бори чандум худаш биёяд ё писарашро сари қудрат бигузорад. Ин дар ҳоле аст, ки дар 28 соле, ки ӯ қудратро қабза кардааст, ҳар кадом аз мухолифони сиёсе, ки кӯчактарин эътирозе ба ӯ кардааст токунун дастгир ва зиндонӣ шудааст. Ин афроде ҳам, ки афв гирифтаанд ва озод шудаанд умдатан дуздҳо ва мутаққаллибин ва аъзои ҳизби Ҷабҳаи халқи демократ буданд ва ҳастанд, ки ба ҷурми ришва ва фасод равонаи зиндон шуда буданд. Хулоса метавон гуфт, ки ҳеҷ зиндонии сиёсӣ дар Тоҷикистон токунун мавриди афв қарор нагирифтанд. Ҳатто давлат ба тарафдорони худаш ҳам раҳм намекунад, чӣ расад ба мухолифони сиёсӣ.

 Тасним: магар аз наздикон ва атрофиён раисҷумҳур ҳам акнун касоне ҳастанд, ки дар зиндон ба сар баранд?

Бобоев: бале, афроде буданд аз Ҷабҳа халқ, ки ӯро ҳатто бар сари қудрат оварданд низ имрӯз равонаи зиндон шуда ва ё ба қатл расидаанд. Ҳеҷ кадом аз инҳо низ токунун мавриди афв қарор нагирифтанд. Чанд нафаре ҳам, ки озод шуданд кулли давраи маҳкумият ихудро сипарӣ карда буданд. Яке аз он афрод, вазири собиқи кишвар, Яъқуб Салимов аст, ки солҳои пеш вақте хост давлати Раҳмонро маҳкум кунад равонаи зиндон шуд. Ӯ баъд аз тамом шудани маҳкумияташ озод шуд, ки ҳудудан 15 сол буд. Нафари дигар ҳам Ғаффор Мирзоев аст, ки ӯ низ генерал ва фармондеҳи горди вежаи раисҷумҳур буд ва дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ алайҳи озодихоҳон, исломгароён ва демократҳо меҷангид ва Раҳмонро сари қудрат овард. Аммо ӯ ва бародараш низ акнун бо ҳукми ҳабс абад равонаи зиндон шудаанд. Афроди зиёди дигаре ҳам ҳастанд аз Ҷабҳаи халқ, яке аз маъруфҳои онҳо писар ва домоди Сангак Сафаров аст, ки ҳануз беш аз 20 сол ҳукм гирифтанд ва акнун дар зиндон ҳастанд. Нахуствазири собиқи кишвар, Абдулмалик Абдуллоҳҷонов, ки ӯ низ дар он замон ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон номзади раёсатҷумҳурӣ шуда буд. Аммо баъд аз муддате ӯро низ таъқиб ва фишор карданд ва муддати 25 сол мешавад, ки дар кишвар қарор надорад ва ҳамаи хона ва дороиашро раҳо кард, ки мусодира шуд. Баъзе аз ин афвҳое ҳам, ки сурат мегирад дар ҳақиқт бахше аз нақшаҳои дигаре ҳастанд.

 Тасним: чӣ нақшаҳое? Лутфан тавзеҳи бештар диҳед.

Бобоев: бубинед соли гузашта дар Тоҷикистон эълон шуд, ки яке аз рӯҳониёни барҷастап кишвар, эшонп Қиёмиддин Ғозӣ қарор аст аз зиндон озод шавад. Қаблан ба ӯ гуфта буданд, ки агар ҷурмҳоро ба ӯҳда бигирӣ ва ҲНИТ ва ҶИЭ-ро мавриди нақд қарор деҳӣ ва сабабкори ноамниҳои пас аз истиқлолият бидонӣ, аз зиндон озод мешавӣ. Баъдан ҳам хонаводааш инро эълон карданд. Аммо дар соли ҷорӣ шоҳид будем, ки дар зиндони шаҳри Ваҳдат тайи як шӯриши сохтагӣ афроди зиёде кушта шуданд ва аз ҷумла Сайид Қёмиддини Ғозӣ ҳам миёни онҳо буд. Дар ҳоле, ки ваъдаи афв ва озодӣ дода шуда буд ба онҳо, дар зиндон кушта шуданд.

Ҳар вақт, ки давлати Тоҷикистон як ҳукме эълон мекунад мо дар ташвиш ҳастем, ки нақшаи дигаре дар сари ҳукумат аст. Маъмулан як нақшаи ҳамешагӣ ҳазфи физикии афрод аст. Чароки медонем дар таърихи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ як аз зиндониёни сиёсӣ натавонистаанд озод шаванд ва озодона дар кишвар зиндагӣ кунанд.

 Тасним: дар мавриди Бузургмеҳр Ёров ҳам чунин иттифоқе афтода буд?

Бобоев: бале, дар ҳамин соли ҷорӣ шоҳид будем, ки бародари Бузургмеҳр Ёров ҳам эълом кард дар расонаҳо, ки давлат аз Бузургмеҳр дархост карда, ки гуноҳи худро иқрор кунад ва дархости афве бинависад. Аммо Бузургмеҳр Ёров инро рад карда ва гуфта, ки инсони бегуноҳ ҳеҷ дархости афве намекунад. Инҳо саҳнасозиҳое ҳаст, ки аз тарафи ҳукумат иҷро мешавад.

 Тасним: қаблтар дар хабарҳо шунида будем, ки Созмони Милали Муттаҳид ҳам хостори озодии Бузургмеҳр Ёров шудааст. Оё натиҷае дошт ин дархостҳо?

Бобоев: бале, ин мавзӯъ дар натиҷаи пайгирии мо ва бародаронамон буд. Номаи аввали мо ба Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Муҳамадалӣ Ҳаит, муовини раҳбари ҲНИТ, вакил Бузургмеҳр Ёров ва тоҷири шинохташуда ва вазири собиқи санъати кишвар, Зайд Саид буд. Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал ҳам таҳқиқ кард ва ба ин натиҷа расид, ки ин афрод бидуни ҷурм ва бегуноҳ равонаи зиндон шуданд. Ва дар ниҳоят аз давлати Тоҷикистон дархост кард, ки сареъ озод шаванд ва ғаромат низ ба онҳо пардохт шавад. Аммо давлат таваҷҷӯҳе накард. Мо умедворем ин дархостҳо дар ниҳоят натиҷабахш бошад ва ин ҳукумат низ дар ниҳоят дар назди ин созмонҳо, мардум ва муҳиммтар аз ҳама Худованд посух хоҳанд гуфт.

Ба ғайр аз ин се нафар, ки номи онҳоро гуфтем, боз дигар бародарони мо 13 нафари дигар аз зиндонёни сиёсиро, ки аксарашон аз аъзои Шӯрои раҳбарии ҲНИТ ҳастанд, парвандаи онҳо ба Кумитаи ҳуқуқи башар ирсол шуда ва дар дасти баррасӣ аст. Ба зудӣ натиҷаи онҳо низ эълон хоҳад шуд.

 

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад