Худкомагон ба баҳонаи терроризм мухолифони худро саркуб мекунанд!

Ҷаноби Муҳйиддин Кабирӣ раҳбари ҲНИТ ва ПМТ дар қисмати дувуми барномаи Студияи ПМТ дар таърихи 17/10/2019 ба саволҳо посух дод.

Муҷрии барнома оқои Абдусаттор Бобоев: Калимаи номатлуби терроризм аз куҷо пайдо шудааст, ки зери сояи нопоки худ мардум ва ҷавононро таҳти фишор гузошта сарсону саргардон кардааст? (аз Украина-беном)
Ҷаноби Муҳйиддин Кабирӣ: Дӯсти азиз, пештар гуфтам, ки калимаи терроризм аз куҷо реша гирифтааст. Бояд донист, ки терроризм яъне истифода аз хушунат ва эҷоди тарсу ҳарос барои расидан ба мақсадҳои сиёсӣ ё идеологӣ аст. Шумо бубинед, ки чӣ касе аз хушунат ва аз тарсафканӣ истифода мекунад пас ӯ террорист аст ва фарқе намекунад, ки он созмон ё ҳукумат бошад. Агар ПМТ аз зӯроварӣ, силоҳ, таркондан, куштан ё роҳҳои дигар барои тарсондани мардум истифода кунад пас ин равиш яқинан равиши террористӣ аст ва агар ҳамин корро ҳукумати Тоҷикистон кунад, ки ҳатман мекунад ва карда истодааст пас озодона бояд бигӯед, ки равиши террористӣ дорад.
Аммо мутаассифона пештар ҳам гуфтам, ки бештари вақт аз он барои аҳдофи сиёсӣ истифода мешавад ва ҳукуматҳо мухолифони худро муттаҳам ба он мекунанд то дасти худро барои саркубгарӣ, поймол кардани ҳуқуқи дигарон ва дур кардани диққати ҷомеа аз мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ боз кунанд.
Мехоҳӣ чӣ чизеро исбот кунӣ? (Сипари Ватан)
Савол равшан нест, вале ҳамон тавр ки пештар гуфтам мо мехоҳем исбот кунем, ки миллати тоҷик таърих ва фарҳанги барҷаста дорад ва сазовори он аст, ки дар шароити беҳтар зиндагӣ кунад. Агар содатару ошкортар бихоҳем бигӯем мо бо тамоми самимият ва садоқати тоҷикӣ ва тоҷикистонӣ дунболи он ҳастем, ки исбот кунем вазъияти имрӯза сазовори миллати тоҷик нест, балки сазовори ҳокимияти беҳтар ва ҳатто опозитсияи аз мо беҳтар аст. Ман намегӯям, ки фақат ҳукумат дар ҳадди шоистагии миллат нест, балки опозитсияи имрӯзаи он ҳам дар ҳадди шоистагии миллат нест. Мехоҳем дар Тоҷикистон ҳукумати қавӣ ва ҷавонмард бошад, ки аз миллат ва опозитсияаш натарсад ва ҳамчунин опозитсияи хеле қавитару беҳтар аз мо дар дохили кишвар бошад ва мисли дигар кишварҳо ва миллатҳо амал кунанд. Ҳамаи мо, бародарону хоҳарони огоҳу дардманди миллат ҳам ба дунболи ин ҳастанд, ки исбот кунанд дар Тоҷикистон мушкилӣ ҳаст ва як гурӯҳи хурд тамоми дороиҳои кишвар ва миллатро ба нафъи худ истифода бурда истодааст ва насле мисли ҷавонони авангард ё фабрикаи ҷавобро тарбият мекунанд, ки мисли мо ва ҷавонони 13-15 солаи замони Шӯравӣ бо зеҳнҳои баста ва шахшуда, ки фикр мекардем, ки агар Брежнев аз сари қудрат равад зиндагӣ тамом мешавад ва дар Кореяи шимолӣ имрӯз мардумдар асари таблиғот ва шустушӯи зеҳнӣ бовар ва эътиқод доранд, ки агар раҳбар ва ҳукумати имрӯзаи Кореяи шимолӣ аз байн бираванд давлат ва миллати кореяиҳо аз байн меравад. Дар Тоҷикистон ҳам як идда аз ҷавонон ингуна бовар кардаанд, вале мо мехоҳем исбот кунем, ки бо рафтани як нафар ва як гурӯҳ на танҳо вазъият бадтар намешавад, балки барои Тоҷикистон мо беҳтар ҳам хоҳад шуд. Умедворем Ин шоа Аллоҳ далелҳо ва суханони мо барои ин тарзи фикр кӯмак кунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад