Додгоҳи олӣ маҷбурӣ ва саросема кори ғайриқонунӣ ва ғайримантиқӣ кардааст!-1

Ҷаноби Муҳйиддин Кабирӣ раиси ҲНИТ ва ПМТ нисбати қарори додгоҳи олии кишвар дар бораи мамнӯият ва террористӣ эълон кардани ПМТ рӯзи 17/10/2019 вокуниш нишон дод.

Оқои Абдусаттор Бобоев: Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Салому арзи эҳтиром ҳузури ҳамдиёрони азиз ва бинандагони муҳтарами шабакаи Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ). Умедворам рӯзи хубе дошта бошед. Ду ҳафта қабл бо раиси Паймони Миллии Тоҷикистон ҷаноби Муҳйиддин Кабирӣ гуфтугӯ ва саволу ҷавоб доштем. Саволҳое, ки ба дасти мо расида буд хеле зиёд ва вақти барнома кам буд ва ин рӯ фурсат нашуд хеле аз саволҳо тарҳ шавад ва посухи раисро дарёфт кунем. Бинобар ин тасмим гирифтем, ки имрӯз барномаи гуфтугӯ ва саволу ҷавобро бо раҳбари ПМТ ҷаноби устод Муҳйиддин Кабирӣ давом диҳем. Саломун алайкум устод, ба барнома хуш омадед.
Ҷаноби Муҳйиддин Кабирӣ: Ва алайкумуссалом, саломат бошед.
Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон
Ҳамдиёрони азиз, рӯзи ҳамаатон ба хайр бод! Ҳамон тавр ки дӯстон дар шабакаи Паймони Миллии Тоҷикистон эълом карданд мавзӯи ин барнома вазъияти имрӯзаи кишвар ба хусус қарори Додгоҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид кардани исми ПМТ ба рӯйхати созмонҳо ва гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ аст. Агар фурсат шуд ба саволҳои ҳамдиёрони азиз ҷавоб хоҳем гуфт.
Ҳоло мехоҳам чанд дақиқа дар бораи эъломи мавзеи додгоҳи олии кишвар ва дар бораи омилҳо ва сабабҳои ин қарор бо шумо сӯҳбат кунам. Ҳамаи шумо медонед, ки ахиран дар расонаҳо ин хабар пахш шуд, ки гӯё тибқи маълумотномае, ки Додгоҳи олии ҶТ дар сайти расмии хабарияш нашр кардааст аз 11 октябри 2019 гӯё аз 15 августи 2019 Додгоҳи олии ҶТ аризаи даъвогии пракрори генералиро дар бораи созмони террористӣ ва экстремистӣ эътироф кардани Паймони Миллии Тоҷикистон қонеъ гардондааст. Шумо агар ба таърихи содир шудани ин қарор ва таърихи пахши он диққат кунед ҳудуди ду моҳ фосила дорад, яъне қарор рӯзи 15 августи 2019 қабул ва 11 октябри 2019 рӯзи якшанбе яъне рӯзи истироҳат эълом шудааст. Савол ин аст, ки таърихи ворид шудани аризаи даъвогии пракрори генералӣ ба Додгоҳи олӣ кай будааст? Агар рӯзи 15 августи 2019 ин аризаи даъвогӣ қонеъ гардонда шудааст пас муддати муҳокимаи додгоҳ чанд рӯз ё чанд моҳ ва чигуна буд? Оё муҳокима ба сурати ошкор ё махфӣ буд? Шоҳидони ин муҳокима чӣ касоне буданд? Ин муҳокима ва қарор бар асоси кадом модаи қонун ва далел аризаи даъвогии пракрори генералӣ қонеъ гардонда шуд? Аз ҳама муҳимтар ин ки чаро ин қарор баъд аз ду моҳ эълом ва расонаӣ шуд? Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд қарори додгоҳ билофосила расонаӣ ва нусхаи қарор ба дасти вакил ва маҳкумшаванда расонда шавад, то ӯ имкон дошта бошад, ки нисбати қарор шикоят дигар равандҳои ҳуқуқиро оғоз кунад. Агар ин саволҳоро канори ҳам бигузорем ва таҳлил намоем мебинем, ки мақомоти кишвар ба хусус додгоҳи олӣ қонуншиканиҳои ошкор кардаанд ва саволҳо ва ибҳомҳои зиёд ва паҳлуҳое вуҷуд дорад, ки ошкор менамояд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ қарори додгоҳи олии ҶТ дар санаи 15 августи 2019 қабул нашудааст ва эҳтимоли зиёде ҳам вуҷуд дорад, ки ҳеҷ гуна даъвои прокуратураи генералӣ набуда ва ҳеҷ маҳкамае ҳам дар он сана ё пеш аз он дар бораи Паймони Миллии Тоҷикистон рух надодааст. Мо барои ин хулоса ва таҳлил илова бар фосилаи замонии эъломи қарор ва ҷанбаҳои ҳуқуқӣ чандин далели дигар ҳам дорем:
Агар воқеан прокуратураи генералии ҶТ ба ин хулоса меомад, ки даъвоеро ба Додгоҳи олӣ пешниҳод кунад ин ягон кори пинҳонӣ нест, балки онро ба сурати расмӣ ва ошкор бояд пешниҳод мекард то ҷомеа аз он бохабар мешуд. Манъи ҳизбу созмон ё эътироф кардани он ҳамчун террористӣ кори сода ва андак нест ва мо аз тариқи расонаҳо ва тариҷибаи ҳуқуқии кишвар медонем, ки ҳатто вақте як дуздии хурде ё роҳзанӣ ё қонуншикании на он қадар сангин дар Тоҷикистон рух диҳад мақомоти умури дохила, тафтишотӣ ва прокуратураи генералӣ ва додгоҳ билофосила онро расонаӣ мекунанд то мардум огоҳ шаванд ҳоло чигуна мешавад, ки нисбати як созмон, ки аз чаҳор ташкилот иборат аст ва он ҳам созмони опозитсионӣ ва сиёсӣ парвандаеро оғоз кард ва мардумро бехабар гузошт. Агар барфарз ва ба ҳар далеле прокуратураи генералӣ лозим донистааст, ки ин масъаларо аз мардуми Тоҷикистон пинҳон нигаҳ дорад чаро додгоҳи олии ҶТ баъд аз ворид шудани аризаи прокуратураи генералӣ мардумро бохабар накард? Ҳоло бигузарем аз ин ки дар он марҳила эълон накард баъд аз қабули қарор чаро эълони онро ҳудуди ду моҳ таъхир кард ва онро дар рӯзи таътил дар сайти хабарияш гузошт? Дар ин масъала саволҳо зиёд ва баёнгари он ҳастанд, ки ҳеҷ маҳкамае баргузор нашуда ва ҳеҷ даъвое аз тарафи прокуратураи генералӣ ворид нашудааст ва тибқи иттилооте, ки мо аз сарчашмаҳои муътамад аз Душанбе гирифтем эҳтимоли зиёд дорад, ки ин қарор дар бораи манъ ва террористӣ эълон кардани ПМТ баъд аз конфронси САҲА дар шаҳри Варшава дар ҳолати бисёр асабонӣ ва саросемавор гирифта шудааст. Мақомот барои ин ки ин масъаларо аз миллату коршиносон пинҳон кунанд хабари қарорро рӯзи 11 октябри 2019 дар сайти додгоҳи олӣ гузоштанд ва таърихи қабули қарорро аз 15 августи 2019 эълон карданд то ба мардум нишон диҳанд, ки қарор саросемавор ва эҳсосотӣ набуда ва дар як раванди маъумлӣ ва тулонӣ гирифта шудааст, аммо ба сабаби ин ки ҳеҷ хабаре дар бораи рафтани парвандаи ПМТ ба додгоҳ сабт нашуд ва мо ҳам хабар надорем шаҳодат медиҳад, ки хабарҳое, ки ба мо аз дохили кишвар расид, ки раҳбарияти кишвар махсусан шахси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як ҳолати асабонӣ ва саросемавор ба прокуратураи генералӣ ва додгоҳи олӣ супориш дод, ки ҳар чӣ зудтар ин масъаларо эълон кунанд. Ин ҷо чанд далел барои ин шитоб вуҷуд дорад. Агар омилҳо ва ахборе, ки аз ниҳодҳои қудратӣ ва доираҳои наздик ба ҳукумати ҷумҳурӣ аз дохили кишвар ба мо расидаро канори ҳам бигузорем баёнгари он аст, ки воқеан ин қарор ва аниқтараш ин супориш ба прокуратураи генералӣ ва додгоҳи олӣ дар муддати ду ҳафтаи ахир дода шудааст. Он шинохти хубе, ки аз прокурари генералӣ ҷаноби Юсуф Раҳмон ва раиси додгоҳи олии ҶТ Шермуҳаммади Шоҳиён дорам, ки бо ин ду борҳо ба унвони вакил ва узви КОМ мулоқот кардам бо вуҷуди ин ки шахсони босалоҳият ва ҷасур нестанд, вале инсонҳои бад ва ҳуқуқшиносони бесаводе ҳам нестанд пас онҳо хуб медонанд, ки як раванди ҳуқуқӣ чигуна бояд сурат гирад, аммо маълум аст, ки онҳо дар ҳолати танг ва сахт қарор гирифтанд, ки маҷбур шуданд ба хотири иҷрои фармони сиёсӣ равандҳо ва тартиби ҳуқуқиро канор гузоранду поймол кунанд ва даст ба амали ғайриқонунӣ ва ғайримантиқӣ бизананд, ки дар раванди пинҳонӣ ва саросемавор ин қарорро эълон кунанд.
Саволи муҳим ин аст, ки чӣ чизе мақомот махсусан раисҷумҳурро ба чунин амали хато ва саросема водор кард?
Ман дар инҷо чандин омили асосиро барои шумо баён мекунам.
Идома дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад