Сабаби масмумият ва марги 14 зиндонии тоҷикистонӣ ҳамчунон дар ибҳом

Дар ҳоле ки бархе иллати ин ҳодисаро масмумият аз ҳисоби фосид шудани нон дар ҳавои гарм ва бархе дастҳои пушти пардаро аз авомили ин мавзуъ медонанд, аммо мақомот мегӯянд, то поёни баррасии ҷузъиёти ин ҳодиса наметавон дар ин маврид изҳори назар кард.

Ин ҳодиса шомгоҳи ҳафтуми июл, замоне, ки масъулон дар ҳоли интиқоли 128 нафар аз зиндониёни зиндонҳои Хуҷанд ва Истаравшан ба зиндоне дар Душанбе ё Норак буданд, рух дод.

Яке аз кормандони зиндони Душанбе ба шарти фош нашудани номаш гуфтааст, ки нони масрафии зиндониён дар дохили зиндонҳо пухта мешавад ва рӯйи пухти онҳо низ назорат сурат мегирад.

Ба гуфтаи ин корманди зиндони Душанбе, ҳеҷ кас иҷоза надорад аз беруни зиндон барои зиндониён нон биоварад. Дар натиҷа маълум нест, ки ин нон чӣ гуна заҳролуд шудааст ва ин суоле аст, ки мақомот бояд ба он посух диҳанд.

Дар ҳамин ҳол шуморе аз вобастагони ин ҷонбохтагон дар мусоҳиба бо расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон гуфтаанд, ки дар колбудшикофии аҷсоди наздикони онҳо осори заҳр ва масмумият бо заҳр вуҷуд дорад.

Ин ҳодиса ду моҳ пас аз ошӯби зиндони Ваҳдат ва ҳашт моҳ пас аз ошӯби зиндони шаҳри Хуҷанд рух дод, ки агарчӣ теъдоди зиёде қурбонӣ гирифт, аммо ҳанӯз ҳам ин ду ҳодиса аз назари ҳуқуқӣ дар додгоҳ ниҳоӣ нашудааст ва ҳеҷ созмон ва ниҳоди мустақиле имкони таҳқиқи бетарафро дар ин замина надорад.

Ба гуфтаи мақомот, масъулияти ду ҳодисаи қаблӣ бар ӯҳда ифротгароён будааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад