Ҳукми ҳаҷ ва фазилати он

Худованд дар Қуръони Карим фармудааст:

 وَلِلَّهِ عَلَى النَّاسِ حِجُّ الْبَيْتِ مَنِ اسْتَطَاعَ إِلَيْهِ سَبِيلًا وَمَن كَفَرَ فَإِنَّ اللَّهَ غَنِيٌّ عَنِ الْعَالَمِينَ

“Ва барои Худованд ҳаст бар мардум ҳаҷҷи хонаи Каъба, бар касоне, ки тавонии рафтан ба онро доранд ва касе, ки кофир шуд, Худованд аз ҷаҳониён бениёз мебошад” (сураи Оли Имрон 97).

Расули Акрам(с) фармуданд:

“Ислом бар панҷ чиз бино шудааст: Шаҳодат додани инки маъбуде ҷуз Худованд нест ва Муҳаммад(с) банда ва фиристодаи ӯст ва барпо доштани намоз ва додани закот ва ҳаҷҷи хонаи Каъба ва рӯзаи Рамазон”. (Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим.)

Расули Акрам(с) дар ривояти дигар фармуданд: “Касе, ки ҳаҷ кард ва дар он фаҳш нагуфт ва маъсияте накарад, гуноҳони гузаштааш, бахшида мешавад”. (ба ривояти Тирмизӣ)

Дар тавзеҳи ин ривоят бояд гуфт, ки фаҳш ҳам ба гуфтан ва ҳам ба нагуфтан итлоқ мешавад.
‎#الكعبة_تجمعنا
‎#KaabaUnitesUs

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад