Тоҷикистон дар пайи ҷазби сармоягузорони хориҷӣ

Ба гузориши Тоҷик Пресс, масъулини Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хостори муқоисаи меъёри андозҳо бо кишварҳои ҳамсоя ва беҳбудии фазои сармоягузории кишвар шуданд. Дар Тоҷикистон шикоят аз андозбандиҳо ва монеаҳои сунъӣ дар ин росто, зиёд садо медиҳад.

Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон рӯзи 17-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе бо таваҷҷӯҳ ба низоми андозбандӣ дар Тоҷикистон гуфт, барои ҷалби сармояи хориҷӣ дар рақобат ба кишварҳои ҳамсоя, бояд ба сармоягузорон бартариҳо пешниҳод гардад.

Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон гуфт: “Барои он, ки мо нисбат ба дигар кишварҳо дар ҷалби сармоя рақобат карда тавонем, бояд таҳлилҳо гузаронем. Аз ҷиҳати рақобатнокӣ дар минтақа бояд нисбати дигар кишварҳо бартариятҳои худро ба соҳибкорон пешниҳод кунем”.

Сӯҳбати раиси Палатаи савдо ва саноат барои беҳбудии фазои сармоягузорӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки шикояти тоҷирону сармоягузорон аз фазои номусоиди сармоягузорӣ ва эҷоди ҳар гуна монеаҳои сунъӣ борҳо садо додааст. Таҳлилгарон мегӯянд, бархӯрди мақомот бо сармоягузорон бояд беҳтар шавад. Ба қавли бархе коршиносон, ҳаҷми андозҳо дар муқоиса бо кишварҳои дигар дар Тоҷикистон баланд буда, низоми андозбандӣ ниёз ба такмил дорад.

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, барои ҷалби таваҷҷӯҳи сармоягузорон бояд низоми иҷозатномадиҳӣ барои ташкили корхонаҳо содда карда шавад. Ӯ гуфт, Тоҷикистон ба сармоягузории хориҷӣ ниёзи бештар дорад ва фароҳам сохтани шароити беҳтар ва ҷалби сармояи беруна барои рушди иқтисоди кишвар бисёр муҳим аст.

Тибқи иттилои Оҷонсии омори кишвар, воридоти сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон соли гузашта 644,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки беш аз 328 миллиони онро сармоягузории мустақим ташкил медиҳад. Ба иттилои ин ниҳод, ҳаҷми воридоти сармояи мустақим ба Тоҷикистон дар муқоиса ба як соли пеш 27,7 миллион доллар коҳиш ёфтааст. Коҳиши сармояи мустақим дар ҳолест, ки Тоҷикистон барои андозҳои гарону фирори сармоягузорон пайваста аз сӯи баъзе созмонҳои хориҷӣ интиқод мешавад.

Дар соли ҷорӣ аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқоти “Paying Taxes 2019” (Андозбандӣ дар соли 2019), ки 190 кишварро фаро гирифтааст, Тоҷикистон ба даҳгонаи кишварҳои дорои баландтарин сарбории молиётӣ ворид шуд. Ҳаҷми умумии андоз 67,3 дар садро ташкил додааст, ки ин рақам нисбат ба нишондоди миёнаи андозҳо дар Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ, ки муодили 32,8 дарсад аст, қариб ду баробар бештар мебошад. Дар ин радабандӣ барои муқоиса дигар кишварҳои Осиёи Миёна – Қирғизистон мақоми 50, Қазоқистон дар мақоми 56 ва Узбакистон дар мақоми 64-уми қарор гирифтаанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар солҳои ахир соҳибкоронро бо ваъдаи сабукиҳо дар низоми андозбандӣ, ба сармоягузорӣ дар кишвар даъват мекунанд. Аммо таҳлилгарон мегӯянд, андозҳои гарон, фазои носолими сармоягузорӣ ва ба ҳама ширкату корхонаҳо имтиёзи баробар надодан, зоҳиран аз омилҳоеянд, ки пеши соҳибкоронро аз сармоягузорӣ дар кишвар мегирад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад