“Ҳукумати Тоҷикистон масъули бевоситаи ҳодисаи хунин”

Ба нақл аз Паём, ҲНИТ гуфтааст изҳороти зиддунақизи мақомот боиси пайдо гаштани саволҳо ва гумонҳо дар бораи омилҳои ин ҳодисаҳо мегардад. Наҳзати исломӣ аз мақомот талаб кардааст дар бораи ин ҳодисаҳо шаффофиятро пурра риоят намуда, ба ҷомеа ва наздикони қурбониён маълумотҳоро сари вақт ошкор намоянд. Ва суол гузоштааст, ки “чаро афроди мусаллаҳ барои ‘’тарсонидани дигарон’’ се рӯҳонии маъруфи зиндонро интихоб намуданд ва чигуна ин се нафар дар як вақт ва як ҷой ба дасти онҳо афтоданд?”

Барои равшан шудани ҳамаи паҳлуҳои ин ҳодиса Раёсати Олии ҲНИТ аз ҳукумати Тоҷикистон талаб кардааст, ки “гурӯҳи таҳқиқотии мустақил бо ширкати созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумла Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ ва хабарнигорони мустақил ташкил карда шавад, то ҷузъиёти ин ҳодиса ба таври дақиқ баррасӣ ва ба мардум расонида шавад”.

Матни изҳорот ба шакли зер аст:

Изҳороти ҲНИТ оиди ҳодисаи зиндони Ваҳдат

Раёсати Олии ҲНИТ ҳодисаи зиндони Ваҳдатро, ки ба кушта шудани даҳҳо нафар зиндонбонҳову зиндониҳо, аз ҷумла се шахсияти маъруфи кишвар, Каримов Саттор (Махсуми Абдусаттор) — узви Раёсати Олии ХНИТ, Сайид Қиёмиддини Ғозӣ — собиқ узви Раёсати Олии ҲНИТ ва узви Комиссияи Оштии миллӣ, рӯҳонии маъруф Сатторов Саидмаҳдихон (шайх Темур) мунҷар шуд, шадидан маҳкум намуда, зимни арзи таслият ба хонаводаи ҳама қурбониён, аз амният ва саломатии ҳамаи маҳбусони кишвар, аз ҷумла маҳбусони сиёсӣ, изҳори нигаронӣ мекунад.

Боиси нигаронист, ки ин дуюмин ҳодисаи хунин дар зиндонҳои кишвар аст, ки давоми ин сол сурат гирифт ва ҳануз ҳам паҳлӯҳои ҳодисаи аввал норавшан боқӣ мондааст. Чӣ дар ҳодисаи аввал ва чӣ дируза мақомот хабарҳои норавшан, умумӣ ва зиддунақизро нашр мекунанд, ки боиси пайдо гаштани саволҳо ва гумонҳо дар бораи омилҳои ин ҳодисаҳо мегардад. Барои мисол, вазорати Адлия дар баёнияи худ субҳи рӯзи 20. 05. 2019 овардааст, ки ‘’ байни худи ҷинояткорон муноқиша ва задухурди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст’’. Аммо, хадамоти матбуотии Сарраёсати зиндонҳо дертар ҳодисаи кушта шудани ин се нафарро ‘’бо мақсади тарсонидани онҳо бо корд ваҳшиёна ба қатл расониданд’’ нишон додааст.

Сарчашмаҳои мустақил ва аъзои хонаводаи зиндониҳо шумораи қурбониёнро бештар аз он медонанд, ки расонаҳо то ҳол аз забони мақомот нашр кардаанд.

Мақомотро лозим аст, ки дар бораи ин ҳодисаҳо шаффофиятро пурра риоят намуда, ба ҷомеъа ва наздикони қурбониён маълумотҳоро сари вақт ошкор намоянд. Суоли калидӣ ин аст, ки чаро афроди мусаллаҳ барои ‘’тарсонидани дигарон’’ се рӯҳонии маъруфи зиндонро интихоб намуданд ва чигуна ин се нафар дар як вақт ва як ҷой ба дасти онҳо афтоданд?

Раёсати Олии ҲНИТ Ҳукумати кишварро масъули бевоситаи ин ҳодисаҳо дониста, ин ҳамаро натиҷаи сиёсатҳои ғалати роҳбарияти кишвар медонад, ки тули чанд соли охир ҷомеъаро пур аз фазои нафрат бар зидди ҳизбҳо, гурӯҳҳо ва шахсиятҳои гуногунандеш намудааст. Доман задани ихтилофоти мазҳабиву сиёсӣ ва ба якдигар душман гардонидани қишрҳои гуногуни ҷомеъа ҷуз ҳамин гуна натиҷахо чизи дигаре нахоҳад дошт.

Раёсати Олии ҲНИТ таъкид мекунад, ки масъулияти саломатӣ ва амнияти ҷонии зиндониён ба души ҳукумати кишвар мебошад. Бо ҳам нигоҳ доштани зиндониёне, ки аз лиҳози фикрӣ ва эътиқодӣ бо ҳам ихтилоф доранд, маънии огоҳона ба вуҷуд овардани муноқиша ва бархурдро дорад.

Барои равшан шудани ҳамаи паҳлуҳои ин ҳодиса Раёсати Олии ҲНИТ талаб мекунад, ки гурӯҳи таҳқиқотии мустақил бо ширкати созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумла Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ ва хабарнигорони мустақил ташкил карда шавад, то ҷузъиёти ин ҳодиса ба таври дақиқ баррасӣ ва ба мардум расонида шавад.

Раёсати Олии ҲНИТ

20.05.2019

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад