Кӯмаки башардӯстонаи 51 кишвари ҷаҳон ба Тоҷикистон

Тоҷикистон дар 9 моҳ аз 51 кишвари ҷаҳон кӯмаки инсондӯстона дарёфт кард.

51 кишвари ҷаҳон дар 9 моҳ ба Тоҷикистон ба арзиши 43 миллион доллар кӯмаки инсондӯстона ироа карданд.

Бино ба иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ҳаҷми кулли кӯмакҳои инсондӯстона беш аз 141,5 ҳазор тонна буда, орд, равғани растанӣ, дору ва ғайра ҳамчун кӯмак ироа шудаанд.

Саҳми Русия дар миёни кишварҳои кӯмакдиҳанда ба ҶТ 29,4 дарсад, саҳми Чин 25,7 дарсад, Фаронса 9,3 дарсад ва Ҳиндустон 5 дарсад аст ва ин кишварҳои аслии кӯмакдиҳанда ба кишвар мебошанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад