Таваруми 6,4 дарсадӣ дар Тоҷикистон

Нархи рушди таварум дар Тоҷикистон ба 6.4 дарсад расид.

Идораи омори Тоҷикистон дар гузорише нархи таваруми ин кишвар дар 9 моҳи соли ҷории милодиро, 6.4 дарсад эълом кард.

Ба гузориши Форс, бинобар гузориши Ожонси омори вобаста ба раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин муддат, қимати маводи ғизоӣ, ғайри ғизоӣ ва хадамоти пулӣ, афзоиш ёфтааст.

Барои мисол дар моҳи августи соли ҷори милодӣ, нархи таварум дар Тоҷикистон 0.6 дарсад рушд доштааст.

Тибқи гузориши ин ниҳоди расмии Тоҷикистон, нархи солонаи таварум дар ин кишвар, яъне аз сентябри соли 2018 то сентябри соли 2019, 8.1 дарсад баровард шудааст.

Давлати Тоҷикистон қасд дорад нархи таварум дар соли ҷории милодиро дар сатҳи 7 дарсад ҳифз кунад.

Дар соли гузаштаи милодӣ, нархи таварум дар ин кишвар 5.4 дарсад эълом шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад