Афзоиши ҳаҷми гардиши молии Тоҷикистон

ҶТ гардиши молиро 31,6 миллион доллар афзоиш додааст. 

Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва бозаргонии Тоҷикистон, Тоҷикистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба арзиши 3 миллиард доллару 158,3 миллион доллар гардиши молиро анҷом дод, ки ин шумор дар муқоиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 31,6 миллион доллар афзоишро нишон медиҳад.

Бар асоси додаҳои манбаъ, таодули бозаргонӣ дар ин муддат 1 миллиарду 621,7 миллион доллар манфӣ буд. Дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ Тоҷикистон ба арзиши 768,3 миллион доллар коло содир кард.

Ҳаҷми воридот дар ин муддат 2 миллиарду 390 миллион доллар буд. Ҳаҷми воридот дар муқоиса бо содирот 3,1 баробар афзун аст.

Тоҷикистон дар ин муддат бо 102 кишвари ҷаҳон гардиши молиро анҷом дод.

Қайд карда мешавад, ки Русия, Қазоқистон ва Чин шарикони аслии бозаргонии ҶТ мебошанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад