Ҳамоиши бузурги раҳбарони динии 70 кишвар дар Боку

Дувумин ҳамоиши байналмилалии раҳбарони мазҳабӣ ва масъулони умури динии кишварҳои мухталифи ҷаҳон имрӯз бо ҳузури намояндагони 70 кишвар дар Боку, пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон оғоз ба кор кард.

Ин ҳамоиш имрӯз бо ҳузури 500 нафар аз рӯҳониён, андешмандон ва шахсиятҳои иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ аз 70 кишвар дар Боку пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон оғоз ба кор кард ва то фардо, 24 обон идома дорад.

Ҳозирон дар ин ҳамоиш тақвияти иртибот ва ҳамкории байни фарҳангӣ ва динӣ, эҷоди эътимоди мутақобил миёни пайравони адёни мухталиф, мавзеъгирии воҳид алайҳи терроризм, таҷовузгарӣ ва бегонаситезиро баррасӣ мекунанд.

Ҳамчунин дифоъ аз ҳуқуқи бонувон ва кӯдакон, нақши масъулони динӣ, рӯҳониён ва шахсиятҳои илмӣ ва иҷтимоӣ дар умури маорифӣ миёни насли ҷавон аз ҷумла мавзӯоти мавриди музокира дар ин ҳамоиши байналмилалии дурӯза эълом шудааст.

Туркамон, раис Шӯрои гуфтугӯи адён дар суханоне дар ин ҳамоиш бо ишора ба ин, ки Худованди Мутаол инсонҳоро ба сулҳ, некӣ ва дӯстӣ даъват мекунад, ба зарурати парҳез аз ҳаргуна ифротгароӣ таъкид кард. Ифротгароӣ балои ҷони имрӯзи башарият аст ва ҳамаи мо бояд талош кунем ба он мизоне, ки метавонем аз ин падида ҷилавгирӣ кунем.

Вай масъулони умури диниро ба огоҳибахшӣ барои ҷилавгирӣ аз ҳар навъ ифротгароӣ даъват кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад