Вокуниши ПМТ ба қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон + видео

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) ба раъйи Додгоҳи олии Тоҷикистон вокуниш нишон дод.

Паймони Миллии Тоҷикистон бо пахши баёнияи ба қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон мабнӣ бар террористӣ эълон кардани ин иттиҳод вокуниш кард. ПМТ қарори Додгоҳи олии кишварро ғайриконститутсионӣ номид ва эълом кард ин ниҳод “ҳадди ақал 16 моддаи Сарқонунро вайрон кардааст”.

Паймони миллӣ ин қарори Додгоҳи Олиро ҳамчунин далели сиёсӣ будани “террористӣ” эълон кардани ҲНИТ ва “экстремистӣ” донистани Гурӯҳи 24 ва ҳамчунин маҳкумияти Муҳаммадалӣ Ҳайит ва дигар раҳбарони ҲНИТ, маҳкумияти асосгузори ҳизби “Тоҷикистони нав” – Зайд Саидов ва адвокат Бузургмеҳр Ёров донистааст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон “Паймони Миллии Тоҷикистон”-ро террористӣ хонд

Матни пурраи баёнияи ПМТ ба шакли зер аст:

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) таассуфи амиқи худро аз ин ки мақомоти кунунии Тоҷикистон даст аз ҷангафрӯзӣ, хусумат, нафратпароканӣ ва саркӯби дигарандешон барнамедоранд ва барои чандумин бор аст, ки ба ризояти миллӣ ва Созишномаи истиқрори сулҳи соли 1997 бешармона хиёнат мекунанд, калима ва руҳи демократияро поймол ва ба ӯҳдадориҳои байналмилалӣ ва Сарқонуни Тоҷикистон пушт мекунанд, иброз медорад.

Қарори Суди олии Тоҷикистон аз санаи 15 августи соли 2019 дар бораи эътироф шудани Паймони Миллии Тоҷикистон ба унвони як созмони “террористӣ”, воқеан ҳайратангез аст ва комилан равшан аст, ки тобу тавони истодагӣ дар баробари ҳеч интиқоди сиёсӣ ва ҳуқуқиро надорад.

Суди Олӣ бо ин қарораш собит кард, ки “террористӣ” эълон кардани ҲНИТ ва “экстремистӣ” донистани Гурӯҳи 24 ва ҳамчунин маҳкумияти Муҳаммадалӣ Ҳайит ва дигар раҳбарони ҲНИТ, маҳкумияти асосгузори ҳизби “Тоҷикистони нав” – Зайд Саидов ва адвокат Бузургмеҳр Ёров, ҳама бо ангезаҳои сиёсӣ ва беасос будаанд.

Мо қарори Суди Олӣ дар хусуси ПМТ-ро ғайриконститутсионӣ мешуморем. Суди Олӣ ҳадди ақал 16 моддаи Сарқонунро вайрон кардааст, аз ҷумла: ҳуқуқи шаҳрвандон дар доштани “равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ” ва манъи ғасби ҳокимият (моддаҳои 6 ва 8), мутобиқати қонунҳои ҷумҳурӣ бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда (моддаи 10), ҳуқуқи шаҳрвандон дар баррасӣ шудани парвандаҳояшон аз тарафи “суди босалоҳият, мустақил ва беғараз” (моддаи 19), ҳуқуқи шаҳрвандон дар “муттаҳҳид шудан” ва дар ташкили “ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳизбҳои характери демократӣ, динӣ ва атеистӣ дошта” (моддаи 28), ҳаққи озодии баён (моддаи 30) ва мустақил будани ҳокимияти судӣ ва итоаташ фақат аз Сарқонун ва манъи дахолат ба фаъолияти он (моддаҳои 84 ва 87).

ПМТ бо камоли таассуф изҳор медорад, ки на танҳо ин имкон барояш дода нашуд, ки бо вакилаш дар “мурофиаи судие”, ки парвандааш дар он муҳокима шудааст иштирок кунад, балки ҳатто пеш аз қабули ин қарор ҳеч хабаре дар бораи он надошт.

Ва ин дар ҳоле аст, ки моддаи 88 Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон судро вазифадор мекунад, ки мурофиаро “ба тарзи мубоҳиса ва дар асоси баробарии тарафҳо” баргузор кунад.

ПМТ мӯътақид аст, ки мақомоти Тоҷикистон ошкоро ба ҳамаи ҷаҳониён собит карданд, ки мавзӯи мубориза бар зидди терроризм, барои онҳо як василаи тиҷорати сиёсӣ бо шарикони стратегӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Илова бар ин, маблағҳое, ки барои мубориза бо терроризм ба Тоҷикистон ҷудо карда мешаванд, аз ҷониби мақомот аз ҷумла барои саркӯби дигарандешон ва рақибони сиёсӣ истифода мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон дар ҳоле моро ба “терроризм” айбдор мекунанд, ки мо ва тарафдоронамон худ қурбонии терроризм ҳастем — он ҳам на танҳо аз тарафи ниҳодҳои саркӯбгар, балки аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ низ. Қатли ваҳшиёнаи роҳбарон ва ҷонибдорони ҲНИТ дар зиндони Ваҳдат тавассути зиндониёни доъишӣ, чизе ҷуз натиҷаи коштани тухми кинаву нафрат ва таҳрики террористҳо бар зидди мухолифон бевосита аз сӯи шахси роҳбари давлат нест.

Бар ҳамин асос, ПМТ бори дигар лозим медонад таъкид кунад, ки ӯ ҷонибдори устувори муборизаи мусолиматомез, даст ба даст шудани қудрат, гуногунандешӣ, озодии матбуот, интихоботи озод ва шаффоф ва бунёди давлати воқеан демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон аст.

Паймони Милии Тоҷикистон

15.10.2019

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад