Садои Назаров аз боздоштгоҳи Сурия баланд шуд

Хабаргузории “Рейтер” гуфтугӯи ин шаҳрванди Тоҷикистонро аз боздоштгоҳи Нерӯҳои демократии курди Сурия мунташир кардааст, ки пас аз шикасти гурӯҳи террористии ДИИШ ба асорати ин нерӯҳо даромадааст.

Назаров муддаӣ аст, ки ӯ таҳти таблиғоти нодурусти мубаллиғони гурӯҳи террористии ДИИШ дар Русия қарор гирифта ва ба Сурия рафта ва баъдан мутаваҷҷеҳи иштибоҳи худ шудааст.

Ба гуфтаи Абдулаҳад Назаров, вай пас аз дарки воқеият се бор талош кардааст, ки аз Сурия фирор кунад, аммо боздошт ва ба зиндони ДИИШ маҳкум шудааст.

Вай таъкид кардааст, ки дар бораи вазъи ногувори хеш дар Сурия ба мақомоти интизомии Тоҷикистон низ иттилоъ додааст.

Манобеи интизомӣ дар Душанбе гуфтаанд, ки хабари ҳузури Абдулаҳад Назаров дар Сурияро аз бастагони вай дарёфт кардаанд.

Хонум Туҳфа Искандарова, вакили мудофеи Абдулаҳад Назаров дар маҳаллаи бинокорони ноҳияи Ваҳдат таъйид карда аст, ки дар соли 2015 аз ҳузури вай дар Сурия иттилоъ ёфта буданд.

Абдулаҳад Назаров муддаӣ аст, ки дар шаҳри Мавсили Ироқ, дар яке аз қаҳвахонаҳо сарҳанги фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимовро дидааст ва ба эҳтимоли зиёд фармондеҳи собиқи нерӯи вижаи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар ҷангҳои Ироқ кушта шудааст.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки аз соли 2014 наздик ба 1900 шаҳрванди ин кишвар бо пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ ва бавижа ДИИШ ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, ки беш аз 350 тан аз онон дар даргирӣ бо артишҳои ин ду кишвари арабӣ кушта шудаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад