Поёни таҳқиқ аз иллати шуриш дар зиндони ноҳияи Ваҳдати Тоҷикистон

Мақомоти додситонии куллӣ Тоҷикистон аз поёни таҳқиқ аз шуриш дар зиндони ноҳияи Ваҳдат хабар доданд.

Ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи, дар паи саркуби ошуби зиндони Роҳатӣ шаби 10 моҳи майи соли ҷорӣ, 32 зиндонӣ ва 3 корманди ин зиндон кушта ва деъдоди зиёде низ захмӣ шуданд.

Гуфта мешавад,ки Бахтиёр Абдусамадови 38 сола аз соли 2009 давраи маҳкумияти 16 солаи худро дар ин зиндон мегузаронд,ки иттиҳоми вай дар он замон мушорикат дар фаъолияти гурӯҳи ҷиноии созмонёфта ва интиқоли ғайриқонунии атбоъи бегона аз хориҷ ба дохили Тоҷикистон эълом шудааст.

Мақомоти ддодситонии кулӣ Тоҷикистон мегуянд,ки Бахтиёр Абдулсамадов аз пеш дар бораи оғози шуриш дар зиндони ноҳияи Ваҳдат иттилоъ дошт ва на танҳо дар ин маврид ба раиси зиндон хабар надод,балки худ низ ба ошубгарон пайвастааст.

Гуфта мешавад,ки таи чанд рӯзи оянда парвандаи шуриш дар зиндони минтақаи Роҳатии ноҳияи Ваҳдат ба додгоҳи олии Тоҷикистон ирсол хоҳад шуд.

Ин дуввумин ошуби хунин дар зиндонҳои Тоҷикистон таи як соли ахир аст.

Бар асоси гузориши расмӣ дар шуриши шаби 7 ноябри соли 2018 дар зиндони шумораи 3 и шаҳри Хуҷанд 21 нафар кушта шуданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад