Муқарароти манъи омаду рафт дар 5 устони Ироқ

Мақомоти устонҳои Зи Қор , Басра , Алмусано , Бобул , ва Восити Ироқ ҷумъа шаб аз вазъи муқарароти манъи омаду рафт дар ин устонҳо дар паи ҳамлаи афроди ношинос ба нерӯҳои амниятӣ хабар доданд.

Одил Абдулмаҳдӣ, нахуствазир ва фармондеҳи куллӣ нерӯҳои мусалаҳи Ироқ рӯзи ҷумъа ихтиёри барқарории муқарароти манъи омаду рафтро ба устондорон вогузор кард то бар асоси шароити маҳаллӣ дар ин хусус тасмимгирӣ кунанд.

Бархе аз устонҳои Ироқ дар ҳафтаҳои ахир шоҳиди баргузории тазоҳурот дар Ироқ ба вазъияти номуносиб хадамоти умумӣ, набуди фурсатҳои шуғлӣ ва фасоди идорӣ ҳастанд аммо ин эътирозҳо дар рӯзҳои ахир ба самти хушунат рафта ва даҳҳо кушта ва захмӣ доштааст.

Тазоҳурот дар Ироқ дар ҳоле ҳамчунон идома дорад, ки давлати ин кишвар таи як моҳи гузашта 4 бастаи пешниҳодӣ бо меҳварияти таъмини мутолибаҳои эътирозкунандагон ироа кардааст.

Шайх Абдулмаҳдӣ Алкарбалоӣ намояндаи Оятуллоҳ Систонӣ марҷаъияти олии Ироқ дар Карбало рӯзи ҷумъа бо ишора ба эътирозҳои ахир дар ин кишвар алайҳи фасод ва нокоромадӣ , аз тазоҳуркунандагон ва нерӯҳои амниятӣ хост ба чорчуби мусолиматомези эътирозҳо пойбанд бошанд ва онро бо ба коргирии хушунат ба шуриш ва вайронкорӣ накашонанд.

Шайх Абдулмаҳдӣ Алкарбалоӣ ҳушдор дод хушунат дар тазоҳурот заминаро барои суистифодаи тарафҳои хориҷӣ фароҳам мекунад.

Шоҳидҳо нишон медиҳад тазоҳурот дар Ироқ худҷуш набуда ва бегонагон дар шаклгирии он нақш доштаанд.

Ҳусейн Аласадӣ , яке аз масулони ҷунбиши исломии Ироқ ахиран эълом кард, давлати Амрико ба иллати норизоятӣ аз сиёсатҳои Бағдод, дар нооромиҳои ахири Ироқ даст дорад.

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад 79 дар сад аз паёмҳои мунташиршуда дар ТВИТТЕР дар бораи тазоҳурот дар Ироқ марбут ба корбарони Арабистони Саудӣ будааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад