Миқотҳои маконӣ барои ҳоҷиён

Миқот ба ҷое гуфта мешавад, ки шариат барои бастани эҳром таъйин кардааст.

Миқот дар луғат ба “марз байни ду чиз” гуфта мешавад ва дар истилоҳ инчунин аст: «Ончиро, ки шариат муайян карда ва вақташро низ барои ибодат, дар чи замон ва маконе анҷом мешавад.»

Шариат ҳам “миқотҳои маконӣ” ва ҳам “миқотҳои замонӣ”-ро баён кардааст ва ҳоло миқотҳои макониро баррасӣ мекунем.

Барои касе, ки бихоҳад ҳаҷ ва ё умра кунад, дуруст нест, ки аз онҷо бигзарад, магар ин, ки эҳром баста бошад, ки панҷ миқоти маконӣ аст:

Зулҳулайфа: Ин макон ҳоло дар самти ҷануби Мадинаи Мунаввара воқеъ аст ва ба Абёри Алӣ машҳур аст ва аз Макка қариби 420 км фосила дорад ва миқоти мардуми Мадина мебошад ва Масҷиди Шаҷара ҳам дар ҳамин макон қарор дорад.
Ҷуҳфа: Дар наздикии шаҳри Робиғ чойгир аст ва аз Макка қариби 186 км фосила дорад ва миқоти мардуми Шом ва Мисру Мағриб мебошад.
Яламлам: Водии бузургест, дар роҳи мардуми Яман ба Маккаи Мукаррама, ки имрӯз бо номи Ал-саъдия ёд мешавад ва аз Макка қариби 120 км фосила дорад.
Қарн-ул-манозил: Ҳоло Сайли Кабир номида мешавад, ки аз Маккаи Мукаррама қариби 75 км, фосила дорад ва миқоти мардуми Наҷд ва Тоиф мебошад ва болотар аз он, дар ҷоддаи Тоиф маконест, ба номи Водии Муҳаррам, ки ҳардуи онҳо миқотанд барои мардуми Наҷд ва касоне, ки аз ҷоҷдаи Тоиф меоянд.
Зоти Ирқ: Ҳоло Ал-зариба ва ё Ал-харибот номида мешавад. Маконе аст дар тақрибан 100 км шарқи Маккаи Мукаррама, ки ҳоло мавриди истифода намебошад. Миқоти мардуми машриқзамин, Ироқ, Эрон ва сарзаминҳои моварои онҳо будааст.
Далел барои ончи гузашт, ривояти ИбниАббос(р) аст, ки фармуд, Расули Худо(с) барои мардуми Мадина Зулҳулайфа ва барои мардуми Шом, Ҷуҳфа ва барои мардуми Наҷд, Қарнул-манозил ва барои мардуми Яман, Яламламро, миқот қарор дода фармуданд: “Ин миқотҳо барои ҳамон мардумон ва низ барои касе, ки аз онҷо бигзарад, агарчи аз мардуми онҷо набошад, вале касе, ки иродаи ҳаҷ ва умра карда бошад ва касе, ки дохили миқот бошад, аз ҳамонҷое, ки ҳаст, ҳатто аз аҳли Макка аз Макка эҳром мебанданд». (ҳадис аз Бухорӣ ва Муслим).

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад