Дастури қатли эшони Қиёмуддинро худи президент содир карда буд. -3

Ҳамватанони гиромӣ, бибинед вақте ман мегӯем, ки гунаҳкори аслӣ шахси Э. Раҳмонов аст далел дорем. Оё президенти як кишвар ҳақ дорад ва метавонад аз рӯи қонун як нафарро аз минбари расмӣ, фақат ба хотири ин ки гӯё шиа шуда бошад -мисли эшони Қиёмуддин- ӯро хоин эълом кунад ва ба шакли умумӣ (дастур ва) фатвои қатлаш (эшони Қиёмуддин)-ро содир кунад. Агар бар фарз ифротгарое дар дохили зиндон эшони Қиёмуддинро ба қатл расонда бошад гунаҳкори аслӣ касе аст, ки фатвои ин қатлро содир кардааст. Вақте Э. Раҳмон эшони Қиёмуддинро ба хиёнат ба мазҳаб ва кишвар муттаҳам кард ифротгаро барои ин ҷинояткорӣ далел дорад ва ба осонӣ онро анҷом медиҳад. Ман шак дорам, ки эшони Қиёмуддин мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоатро тарк карда ба мазҳаби дигар гаравида бошад. Ҳол агар бар фарз ин корро ҳам карда бошад, ки аз нигоҳи мо албатта кори чандон писандида нест, аммо аз нигоҳи қонуни ҶТ, ки давлати дунявӣ аст ва конститутсия озодии раъй ва эътиқодро барои ҳамагон кафолат додааст магар ин кор ҷиноят аст? Шиа ё ҳанафӣ, моликӣ ва ҳанбалӣ будан магар ҷиноят аст? Оё дар ин мавзӯъ президент бояд ҳукм содир кунад, ки ӯ хиёнат кардааст? Оё худи ин кор эҷоди фитна, кина ва тафриқа дар ҷомеа аз тарафи президенти ҶТ нест? Оё вазифаи президенти кишвар ҳамин аст, ки шаҳрвандони кишварро ба шиа, суннӣ, ҳанафӣ, салафӣ ва халафӣ тақсим кунад? Вазифаи президент риоят ва иҷрои конститутсия ва қонунҳои кишвар аст. Ин кори президент сад дар сад шикастани меъёрҳои конститутсия ва вайрон кардани қонунҳои ҶТ ва содир кардани ҷиноят бо эҷоди фитна, нафрат ва тафриқа ва дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа аст. Куҷост прокрори генералии ҶТ, ки дар ҳамон толор президенти ҶТ Э. Раҳмоновро барои содир кардани ҷиноят ҳабс кунад? Куҷост вазири дохила ва раиси КДАМ, ки пеши роҳи ин ҷиноятро, ки бо эҷоди фитнаи қавмӣ ва мазҳабӣ амнияти миллат ва давлатро халалдор мекунад бигирад? Агар мо воқеан вазир ва мансабдори миллӣ медоштем, ки фақат тобеи қонун бошад кайҳо бояд нисбати Э. Раҳмонов ба хотири вайрон кардани конститутсияи ҶТ, таҳқири инсоният ва эҷоди фитна ва нафрат дар миёни шаҳрвандони ҶТ парванда боз мешуд ва таҳти пайгарди ҷиноӣ қарор мегирифт. Аммо чун қонун ва мансабдорон дар хидмати як нафар ҳастанд мебинем, ки ҳатто дар сурати содир кардани ҷиноят ӯ на танҳо ҷинояти худро идома медиҳад, балки боз дигаронро ба қонуншиканӣ, хиёнат ва ватанфурӯшӣ муттаҳам мекунад.
Бинобар ин боз такрор мекунам, ки новобаста аз он ки чӣ касе бевосита ин ҷиноятро содир кардааст сабабгор ва омили бовоситаи ин ҷиноят мақомот ва худи шахси президенти ҶТ аст. Албатта фазое, ки дар дохили кишвар ба вуҷуд овардаанд ва дунявиро зидди диндор ва диндорро муқобили дунявӣ, ва шуронидани ҳизбу ҳаракатҳои бар зидди ҳам ва шуронидани миллати тоҷик зидди турктаборҳо ва узбекҳо ва қавмҳои дигар табиӣ аст, ки дар натиҷаи ин фазосозӣ ва душмантарошиҳо ҳамаи қишрҳои миллат зидди ҳам душман шудааст. Агар силоҳ пайдо кунанд якдигарро мекушанд. Шумо бубинед, ки дар шабакаҳо чӣ рух медиҳад? Онҳо диндоронро таҳқир мекунанд ва диндорон дар вокуниш ба ин кор зидди қишрҳои дигар вокуниши тунд нишон медиҳанд. Дар натиҷа миллат вориди гирдобе шудааст, ки ман метарсам, ки ба зудӣ аз он раҳо намешавад. Аз ҳамаи ҳамватанони азиз ва ҷомеаи кишвар даъват мекунам, ки новобаста аз он ки диндору мазҳабӣ ё атеисту дунявӣ ё тоҷику узбеку рус ҳастанд ва фарқиятҳои мазҳабӣ, қавмӣ ва нажодӣ имрӯз вақти он аст, ки мо дар атрофи ҳалли ин фоҷеаи миллӣ муттаҳид бошем ва иҷозат надиҳем, ки як нафар ё як гуруҳ ба хотири бақои қудрат моро зидди ҳам бишуронад ва ба ҷони якдигар бияндозанд ва бо фейкҳои дуруғини шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ ба унвони тарафдорони опозитсия, ҲНИТ, рӯҳониён ва мазҳабиҳо ва тарафдорони дунявият ва ҳукумату атеистҳо пост зидди якдигар бигузоранд ва баёния бинависанд. Мутмаин бошед, ки ин фейкҳо аз як марказ мудирият мешаванд. Ин мо миллати самимӣ ва содаи тоҷик ҳастем, ки гирифтори ин фитнаҳо мешавем ва ба ҷони якдигар меафтем. Натиҷаи онро дар зиндону мактаб ва шабакаҳо мебинем, ки чӣ ҷиноятҳое содир мешавад. Бинобар ин бори дигар масъулияти ин қалти омро ба дӯши мақомот мегузорам ва аз ҳамаи миллат даъват мекунам, ки дар ин рӯзҳо ҳадди ақал муддате зидди якдигар сангпартоӣ накунанд, дар чеҳраи якдигар душанро набинанд ва мунтазир бошем, ки омилони аслии ин ҷиноят ошкор шаванд ва ба ҷазои худ бирасанд.
Идома дорад…

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад