ҲНИТ як садди бузург дар муқобили ифротгароӣ

Пас аз кудатои нофарҷом дар сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон тавассути Абдулҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои кишвар ва муртабит донистан вай бо ҲНИТ ба унвони мӯътадилтарин ҳизби исломӣ дар Осиёи Марказӣ, фаъолият ин ҳизб дар Тоҷикистон мамнуъ ва рафта рафта дастгирии мақомоти аршад ҳизб оғоз ва дар идома низ бархе ҳаводис ва иттифоқоти кишвар ҳам ҲНИТ нисбат дода мешуд.

Ин дар ҳолест, ки ба асоси баёни сареҳи мақомоти аршади ҲНИТ, ин ҳизб дар ҳеҷ кадом аз маворид ва иттиҳомоти воридшуда ба он нақше надоштааст.

Аз сӯи дигар бо гузашти замон низ равобит байн Теҳрон ва Душанбе ба чанд далел аз ҷумла ҳимояти Эрон аз ҲНИТ ва бархе масоили минтақаӣ ва дуҷониба то ҳудуде ба сардӣ гароид.

Ҳар чанд дар ин 4 сол сафари вазирони хориҷаи ду кишвар ва дигар вазирон ба Тоҷикистон ва Эрон шакл гирифт, аммо ин сафарҳо ба наздикии равобит пас аз истиқлоли Тоҷикистон сабаб нашуд.

Дар охирин рухдод дар таърихи 20 майи соли ҷорӣ дар зиндони Ваҳдати Тоҷикистон бар асари шӯриши гурӯҳҳои ифротӣ аз ҷумла аъзои ДИИШ илова бар кушта шудани 3 нигаҳбони зиндон 3 нафар аз аъзои ҲНИТ низ тавассути ин гурӯҳ кушта шуданд.

Аммо ҳоло, ки Сироҷиддин Меҳриддин, вазири хориҷаи Тоҷикистон ба Теҳрон сафар кард, ин сафар дар шароити кунунӣ дорои паёмҳои фаровоне аст.

Бар ҳамин асос хабаргузории Форс бар он шудааст то иртиботе бо Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ гирифта масоилро аз вай пайгир ва ҷӯё шавад, ки «Рисолат» онро пешкаши мухотабонаш мекунад.

 Таҳлили шумо аз ҳодисаи зиндони Ваҳдат чист? Шумо кадом ҷараён ё нафаротро айдори ин ҳодиса медонед? Кӯтоҳии давлат? Ҷараёнҳои идология? Фарди хос?

Кабирӣ: Бо истифода аз ин фурсат бори дигар таслияти худро ба хонаводаи шаҳидони ин ҳодиса баён мекунам. Ин ҳодиса ва куштори дастаҷамъии дигаре, ки 6 моҳи қабл дар яке аз зиндонҳои шимоли кишвар рух дод баёнгари буҳрони фарҳангӣ ва сиёсии амиқе аст, ки ҷомеаи мо дар он фурӯрафтааст. Хушунате, ки солҳо қабл вуҷуд дошт, акнун бори дигар ва қадам ба қадам ба хиёбонҳо, мадрасаҳо, хонаводаҳо ва зиндонҳо расидааст.

Ин ҳодиса намунае аз хушунатмеҳвар шудани ҷомеаи Тоҷикистон аст. Ин раванд аз ҳукумат оғоз ва кам-кам ба сатҳи ҷомеа роҳ ёфтааст. Пас аз расидан ба сулҳ, ҷомеаи мо як ҷомеаи гуфтугӯмеҳвар буд аммо рафта рафта ҳукумат дарҳои гуфтугӯро баст, неруҳои мӯътадилро аз саҳна берун кард ва баръакс, майдонро ба тундравҳо боз гузошт, ки натиҷааш он чизе аст, ки имрӯз мебинем. Ҷудо аз онки ин ҷиноят ба дасти чӣ касе анҷом шуд, аммо айбдор ҳукумат аст.

Бозии тактикӣ бо неруҳои тундрав ва истифодаи онҳо алайҳи мухолифони сиёсӣ, аз ҷумла алайҳи ҲНИТ тарҳи хатарноке буд, ки ҳукумат тақрибан 10 соли қабл оғоз кард. Ҳатто он замон, ки банда намояндаи маҷлис ва роҳбар як ҳизби расмии кишвар будам, як мартаба ҳам имкони сӯҳбат аз тариқи телевизиони давлатӣ ба мо дода нашуд.

Дар сурате, ки роҳбарони ҷараёни салафӣ ва тундрави Тоҷикистон меҳмони ҳамешагии шабакаҳои телевизионии расмӣ буданд ва алайҳи ҳизби мо ва дигар дигарандешони кишвар ҳарф мезаданд.

Ин иттиҳоди тактикии ҳукумат бо ҷараёнҳои тундрав натиҷааш рушди хушунат, нафрат ва аз байн рафтани фарҳанги гуфтугӯ шудааст.

Вақте ҳукумат майдони таблиғотро ба як ҷараёни такфирии тундрав медиҳад ва баъдҳо мақомоти кишвар расман ҳизбро ба шиагароӣ муттаҳам мекунад, оё натиҷаи дигареро ҷуз куштани афроди наздик ба наҳзат аз тарафи тундравҳо хоҳем дошт?

Номи Қиёмуддини Ғозӣ дар суханони расмии раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчун як фарди динфурӯш дар ивази пул ном бурда шуд ва Қиёмуддин муттаҳам ба пазируфтани мазҳаби шиа шуд ва қарор додани ин нафар дар як зиндон дар канори афроди наздик ба ДИИШ ҷуз ҳукми қатли ин инсон чизи дигаре нест.

Дар сурате, ки ҲНИТ як ҳаракати исломии мӯътадил аст ва эҷоди фазои нафрат алайҳи наҳзат ва пайравони он роҳандозии як фитнаи мазҳабӣ мебошад. Ҳукумат, наҳзат ва дигар неруҳои сиёсӣ ва мӯътадили фикриро ҳамчун рақиб мешиносад ва алайҳи онҳо мубориза мекунад, бехабар аз онки миллатро дар баробари ҳуҷуми идологӣ ва фарҳангии миллат халъи силоҳ кардааст.

Надоштан тафаккур ва стратегияи миллии дарозмуддат, қудратталабии номаҳдуд ва исломситезии тунди нухбагони ҳоким боиси пайдоиши ин вазъият шудааст. Аз ин рӯ, гурӯҳҳои тундравро банда танҳо васила медонам, омили аслии сиёсатҳо ва иттифоқот худи ҳукумат аст.

 Ҷудои аз мавзӯъот таблиғоте, ки кишварҳо ва бархе шахсиятҳои аршад сиёси дар хусуси хатар Доъиш унвон мекунанд, ба назар шумо хатар ҷараён ифрот ва ба таври мушаххас Доъиш ба чӣ мизон аст?

Кабирӣ: Хатари ҷараёнҳои ифротӣ дар кишвари мо бисёр вуҷуд дорад. Шароити сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии мавҷуд бистари муносибе барои пайдоиши ҳамагуна ифротгароӣ аст. Дар чунин вазъияте агар ифротгароӣ шакл намегирифт ҷой тааҷҷуб буд, на онки ин хатар дар ҳоли ҳозир вуҷуд дорад. Аммо, ин хатар аз тарафи доираҳои манфаатталаб ваба вижа доираҳои ҳоким барои баҳрагирии таблиғотӣ ва сарпӯш гузоштан бар тарҳҳои дигари сиёсӣ истифода мешавад. Ҳукумат аз вуҷуди чунин хатаре, нафъ мебарад ва агар намебуд ҳам, онро эҷод мекарданд.

Доштани як хатари мудириятшуда аз тарафи гурӯҳҳои тундрав, ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам хориҷӣ харидор дорад. На миллат ва на доираҳои хориҷӣ, масоиле чун ҳуқуқи башар, мардумсолорӣ ва озодиҳоро дар баробари хатари ифротгароӣ муҳим намедонанд. Ҳатто мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоии фаровон, ки миллат аз онҳо ранҷ мекашанд, дар баробари амният ва оромиш камранг мешаванд.

Соли гузашта кушта шудани чанд гардишгари ғарбӣ рух дод, ки ҳукумат фавран мухолифони худ, аз ҷумла ҲНИТ-ро масъули ин ҳодиса эълом кард. Ин иттиҳомро касе ҷиддӣ нагирифт ва ҳатто ба масхара кашида шуд. Ҳукумат то лаҳзаи охир талош кард номи ДИИШ дар робита бо он ҳодиса оварда нашавад, агарчи ДИИШ масъулияти онро ба ӯҳда гирифт.

Ин маъниаш он мешавад, ки ҳатто ДИИШ-и мудириятшуда дар кишварро ҳокимони Тоҷикистон хатар намедонанд. Балки ба он ҳамчун як фурсат нигоҳ мекунанд то бо истифода аз ингуна ҳаводис ҳам мухолифони худро саркӯб кунанд ва ҳам таҳти пӯшиши мубориза бо терроризм, фасоди идорӣ ва молӣ ва саркӯбгарии худро идома бидиҳанд.

Бояд ба як нукта таваҷҷуҳ шавад, ки ҳукумати Тоҷикистон то имрӯз ҳеҷ далел ва мадраки барои ҳамкории ҲНИТ бо гурӯҳҳои ифротӣ ироа накардааст. Баръакс, таҳдид шудани наҳзат аз сӯи гурӯҳҳои ифротиро нодида мегирад. Ҳоло агар ривояти ҳукумат дар бораи даст доштани тарафдорони ДИИШ дар шаҳодати чанд тан аз роҳбарони имрӯз ва ё собиқи наҳзат дар зиндон дуруст бошад, пас ин худ ҳамаи иттиҳомоти қаблии мақомот дар бораи ҳамкории ҲНИТ ва ДИИШ-ро зери савол мебарад.

Вале, эҳтимоли даст кашидани ҳукумат аз иттиҳомоти қаблии худ алайҳи ҲНИТ бисёр заиф аст ва ин масъала, шинохти гурӯҳҳои воқеан ифротгаро дар минтақаро мушкил мекунад. Ба назари мо, агар ҷилави ин раванд дар ин марҳала гирифта нашавад, хатари ифротгароӣ ба як воқеияти фоҷиабор табдил хоҳад шуд, ки мубориза бо он ҳазинаи бештаре хоҳад дошт.

Ҳанӯз ҳам фурсат ҳаст, агарчи бисёре фурсатҳоро аз даст додем, аммо ҳукумати Тоҷикистон омода нест иштибоҳоти худро бипазирад ва ислоҳоте дар рафтор ва сиёсатҳои худ анҷом диҳад. Танҳо роҳи боқӣ мондан дар қудратро идомаи хушунат, саркӯбгарӣ ва эҷоди таниш ва ихтилофот байни мардум медонад.

 Зарфият ва лузуми ҳузури ҷараёнҳои мӯътадили исломӣ ҳамонанди ҲНИТ дар мувоҷеҳа бо хатари ифротгароӣ чист?

Кабирӣ: Лузуми вуҷуди чунин як созмони қавии миллӣ бо доштани афкор ва роҳкорҳои мантиқӣ ва мӯътадилро коршиносон ва сиёсатмадорони минтақа ва ҷаҳон аз қабл гуфтаанд ва ин ҳарфи ҷадиде нест. То замоне, ки мо дар кишвар ҳузур доштем шумори андаке аз тоҷикон дар саффи гурӯҳҳои тундрав ҳамчун ДИИШ ё Алқоида вуҷуд доштанд.

Пас аз манъи фаъолияти наҳзат, ин теъдод ба ҳазорҳо нафар расид. Ин маъниро медиҳад, ки мо девори мустаҳками фарҳангӣ дар баробари ҳуҷуми андешаҳои тунд сохта будем ва ҷомеа онро вақте дарк кард, ки он девор бардошта шуд он ҳам дар шароите, ки наҳзат он замон ҳам таҳти фишори ҳукумат буд.

Имрӯз, ки тақрибан ҳамаи неруи мо барои дифоъ аз худ, барои озодии зиндониён ва мубориза алайҳи низоми худкома сарф мешавад, гурӯҳҳои ифротии дигар рақиби идологии қавӣ ва муссире надоранд.

Доираҳои расмии кишвар ва ба хусус, ниҳодҳои динии расмӣ ин мубориза идологиякро бо гурӯҳҳои тундрав чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз бохтаанд ва тавони рақобат надоранд. Танҳо неруе, ки метавонист ва ҳоло ҳам метавонад дар баробари рушди афкори ифротӣ истодагӣ кунад, ҲНИТ ва рӯҳонияти мустақил ва мӯътадили кишвар аст, ки ҳар дуро ҳукуматдорон аз саҳна берун карданд.

Аммо, чӣ ҳукумат бихоҳад чӣ нахоҳад, мо мубориза бо ифротгароиро як масъулияти имонӣ ва созмонии худ медонем ва дар ин ҷиҳат пайкорро идома хоҳем дод. Дуруст аст, ки феълан имконоти мо мисли солҳои қабл нест ва бахше аз имконоти мо харҷи мубориза бо ҳукумати золим ва фосид мешавад. Мо маҷбӯрем, ки алайҳи ифротгароӣ ва секулор ҳамзамон мубориза кунем. Чароки ин ду такмилкунанда ва бавуҷуд оварандаи якдигар ҳастанд ва яке бидуни дигараш наметавонад вуҷуд дошта бошад.

Ифротгароии секулор ҳамеша ниёз ба як ифротгароии мазҳабӣ дорад ва баръакс. Ҷомеаи моро ин ду гурӯҳ байни худ мехоҳанд тақсим кунанд ва неруҳои мӯътадили дунявӣ ва динӣ барои ҳар ду гурӯҳ монанди рақиб маҳсуб мешавад. Ҳамин аст, ки имрӯз як ҳуҷуми таблиғотии бузург алайҳи шахсиятҳо ва созмонҳои мӯътадил дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ шудааст ва ҳадаф ҳам дур кардани онҳо аз наҳзат ва доираҳои мазҳабии мӯътадил аст.

Мо бархе аз корҳои фарҳангӣ ва фикрии худро аз дохили кишвар ба хориҷ, байни муҳоҷирон мунтақил кардем. Чун раванди гароиш ба ифротгароӣ байни муҳоҷирон бисёр қавитар аст. 80 дарсади ҳозирон дар саффи ДИИШ аз муҳоҷирон будааст. Бинобарин, наҳзат ва дигар неруҳои мӯътадил масъулият доранд дар чанд тараф кор кунанд, ки ҳар кадом аҳамияти худро дорад.

 Оё метавон умедвор буд наздикии дубораи ду давлати Эрон ва Тоҷикистон, бархе ибҳомоти мавҷуд дар масъалаи ҲНИТ-ро бартараф кунад?

Кабирӣ: Эрон ва Тоҷикистон маҳкум ба он ҳастанд, ки ҳамеша бо ҳам наздик бошанд. Агар касе мухолифи наздикии ин ду кишвар бошад, мухолифи манофеи калони ҳам Тоҷикистон ва ҳам Эрон аст. Ҳоло, ки ишораҳое ба эҳтимоли беҳтар шудани робитаҳо мешавад, мо комилан аз ин раванд ҳимоят мекунем.

Агар ибҳомоте марбут ба наҳзат дар ин байн вуҷуд дорад, ин бармегардад ба иттиҳомоти беасоси ҳукумати Тоҷикистон ва сиёсатҳои иштибоҳи онҳо дар чанд соли охир. Ва барои мо ҳам акнун равшан нест, чаро баҳси наҳзат байни Эрон ва Тоҷикистон то ин ҳад доғ шудааст, дар сурате, ки мо фаъолиятмон дар Аврупо аст, на дар Эрон.

Эрон, ҳамчун як кишвари кафили сулҳ ва пуштибон аз наҳзат дар солҳои муқовамат ба хотири ҳифзи робита бо Душанбе ҳатто ҳозир нашуд як гурӯҳи кӯчак аз намояндагони моро бипазирад. Дар сурате, ки мо дар ҳамаи кишварҳои Аврупо ба таври озод ва расмӣ амал мекунем ва Душанбе ҳатто ҷуръат намекунад ин мавзӯъро бо ин кишварҳо матраҳ кунад. Чун, кишварҳои аврупоӣ ба касе иҷоза намедиҳанд дар бархе масоил аз хатҳои қирмиз убур кунанд.

Дар барқарори сулҳ дар Тоҷикистон, нақши Эрон бисёр бузург аст ва ҳифз ва пуштибонии он бояд арзиш дошта бошад. Ба хусус, ки як тарафи ин сулҳ як неруи исломӣ буд ва Эрон ҳам ба таври ошкор аз он ҳимоят мекард. Агар дар вақти ҷанг пуштибонӣ аз як неруи исломӣ арзиш ва аҳамият дорад, анҷоми масъулияти кафилӣ, пуштибонӣ аз сулҳ ва аз тарафи мазлум арзиши бештаре бояд дошта бошад. Дар инҷо на давлати Душанбе, балки Теҳрон бояд талабкор бошанд, чун Эрон кафили ин сулҳ аст.

Интизори Душанбе ҳам аз Эрон дар бораи наҳзат, ки бояд ҳамчун як созмони ифротӣ ва террористӣ шинохта шавад, як интизори беасос аст. Кадом кишвари ҷаҳон ин корро кардааст, ки ҳоло Эрон кунад?

 Чӣ роҳкорҳо барои хурӯҷ аз сардии ҳамкории Эрон ва Тоҷикистон хусусан дар масъалаи ҳизби наҳзат пешниҳод мекунед?

Кабирӣ: Роҳкоре, ки мо пешниҳод мекунем хеле содда ва равшан аст. Ҳамон роҳкоре, ки ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, ба хусус аврупоӣ дар бораи наҳзат кардаанд. Ба Душанбе шаффоф фаҳмонданд, ки ҳеҷ кадом аз иддаоҳои онҳоро алайҳи наҳзат қабул надоранд ва набояд мавзеи ин кишварҳо дар бораи наҳзат мавзӯи гуфтугӯ ва ҳамкориҳои ин кишварҳо бо Душанбе бошад.

Чаро сафири Олмон дар Тоҷикистон битавонад бо як сӯҳбати расонаии ошкор ин баҳсро дар худи Душанбе натанҳо барои кишвари худ, балки барои ҳамаи Аврупо хатм кунад, вале мавзӯи наҳзат то Теҳрон ва сатҳи роҳбарони ду кишвар кашонда шавад? Бархе воқеиятҳо вуҷуд доранд, ки ҳама онро бояд бипазиранд ва барои ҳама яксон бошад. Яке аз воқеиятҳо ин аст, ки наҳзат, як ҳаракати сиёсии мӯътадил аст ва ҳамаи ҷаҳон инро эътироф дорад, ҷуз як иддаи хосс дар Тоҷикистон.

Ин мушкил бояд барои ҳамон як идда боқӣ бимонад, на мушкили Эрон ё Аврупо. Ин воқеият бояд ба таври расмӣ ва ошкор расонда шавад ва набояд ҳамчун як мавзӯи доғ ҳамеша рӯи мизи гуфтугӯи дуҷониба бошад. Эрон то имрӯз мисли як бародар дар як хонавода, хештандорӣ кардааст.

 Ба унвони роҳбари ҲНИТ, чӣ интизоре аз Эрон доред?

Кабирӣ: Интизори мо аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамон интизоре аст, ки як неруи мардумӣ, вале мазлум дар як кишвари мусулмон аз ҷумҳурии исломӣ дорад. На камтар ва на бештар. Наҳзат дар саффи аввали мубориза алайҳи зулм ва истибдод ва ифротгароӣ дар минтақа қарор дорад ва ҳоло ҳам шаҳид медиҳад.

Шароит маҷбур кардааст, ки мо ҳам парчамдори мубориза барои ҳуқуқи башар бошем, ҳам барои расидан ба як ҷомеаи озод ва демократик талош кунем ва ҳам дар сангари дифоъ аз арзишҳои мӯътадили миллӣ ва мазҳабӣ қарор бигирем. Ин ҳам дар шароити сахти минтақаӣ ва байналмилалӣ, ки барои як неру ба танҳоӣ анҷоми ин ҳама вазифаҳоро ҳамзамон тақрибан ғайримумкин кардааст.

Дар замони бетафовутии кишварҳои исломӣ ва ғайриисломии мо маҷбӯрем бархе масъулиятҳои кишварҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалиро ҳам ба дӯш бигирем ва гирифтаем. Мо дар муборизаи худ такя ба Худованд ва миллати мӯъмини тоҷик кардаем, аммо интизор дорем, ки ҳамаи кишварҳо ва миллатҳои озодихоҳ ва зулмситез моро танҳо нахоҳанд гузошт. Табиӣ аст, ки интизороти мо аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчун кишвари кафили сулҳ бештар аз дигар кишварҳо аст ва бояд чунин ҳам бошад.

Мусоҳибаи фавқ баёнгари мавозеи раъиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар мавзӯъҳои пурсишшуда аст. Бадеҳӣ аст, ки ин омодагиро дорад, ки дар сурати хоиҳ ва омодагии мақомоти Тоҷикистон, ба ифои нақши ҳирфаии худ дар бозтоби назарот ва дидгоҳҳои ва мавозеи онон дар мавзӯъоти мазкур бипардозад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад