Мақомоти ҶТ ҳатто ба ҷони зиндониёни пирамард ҳам раҳм намекунанд!-5

Дар миёни ахбори талху нохуши имрӯзи кишвар як хабари тозаи хушҳолкунанда ба дастам расид. Пештар эълом карда будем, ки парвандаи 11 нафар аз зиндониёни сиёсии дигар ба кумитаи ҳуқуқи башари СММ фиристода шудааст имрӯз хабар доданд, ки ин 11 парванда ба таври расмӣ вориди дафтари СММ гашт ва ин кумита вазифа дорад, ки ин масъаларо пайгирӣ намояд. Ҳамон гуна ки қарори ин кумита дар бораи парвандаи 3 зиндонии сиёсӣ –Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров ва Муҳаммадалии Ҳаит- барои ҳарчӣ зудтар озод кардани онҳо содир шуд умедворем ба зудӣ қарори ин кумита дар бораи 11 зиндонии сиёсии дигар ҳам содир ва амалӣ шавад. Ҷои хеле таассуф ва дард аст, ки яке аз ин 11 зиндонии сиёсӣ –махдуми Абдусаттор- дигар ин хабари хушро намешунавад. Мо ҳам ба созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумла СММ нома фиристодем ва тақозо кардем, ки дигар иҷозат надиҳед, ки 3 ба иловаи 11 ва дигар зиндониёни сиёсӣ, ки беш аз 200 нафар ҳастанд, ба навбат дар зиндонҳои ҶТ кушта шаванд. Махсусан бо дар назар гирифтани он ки умри бархе аз онҳо болои 60-70 сол аст. Иттифоқан умри ин се шаҳиди ахир –махдуми Абдусаттор, эшони Қиёмуддин ва шайх Темур- ба пирамардӣ расида буд. Ҳукумати ҶТ ба ҷои он ки ба пирамардон эҳтиром гузорад ин се пирамардро ё бевосита кушт ё ба куштан дод. Ҳоло дар зиндон шахсиятҳое ҳастанд, ки умрашон аз 70 ҳам боло аст. Яке аз инҳо домулло Зубайдуллоҳи Розиқ аст. Ишон дар ҳақиқат шахсияти арзанда, ботамкин, рӯзноманигор ва бомаърифат аст, ки худ муаллиму устоди мактаби миёна, руҳонӣ ва сардабири ҳафтаномаи Наҷот буданд.

Мо аз мақомоти ҶТ талаб мекунем, ки агар бихоҳанд заррае аз ҷиноятҳои худро дар баробари миллат кам кунанд, ҳар чӣ зудтар зиндониёни сиёсӣ ба хусус пирамардҳоро раҳо кунанд. Аз раҳбари ҷадиди зиндонҳои ҶТ Умар Мансуров дар яке аз сӯҳбатҳоям гуфта будам, ки шинохте, ки аз Мансуров дар муқоиса бо раиси пешини зиндонҳо Шарипов дорем, инсони бомаданияттар ва беҳтар бошад, аммо ин ҳодисаҳо ва қатлу ҷиноятҳои ахир нишон медиҳад, ки на танҳо беҳтар набудааст, балки гумонаҳои неки мо дар бораи ӯ хато баромад ва сарчашмаҳо мегӯянд, ки ӯ барои зиндониёни сиёсӣ бадтар аст, чунки мақомоти қудратӣ нисбат ба озодандешон, гуногунандешон ва муборизон кинаи хоссе доранд ва шояд овардани ин шахс ба ин мақом барои аз байн бурдани онҳо бо ингуна тарҳҳои ҷинояткорона бошад. Агар У. Мансуров мехоҳад, ки ин гумону шубҳаҳоро нисбати худаш рад кунад бояд ҳар чӣ зудтар тасмими ҷиддӣ бигирад ба хусус дар масъалаи раҳо кардани зиндониёни сиёсӣ, махсусан пирамардҳо ва зиндониёне, ки дар шизо ҳастанд ва аз фишору таҳдиду шиканҷа ва куштани онон даст бардорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад