Нишасти тиҷории Узбакистон ва Амрико дар Вашингтон

Нишасти бозаргонии Узбакистон ва Амрико бо ҳузури ширкатҳои мухталиф дар Вашингтон баргузор мешавад.

Нишасти бозаргонии Узбакистон ва Амрико ва ҳамчунин нишасти давраии Шӯрои тиҷорат ва сармоягузории ду кишвар рӯзҳои 21 ва 22 октябр дар шаҳри Вашингтон баргузор мешавад.

Дар ин нишасти бозаргонӣ, ки тавассути Сафорати Узбакистон бо ҳамкории Утоқи бозаргонии ду кишвар созмондеҳӣ шудааст, қарор аст Уилбур Рос, вазири бозаргонии Амрико намояндагони беш аз 150 ширкати бузурги Амрико ва Канада ва ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молӣ ширкат кунанд.

Рӯзи 14 октябр дар сафорати Узбакистон дар Вашингтон бо ҳузури Каролин Лэм, раиси утоқи бозаргонии Амрико ва Узбакистон, намояндагони ширкатҳои “Боинг” ва ҳамчунин кормандони масъули Вазорати бозаргонии Амрико, Вазорати умури хориҷа, Бонки Тавсеаи Осиё, Шӯрои омӯзиши байналмилалии Амрико, хадамоти пажӯҳишии Конгресс нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

Тибқи барнома, дар чорчӯби ин нишаст 3 мизи гирд баргузор хоҳад шуд.

Ҳамчунин эҷоди гурӯҳи кории ҷадид дар масоили тавсеаи тиҷорати электронӣ дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон низ баррасӣ мешавад.

Дар чорчӯби нишасти давраии кишварҳои ширкаткунандаи Шӯрои тиҷорат ва сармоягузорӣ, Амрико мавзӯоти стандартсозӣ, авлавиятҳо ва қарордод дар мавриди осонсозии ташрифоти тиҷориро бо дар назар гирифтани аҳамияти онон дар минтақа рӯнамоӣ кард.

Ҳамакнун дар Узбакистон 210 ширкати муштарак бо сармоягузории сармоягузорони амркоӣ, аз ҷумла 49 ширкат бо 100 дарсади сармояи сармоягузорони амркоӣ фаъолият мекунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад