69 дарсади мубодилоти молии Тоҷикистон бо кишварҳои узви СҲШ анҷом мешавад

Тоҷикистон бо кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой ҳудуди 69 дарсади мубодилоти молиашро анҷом медиҳад.

Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва бозаргонӣ, Тоҷикистон дар 8 моҳ бо кишварҳои узви СҲШ ба арзиши беш аз 1 миллиарду 948,9 миллион доллар мубодилоти молиро анҷом дод.

Беш аз 1 миллиарду 657,7 миллион ин маблағ саҳми воридот ва боқӣ саҳми содироти Тоҷикистон аст.

Бар асоси додаҳои манбаъ, дар 8 моҳ мубодилоти молии ҶТ бо Қазоқистон, Русия, Узбекистон ва Ҳиндустон афзоиш ва бо Чин, Қирғизистон ва Покистон коҳиш ёфт.

Тоҷикистон дар ин муддат бо Русия, Қазоқистон, Чин ва Узбекистон ба арзиши 1 миллиарду 850,9 миллион доллар мубодилоти молӣ кард.

Содироти колоҳои Тоҷикистон дар мубодилоти молӣ бо кишварҳои узви СҲШ танҳо ба Узбекистон бештар аз воридот аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад