Сабабҳои террористӣ эълон шудани ПМТ

Илҳомҷон Яъқубов, раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва узви Паймони Миллии Тоҷикистон дар саҳифаи Фейсубки худ нисбати қарори Додгоҳи Олии Тоҷикистон таҳлили худро навиштааст.

Илҳомҷон Яъқубов

Сабабхо ва чаро ПМТ эътилофи мухолифин харакати экстремистӣ ва террористӣ эьлон шуд?

  1. Пас аз гузориши мантики ва дандоншикани зерсохторхои ПМТ ва иштироки намояндагони ПМТ дар чаласаи Женева дар аввали мохи июл, ки дар он чаласа худи Прокурори генерали Юсуф Рахмон иштирок кард ва кудрату неруи ПМТ бо чашм дид ва бо акл шинохт билфосила пас аз баргашт ба Точикистон аризаи прократураи генералии ЧТ дар бораи эътилофи экстремистиву террористӣ эътироф ва манъ намудани он навиштааст.
  2. Дар як соли фаьолияти ПМТ , вохурӣ бо дипломатхои аврупои, ташкили даххо нишасту конфронсхо, иштирок дар конфронсхои байналмилалӣ ва пирӯз дар иттилотрасонӣ вучуди худро хамчун як неруи тавономанд ва ояндадор ба намоиш гузошт, ки дар зуддтарин фурсат метавонад саффи худро бо шахсиятхо, дигарандешон ва зиёиён пурра кунад ва е хадди акал бо ин кишри чомеа хамкорӣ кунад аз ин сабаб хукумати ЧТ бе ягон вачх ва далел карори харакати экстремистиву террорист будани Паймон баровард то хам фаьолиятхояшро заиф ва болотар аз ин тарс додани номбурдахо бошад то хамкорӣ бо ПМТ надошта бошад.
  3. Интихоботи 2020, ба интихоботи парлумонӣ чор мох ва ба интихоботи президентӣ як сол мондааст аз ин сабаб ПМТ бо ягон хизби сиесӣ хамкории андар кори интихобот ва ё бо ягон шакли дигар дар интихоботхои пешистода иштирок надошта бошад ин бухтонномаи Додгохи Олиро омода карданд агарчи аник ПМТ метавонад таъсири амик дар интихоботхо дошта бошад.
  4. Пас аз кӯшишхои зиёди хукумати имрӯзаи Точикистон барои гуфтугӯ, музокира бо ПМТ, ки натича надод ва катъиян Паймон мухолифи музокира ва харгуна гуфтугӯ бо ин режими хунбадаст аст.

Охирон умеди режим барои гуфтугӯ чаласаи САҲА дар Варшава буд, ки паймонихо на танхо гуфтугӯ балки салом хам бо намояндагони фиристодаи хукумат накарданд ва умеди онхоро барои музокира барбод доданд ва аз ин сабаб на рӯзи 15- уми август, ки халномаи Додгохи Олӣ бароварда шуда буд, балки пас аз чаласаи САҲА ва ин хам 14-уми октябр эълон ва ба нашр расидааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад