Ҳарифони Тоҷикистон дар ҶҶ-2019

Фотболбозони Тоҷикистон дар ҶҶ-2019 бо тимоҳои Аргентина, Испания ва Камерун рӯбарӯ мешаванд.

Бино ба иттилои ФФТ, ахиран дар қароргоҳи ФИФА дар шаҳри Сюрихи Шветсария қуръакашии Ҷоми Ҷаҳон-2019 дар миёни футболбозони зери 17 сол баргузор шуд.

Бар асоси қуръакашии анҷомёфта тими миллии Тоҷикистон ҳамзамон бо Аргентина, Испания ва Испания шомили гурӯҳи “Е” шуд.

Ҳаждаҳумин қаҳрамонии Ҷаҳон дар миёни футболбозони зери 17 сол аз 26 октябр то 17 ноябр дар шаҳрҳои Кариасика, Гама, Бразилиа ва Гояния дар кишвари Бразилия баргузор мешавад.

Рӯзи 8 октябри шогирдони Зайниддин Раҳимов ба масофи Камерун мераванд. Рӯзи 31 октябр онҳо бо ҳамсолони испанияии худ рӯбарӯ хоҳанд шуд. Рӯзи 3 октябр футболбозони тоҷик ва Аргентина бозӣ хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ягона кишварест, ки аз миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин мусобиқоти пуршукӯҳи ҷаҳонӣ роҳ ёфтааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад