Посухҳои ҳайати ТҶ ба суолҳои мутахассисони СММ

Юсуф Раҳмон гуфт шиканҷа дар Тоҷикистон бисёр кам аст ва бинобар камии он поягузории мақомоти нав барои мубориза бо онро ғайримантиқӣ месозад.

Дар бораи набудани пардохти зарари маънавӣ ба шиканҷашудагон гуфт, ки соли 2018 дар кишвар 8 чунин дархост шудааст, ки додгоҳҳо пардохти зарари маънавиро дар ҳаҷми 46000 сомонӣ, 14000 сомонӣ ва ғайра муқаррар кардаанд.

Додситони кулл гуфт далелҳои гирифташуда зери шиканҷа аз тарафи додрасҳо ба назар гирифта намешаванд. Ӯ қайд кард аз тарафи додрасҳо 16 қарор дар бораи тафтиши шиканҷа содир крада шудааст. ки додситонӣ онро тафтиш мекунад.

Юсуф Раҳмон гуфт масдудкунии интернет ба хотири ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти давлатӣ, ҳимояи шаҳрвандон ва ғайра амалӣ мешавад ва ба қонунҳои байналмилал мухолифат намекунад.

Ӯ зикр кард, ки дар Тоҷикистон қонунҳо алайҳи фасод шадид шуданд, аз ҷумла ба қонун мусодираи мол ва пули фасодкорҳо илова гардида, чанд қонуни нави дигар қбаул шудааст.

Додситон гуфт масдудкунии интернет бидуни қарори додгоҳ танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ ва мубориза бо терроризму экстремизм амалӣ меавад. Ӯ зикр кард, ки танҳо сойтҳои террористӣ ва экстремистӣ масдуд мешаванд.

Дар мавриди нигоҳ доштани боздоштшудаҳо то охирин фурсат гуфт, ки қонун 2 моҳ боздоштро пешбинӣ мекунад ва 95 дарсади парвандаҳо дар ду моҳ баррасӣ мешаванд.

Дар бораи манъи хурӯҷи наздикони мухолифин Юсуф Раҳмон бо як ҷумла посух гуфт: ҳеҷ монеъае барои хориҷ мухолифон вуҷуд надорад.

Додситони кулл ба шумори зиёди суолҳо бисёр кӯтоҳ ва дар муддати 13 дақиқа посух гуфт ва идомаи посухҳоро ба раҳбари Агентии омори назди раисҷумҳур Гулнора Ҳасанзода дод. Ӯ ҳудуди 20 дақиқа дар бораи вазъи хуби занон дар кишвар ва сиёсати гендерии ҳукумату шумори занон дар маҷомоти гуногуни он маърӯза кард.

Баъдан сухан ба муовини вазири адлия Шаҳноза Нодирӣ дода шуд. Ӯ гуфт солҳои охир маблағгузории муассисаҳои ислоҳотӣ ду баробар афзуда, маҳбусон бо ҷои хоби алоҳида, либос, рӯпӯшҳои рахти хоб ва хӯрок таъмин карда мешаванд. Ӯ таъкил кард, ки хӯроки маҳбусон мутадоъил буда, бо дарназардошти макони нигоҳдорӣ, синну сол, вазъи саломатӣ ва талаботи маҳбус таъмин карда мешавад.

Нодирӣ қайд кард, ки бо маҳбусон корҳои фаҳмондадиҳӣ доимӣ гузаронида шуда, онҳо аз ҳуқуқҳояшон огоҳ крада мешаванд.

Ӯ ҳамчунин аз оғози сохтмони зиндони нав дар ноҳияи Ваҳдат ба хотири кӯчонидани маҳбусон аз зиндонҳое, ки шумори маҳбусон аз ҳад зиёд аст, хабар дод.

Ҷонишини вазири адлия қайд кард, ки дар Тоҷикистон ба саломатии маҳбусон ба хусус ҳимояи онҳо аз бемориҳои сироятӣ диққати махсус дода шуда, солҳои охир бо кӯмаки созмонҳои хориҷӣ чандин бунгоҳи тиббӣ бо шароити хуб ва техникаи замонавӣ барои маҳбусон сохта шудааст.

Нодирӣ ҳамчунин аз сохта шудани биноҳои хобгоҳ, ошхонаҳо, утоқҳои мулоқот бо наздикон ва коргоҳҳо барои маҳбусон хабар дод.

Ӯ аз таъсисе гурӯҳе бо ширкати омбудсмен, кумитаи зидди шиканҷа ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ хабар дод, ки аз чандин зиндону боздоштгоҳҳо дидан намуда, ягон қонуншиканиро мушоҳида накардаанд.

Дар бораи роҳ надодани созмонҳои байналмилал, аз ҷумла Салиби сурх ба зиндонҳо, Нодирӣ гуфт, ки баръакс, мақомоти Тоҷикистон соли 2016 онҳоро даъват карда, хоҳиш кардаанд нақшаи худ оиди боздид аз зиндонҳоро тартиб дода ба ҳукумат пешниҳод кунанд, аммо то ҳол аз ин ташкилот посухе дарёфт накардаанд

Баъди ӯ сухан ба раиси Шӯъбаи ҳуқуқи инсони дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Сатторзода дода шуд, ки дар бораи татбиқи пешниҳодҳои СММ дар Тоҷикистон сухан гуфт.

Нишасти дирӯз дар бораи Тоҷикистон бо ҳамин ба итмом расид. Баранда гуфт Кумита аз баъзе посухҳои ҳайати Тоҷикистон қонеъ нест ва изҳори умедворӣ кард, ки фардо онҳо пурра хоҳанд шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад