Бозгашт ба хатти форсӣ ба хайру салоҳи миллат аст!

Ҷаноби Муҳйиддин Кабирӣ раҳбари ҲНИТ ва ПМТ дар қисмати дувуми барномаи Студияи ПМТ дар таърихи 17/10/2019 ба саволҳо посух дод.

Муҷрии барнома оқои Абдусаттор Бобоев: Вақтҳои охир дар расонаҳо дар мавзӯи забони порсӣ баҳсу баррасӣ зиёд аст. Шумо дар ин мавзӯъ чӣ назаре доред? (Салим Раҳимӣ)
Ҷаноби Муҳйиддин Кабирӣ: Посухи ин савол фурсати бештаре металабад ва дар охири ин барнома, ки ҳам мухотабон хаста шуданд ва ҳам вақт кам аст наметавон ҷавоби муфассал дод. Шояд баҳс сари забони порсӣ нест ва баҳси хатти забони форсӣ бошад, чун забони мо чӣ касе бихоҳад ва чӣ нахоҳад форсӣ аст ва тақсим кардани он ба форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ ва бегона донистани он бо ҳам бемаънӣ аст ва ғарази сиёсӣ дорад ҳамон тавр ки бархе бо хату қалам барои мо марз кашиданд ва Тоҷикистони имрӯзаро муайян карданд ва мо маҷбур ҳастем, ки онро бипазирем баъзе барои мо забони сиёсӣ сохтанд, дар ҳоле ки забони мо форсӣ бо гӯиши тоҷикӣ аст. Ба назар мерасад, ки баҳси доғи имрӯзи ҷомеа бар сари хатти форсӣ бошад. Инҷо ба сурати мухтасар мегӯям, ки мо чӣ бихоҳем ва чӣ нахоҳем ҳеҷ роҳе ғайр аз бозгашт ба хатти форсӣ надорем. Агар воқеан мехоҳем, ки миллат аз бунбасти имрӯзаи илмӣ, фарҳангӣ ва технологӣ берун биёяд, бояд худро аз хатти имрӯза раҳо кунем. Боз мегӯям, ки ин тағйир ҳеҷ иртиботе ба бад дидани ин хат ва дӯст доштан он хат ё русгароӣ ва русбадбинӣ ё эронгароиву эронбадбинӣ надорад. Ман ҳамчун тоҷик ва тоҷикистонӣ хайри миллатамро мехоҳам, ки дар оянда миллати огоҳу бедор, боилму босавод ва пешрафта бошад. Вақте инро мехоҳем бояд василаҳо ва заминаҳояшро фароҳам кунем, ки яке аз онҳо забон ва дигарӣ хат ҳаст. Оё хат ва забони тоҷики омехтаи имрӯзаи мо миллатро ба илму технология мерасонад ё моро дар буҳрон бештар фуру мебарад? Ба назари ман илоҷи дигар надорем, чун фақат 9 миллион тоҷикистонӣ, ки боз ҳудуди ду-се миллиони он мисли русзабонону узбекзабонҳо ҳастанд бо ин хат мехонему ҳамдигарро мефаҳмем, аммо форсзабонони дунё, ки ҳудуди дусад миллион ҳастанд хатти моро наметавонанд бихонанд ва бифаҳманд чун забони моро мефаҳманд, вале наметавонанд китобҳои адабиёту илмии моро бихонанду бифаҳманд ва аксари мо ҳам хатти онҳоро хонда ва фаҳмида наметавонем ва русзабонон ё ҳавзаи хатти сирилик ҳам моро намефаҳманд, чун хатти мо сирилик ҳаст, аммо забонамон форсӣ аст. Пас мо бояд як забон ва як хаттеро интихоб кунем, ки ҳадди ақал беш аз сад миллион нафар ба он менависад ва онро мехонаду мефаҳмад ва илму фарҳанг ва технологияи муосир ба он тарҷума шуда ва фикр ва илму дониш тавлид мешавад, ки он ё хатти форсӣ аст ё касоне, ки аз хатти форсӣ бадашон меояд ва аз нуфузи Эрону Афғонистон метарсанд ба ночор ё хатти чиниро бояд қабул кунанд, чун баъзеҳо имрӯз хеле Тоҷикистонро ба Чин рабт медиҳанд ё забони русӣ ё англисӣ ё испанияӣ бигузарем ва аз миёни забонҳои зиндаи ҷаҳон, ки илму фарҳангу андеша ва технология тавлид мекунанд якеро интихоб кунем. Касе, ки тоҷик аст ва миллату таъриху фарҳангашро дӯст медорад ҳатто Эрони имрӯзаро бад бинад ва ба хатти форсӣ рӯи чандон хуш надошта бошад боз бояд яке аз ин забонҳоро интихоб кунад ва наздиктарини он боз забони форсӣ аст, чун хатти забони мо ҳаст ва бо он беш аз ҳазор сол навиштему илм омухтем ва зиндагӣ кардем ва касе, ки онро арабиасос медонад ғалат мекунад, балки баръакс хатти арабӣ форсасос аст ва инро касе, ки бо илми забоншиносӣ ва хатшиносӣ ошноӣ дорад медонад. Пас интихоби забон ва хатти форсӣ бозгашт ба хештан аст. Аммо ҳама махсусан эродгирон бидонанд, ки ман тарафдори бозгашти сареъ ва бебарнома нестам, чун мардумро яке-ду маротиба дар даҳаи бист ва сӣ дар асри 20 бесавод кардем бас аст ва бозгашти якбора ба хатти дигар боз бесаводии оммавиро ба бор меорад, аз ин рӯ мо барои ин гузар бояд барномаи тулонимуддати дошта бошем ва ҳадди ақал як-ду насл дар мактабу мадраса ва донишгоҳ хеле хуб хатти форсиро биёмӯзанд ва мо марҳилаи ду хатти сирилик ва форсиро сипарӣ кунем ва вақте мутамин шудем, ки гузар ба хатти форсӣ мушкили сиёсӣ ва фарҳангӣ надорад миллат тасмим ба гузар хоҳад гирифт, вагарна мо метавонем бо ду хат пеш биравем ва аз имкониятҳои ҳар ду хат баҳра барем. Албатта дар дунё таҷрубаи духаттӣ камтар дорем, аммо бисёрзабонӣ зиёд мисли Шветсария, ки чаҳор забон расмӣ аст дорем, ки бо онҳо менависанду мехонанд ва мефаҳманд. Агар дар кишваре таҷрубаи духаттӣ бошад мо тоҷикон метавонем аз он истифода кунем. Ин шоа Аллоҳ дар оянда дар ин мавзӯъ муфассал сӯҳбат хоҳам кард.
Аз шумо устоди азиз, ки вақти худро барои посухгӯӣ ва баёни масъалаҳои муҳими миллат ва кишвар дар ихтиёри барнома ва мухотабони он қарор додед ташаккур мекунем ва сипоси фаровон мегӯем.
Бинандагони азиз, ёдовар мешавем, ки дар ин барнома гуфтугӯ ва саволу ҷавоб доштем бо раҳбари ҲНИТ ва ПМТ ҷаноби оқои Муҳйиддин Кабирӣ. Боз ҳам теъдоде аз саволҳо боҷӣ монд, ки умедворем Ин шоа Аллоҳ дар барномаҳои оянда фурсати дарёфти посух ба онҳоро дошта бошем. Худованд ёру нигаҳбони ҳамаатон бошад.
Саломат бошед. Худованд шумо ва бинандагонро ҳам нигаҳбон бошад.
Ташаккури зиёд ва то барномаи баъд Худо нигаҳдори шумо бод!

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад