Исроил фармондеҳони артишҳои Саудӣ ва Аморотро омӯзиш медиҳад

Манобеъи дипломатики арабӣ аз сафарҳои давраии фармондеҳи артишҳои бархе аз кишварҳои арабӣ аз ҷумла Арабистон ва Аморот ба Телавив хабар дода гуфтанд, ки ҳадафи ин сафарҳо омӯзиши кор бо таҷҳизоти пешрафтаи низомӣ таҳти назорати фармондеҳи баландпояи артиши ишғолгари Исроил аст.

Ба гузориш Тоҷик Пресс, равобити миёни кишварҳои арабӣ бо режими саҳюнистӣ, ба вижа тайи моҳҳои ахир шоҳиди таҳаввулоте чашмгир ва ҳассос будааст ва ин сатҳи равобит аз тамоми хатҳои сурхе, ки қабл аз 22 соли пеш кашида шуда, ба наҳве, ки Исроил аслитарин душман дар минтақа ба ҳисоб меояд, убур кардааст.

Бо вуҷуди тамоюли ин кишварҳо ба ифшогарӣ дарбораи мароҳил ва ҷузъиёти беҳбуди равобиташон бо режими ишғолгар, вале ин масъала аз сӯи расонаҳо ва изҳороти масъулон, чӣ Исроилӣ ва чӣ ғарбӣ фош шуда, ва ба наҳве, ки ин беҳбуди равобит ба марҳалаи “пешрафта ва ҳассос” ворид шудааст.

Дипломатҳои баландпояи арабӣ дар гуфтугӯе вижа бо пойгоҳи хабарии “Алхалиҷ онлайн” фош карданд равобити байни кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Арабистони саудӣ ва Аморот, бо Исроил тайи се моҳи ахир ба вижа дар моҳи декабри гузашта шоҳиди таҳаввуле чашмгир дар таърихи равобити дуҷониба будааст.

Ин манобеъ таъкид карданд, ки дар моҳи декабр ҳайатҳои арабӣ дар олитарин сатҳ “амниятӣ ва низомӣ” аз шаҳри Телавив дидор карданд. Ин сафар ба далели моҳияти комилан сиррӣ, маҳрамона буд.

Манобеъи арабӣ тасреҳ карданд, ҳайатҳои арабӣ инбор бо нияти ройзанӣ ҷиҳати беҳбуди равобит ё густариши он, ба Телавив сафар накарданд балки онҳо ин маъмуриятро ба сатҳи сиёси вогузор карданд. Сафари ҳайатҳои арабӣ ба Телавив бо ҳадафи дигаре анҷом шуд, ки табаоти муҳимме бар кулли минтақа, ба вижа дар таърихи мунозиъаи арабҳо бо Исроил, хоҳад гузошт.

Ба гуфтаи ин манобеъ, ҳадафи аслии ин сафар, омӯзишҳои фишурда ба рӯи таҷҳизоти пешрафтаи низомӣ ва амниятӣ буд, ки дар ҷангҳо ба кор гирифта мешавад, ва ин омӯзишҳо бо назорати фармондеҳи баландпояи артиши ишғолгари Исроил дар яке аз пойгоҳҳои низомӣ дар шаҳри Телавив анҷом шуд.

Дипломатҳои арабӣ дар идома афзуданд, ки фармондеҳони артишҳои кишварҳои арабӣ аз таҷрибаҳои низомӣ дар истифода аз бархе дастгоҳҳои пешрафтаи амниятӣ, ки дар ҷангҳо истифода мешавад, бархурдор нестанд, лизо онҳо дар Исроил танҳо пойгоҳашонро барои касби тахассуси лозим ҷиҳати таомул бо ин тавсеаи низомӣ диданд, ки минтақаро дарменавардад.

Ба гуфтаи манобеъи мазкур, давраҳои омӯзишии масъулони баландпоя дар артишҳои арабӣ ба вижа аз Аморот ва Арабистони Саудӣ, дар Фаластини ишғолӣ ба сурати моҳиёна анҷом мешавад ва ин кишварҳо тамоюл доранд, ки сафар ба Телавив комилан махфӣ бимонд.

Ин манобеъ ба “Алхалиҷ онлайн” эълом карданд, ки ҳайатҳои амниятии кишварҳои арабӣ бо ҳавопаймои ихтисосӣ аз фурудгоҳи “Абузабӣ” мустақиман озими фурудгоҳи “Бен-Гурион” дар Телавив шуданд.

Рӯзномаи саҳюнистии “The Jerusalem Post”, авохири октябри гузашта фош кард, Арабистони Саудӣ 250 миллион доллар таҷҳизоти амниятӣ ва ҷосусӣ аз Исроил харидорӣ ва ба Риёз мунтақил кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад