Ҳама бояд талош кунем, ки аз диктатор халос шавем!

Ҷаноби Муҳйиддин Кабирӣ раҳбари ҲНИТ ва ПМТ дар барномаи шабакаи ПМТ (1/10/2019) ба саволҳои бинандагони барнома посух гуфт.

Абдусаттор Бобоев муҷрии шабакаи ПМТ: Чаро кишвари Лаҳистон (Полша) узви Гурӯҳи 24 Мустафо Ҳаётовро ба Тоҷикистон супорид? (Умар)
Ҷаноби Муҳйиддин Кабирӣ: Воқеан кори таассуфбор шуд ва ман ҳамдардии худро ба ин бародар ва аҳли хонаводааш баён мекунам. Бояд эътироф кунем, ки шояд лозим буд, ки нисбати ин масъала кори дастаҷамъонаи бештаре мекардем, вале дар маҷмӯъ ҳамаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳозир дар Аврупо натавонистем ин ҷавонро дар инҷо ҳифз кунем.
Ман фикр мекунам, ки мутаассифона озодии ин ҷавон қурбонии ноҳамоҳангии миёни неруҳои мубориз шуд ва ҳама бояд талош кунем, ки ингуна ҳодисаҳо дар оянда такрор нашавад. Шумо бубинед, ки ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик дар чанд парванда мисли берун овардани Ҳамза ва Фотима ва Шарофиддин Гадоев, ки воқеан кори душвор буд аз дохили кишвар ё озод кардани чандин гирифтор дар Русия ё кишварҳои аврупоӣ бо ҳам ҳамкории хуб карданд муваффақ шуданд ҳатто дар ҳамин Лаҳистон Ҳабибуллоҳ Тешаев узви ҲНИТ таҳдид ба истирдод шуда буд кори дастаҷамъона барои раҳоии ӯ натиҷа дод, аммо дар масъалаи Мустафо Ҳаётов воқеан камкорӣ шуд ва бояд неруҳои мубориз ба хусус ҳизбу ҳаракатҳое, ки дар Аврупо ҳастанд ҳаёту озодии як инсонро болотар аз масъалаҳои гурӯҳӣ бидонанд ва ҳамкории наздиктар кунанд то ингуна ҳаводис дар оянда такрор нашавад, ки хеле ҷои таассуф дорад.
Ба назари шумо роҳиҳалли буҳрони корупсия, хешутаборчигии мансабдорон, мушкилоти марзӣ ва ноӯҳдабароии ҳукумат, ки дар ватани мо рӯзбарӯз авҷ гирифтааст дар чист? (Умар)
Як роҳ дорад, аз тариқи интихоботи озод роҳе, ки кишварҳои аврупоӣ ва озоду демократӣ рафтанд ва ин мушкилотро ҳал карданд ва коре кунем, ки мансабдорон ба мардум вобаста бошанд на мардум ба мансабдорон, чун агар мансабдор фарқе намекунад, ки Раҳмон ё вазир ва ҳар мансабдори дигар бидонад, ки агар нодуруст рафтор кард, ришва гирифт ва ба корупсия роҳ дод ва масъулияти худро хуб анҷом надод дар интихоботи баъдӣ мардум ӯро иваз хоҳанд кард ва ба ҷои ӯ фард ё ҳизби дигарро хоҳанд овард ҳатман рафтори худро тағйир медиҳад, аммо дар шароити Тоҷикистон инҳо медонанд, ки аз роҳи интихобот ва раъйи мардум иваз намешаванд, балки дигарон ва ҳатто мардум ва аҳзобро иваз мекунанд ва омодаанд, ки миллатро дигар кунанд. Дӯсти азиз, агар воқеан мехоҳем, ки вазъият тағйир кунад ва мушкилоти гуфташуда ҳал шаванд аз таҷрубаҳои кишварҳои муваффақ бояд истифода кард ва ниёз ба ихтирои роҳ нав нест ва ҳар чӣ зудтар бояд аз ин диктатор халос шавем ва шароитеро фароҳам кунем, ки президент бо раъйи мардум сари қудрат биёяд ва иваз шавад ва вазирону вакилон ва аҳзоб тағйир кунанд ва мардум тавонад аз тариқи интихобот ҳар вақт хост масъулони худро иваз кунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад