Чаро тоҷикон баданаи аслии ДИИШ ҳастанд?

Маъруфтарин бумиёни Тоҷикистон дар саффи неруи ДИИШ имрӯза ду нафар ҳастанд; Г.Ҳалимов, вазири ҷанги ДИИШ ва Т.Назарав, ки бо номи арабии Абӯусомаи Норакӣ шинохта ме‎шавад.

Дар шимоли шарқи Сурия амалиёт барои нобудии охирин муҳосираи давлати ба истилоҳ исломӣ (созмони террористии давлати исломии Ироқ ва Шомот, ё ҳамон ДИИШ) дар ҳоли тамом шудан аст.Дар Ироқ охирин ноҳияҳои таҳти контроли ДИИШ ҳамонтавр, ки расман тавассути давлати ин кишвар эълон шудааст дар декабри 2017 озод шуд. Дар тобистони 2014 дар сарзаминҳои ишғолии Ироқ ва Сурия буд, ки раҳбари террористҳо Абӯбакр Бағдодӣ эълони эҷоди як давлати исломӣ ё хилофат кард ва худро халифа хонд. Пас аз он родиколҳои мазҳабӣ аз саросари ҷаҳон шурӯъ ба муҳоҷирати густарда ба манотиқи таҳти контроли ДИИШ карданд. Ва агар, ки аз ибтидо аз шаҳрвандони пасошӯравӣ, бумиёни манотиқи Қафқоз нақши фаъолтаре дар ин созмони террористӣ ифо карда буданд, пас аз нимаи дувуми соли 2016, тоҷикон буданд, ки бештар аз дигарон дар миёни онҳо қобили мушоҳида буданд. Фармондеҳи собиқи Тоҷикистон, Гулмурод Ҳалимов, ки ба ДИИШ пайваст, “вазири ҷанг” муодили вазири дифои хилофат шуд, ки дар воқеъ, дувумин шахс пас аз Бағдодӣ буд ва акнун дар миёни мудофеони охирин паноҳгоҳи сурӣ ин бумиёни Тоҷикистон қобили таваҷҷӯҳ ҳастанд.Фирориҳо ё мурдаҳоМаъруфтарин бумиёни Тоҷикистон дар саффи неруи ДИИШ имрӯза ду нафар ҳастанд: вазири ҷанг “Ҳалимов” ва “Тоҷиддин Назарав”, ки бо номи араби Абӯусомаи Норакӣ шинохта ме‎шавад. Ахиран расонаҳои Русия иттилооти марбут ба таҳқиқоти сервиси федерали амниятро дар бораи омодасозии ҳамалоти террористӣ дар шаҳри Маскав ва минтақаи Маскав дар соли 2016 ва 2017 мунташир карданд. Ба гуфта мақомоти амниятӣ, ду гурӯҳаки террористие, ки ҳамроҳи шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандони Русия ва ҳатто Арманистон низ дида мешуданд, барномарезӣ карда буданд то комюнҳои низомиро дар роҳи бузургроҳи Хорушевский ба самти пойгоҳи аслии идораи иттилоот мунфаҷир кунанд ва ҳамчунин дар назар доштанд, ки инфиҷорҳое дар яке аз қисматҳои маркази шаҳри Маскав , байни истгоҳҳои “Шелепихинский” ва майдони “Гагарин” анҷом диҳанд. Мағзи мутафаккири ин террористҳо Норакӣ буд. Ӯ аз роҳи дур, аз тариқи паёмрасонҳо, ҳар ду гурӯҳро раҳбарӣ мекард.Илова бар ин, созмондеҳии ду ҳамлаи террористии бузург дар Шветсия ва Тоҷикистон ба Норакӣ нисбат дода шудааст. Дар апрели 2017 ӯ дар тамос бо шаҳрванди узбекистонӣ Раҳмат Ақилов, ки дар Шветсия зиндагӣ мекард, ӯро ба боварӣ расонд, ки ба зер гирифтани ҷамъияти обирон дар маркази Стокголм тавассути комюн карда буд. Дар замони бархурди Ақилов бо ҷамъият, дар ниҳоят панҷ кушта ва 15 нафар захмӣ шуданд, Ақилов дар иртиботи пайваста бо ӯ, ба шакли онлайн филми ин ҳодиса дар майдони шаҳрро барои ӯ фиристодааст. Дар тобистони соли 2018 додгоҳи Шветсия ин террористро ба ҳабси абад маҳкум кардааст.Мутобиқи як гузориш, Норакӣ, ки аз роҳи дур муваффақ ба истихдоми як гурӯҳ аз ҳамватанони худ аз 15 то 22 сола шуд, ки дар моҳи июли гузашта ба як гурӯҳи дучархасаворе дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон ҳамла карданд. Дар натиҷаи ин ҳамла чаҳор шаҳрванди Амрико, Швейтсария ва Ҳолланд кушта шуда, ва се гардишгари дигар ба шиддат захмӣ шуданд. Сипас ДИИШ масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифт. Бо ин ҳол, хадамоти вижаи Тоҷикистон иддао мекунанд, ки ҲНИТ, ки дар ин кишвар мамнӯъ аст, дар ин ҳамла айбдор будааст. Ба ҳар ҳол ҳар чӣ, ки буд, ҳоло ҳам Норакӣ таҳти таъқиби Хадамоти вижа аст.Дар мавриди Ҳалимов, дар чандин маврид кишварҳои мухталифе, ки дар амалиёте алайҳи ДИИШ дар Ироқ ва Сурия ҳузур доштанд, иттилооте дар мавриди марги сарҳанги фирориро мунташир карданд. Бо ин ҳол ҳануз иттилооти қобили эътимод дар мавриди марги ӯ вуҷуд надорад. Ҳалимов, бо таваҷҷӯҳ ба иттилооти Хадамоти вижаи Амрико ва Ироқ, созмондиҳандаи аслии дифоъ аз шаҳри Мавсил дар баробари иътилофи зиддитеррористӣ буд. Дар ибтидо, ин иътилоф умедвор буд Мавсилро дар давоми чандин ҳафта пок кунад, аммо нӯҳ моҳ ин шаҳр ғарқи дар ҷангу хун буд. Илова бар ин, бо таваҷҷӯҳ ба шиносоиҳои артиши Ироқ, террористҳое, ки муташаккил аз қавми тоҷик буданд, бисёр ҳирфаӣ ва қотеъона муқовамат карданд. Бахши қадимии Мавсил, ки охирин маркази муқовамати террористҳо дар ин шаҳр буд, дар ҳақиқат бо ҳамалоти ҳавоӣ ва тӯпхона пок шуд. Бо таваҷҷӯҳ ба яке аз гузоришҳо, ҷое дар зери ин харобаҳо, бадани Ҳалимов низ боқӣ мондааст. Дар шаҳри қадимии Мавсил, овор ҳануз дар ҳоли резиш аст, ва бадани мурдагон дар онҷо ёфт мешавад.Бо ин ҳол, ба гуфтаи хабаргузори «Фарғона» Ҳалимов ҳануз зинда аст ва шояд дар ҳоли ҳозир дар қаламрави вилояти Бадахшон қарор дорад. Бар асоси гузориши ин хабаргузорӣ, генерали фирорӣ дар вилояти Бадахшон аст, ки дар 80 километрии марзи бо Тоҷикистон воқеъ шудааст. Ӯ тарафдорони зиёде дорад; аз ҷумлаи онҳо ситезаҷӯёне ҳастанд, ки аз Сурия фирор карда ва ҳамчунин 15 нафар аз гурӯҳи “Алфа”-и КДАМ, ки дар соли 2017 ба ноҳияи Ишкошим мунтақил шуда, аммо баъд аз убур аз марзи давлатӣ ба Ҳалимов пайвастанд. Ин манбаъ гуфт: “Ин иттифоқ аланӣ нашуд, аммо ин иттифоқ афтод.” ӯ хотир нишон кард, ки фиристодаҳои Ҳалимов дар ҳоли ҳозир ба минтақаи мустақилли Бадахшони Кӯҳистонии Тоҷикистон таҳти пӯшиши тоҷир нуфуз мекунанд, бар вазъияти минтақа назорат карда ва заминаро барои истихдоми тарафдорони ҷадид баррасӣ мекунанд.Садҳо нафар рафтанд, даҳҳо нафар бозгаштандДар моҳи ноябри 2018, КДАМ гузориш дод, ки дар солҳои ахири ҳудуди 1900 шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурия ва Ироқ рафта ва барои ширкат дар ҷангҳои дохилӣ ба ДИИШ пайвастанд. Беш аз 1.7 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон, ки ба ситезаҷӯён пайвастаанд, дар рӯйхатти таҳти таъқибҳо қарор доранд. Лозим ба зикр аст, ки на танҳо касоне, ки мехостанд дар ихтилофот дар саффи террористҳо ширкат кунанд, балки ҳамсарон, фарзандон, волидайн ва соири бастагони онҳо низ аз кишвар рафтаанд. Ҳатто бо вуҷуди ин, ки аз соли 2016 Русия, Амрикл, Туркия, Эрон ва бархе аз кишварҳои аврупоӣ ба шиддат даргири ҷанг алайҳи ДИИШ дар Сурия ва Ироқ буданд ва сарзамин таҳти контроли террористҳо шурӯъ ба коҳиши шадид кард, бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчунон саъй карданд – бо дастёбӣ ба муваффақият ё номуваффақ – ба террористҳо бипайванд. Ба ин тартиб, дар авоили соли 2018, тамоми як хонаводаи 29 нафарӣ, ки бумии вилояти Сӯғд буданд аз Туркия ба Тоҷикистон фиристода шуданд. Онҳо дар се автобус дар ҳоли талош барои расидан ба Сурия, ба қаламрави таҳти контроли террористҳо буданд. Баҳори гузашта, муҳокимаи ин хонавода оғоз шуд. Дар миёни онҳо зани 70 сола, писари 44 солааш, духтар, зан ва домоадшон ҳузур доштанд.Дар ҳамон замон, пас аз онки мақомоти Тоҷикистон барои афроде, ки ба террористҳо пайваста буданд, онҳое, ки тавба карда ва тасмим ба бозгашт доштанд, раванди афвро оғоз карданд, ҷангҷӯёни собиқ ва хонаводаҳои онҳо шурӯъ ба бозгашт ба Тоҷикистон карданд. Аз оғози соли 2018 милодӣ 163 узви тавбакунандаи гурӯҳҳои террористӣ довталабона ба ватани худ бозгаштаанд.Бо ин вуҷуд, мушкил дар афви шебҳи низомиёни собиқ нест, балки дар идомаи родикол шудани бумиёни Тоҷикистон аст.Сабаби родиколизиссионХабаргузории “Фарғона” дар мавриди ин воқеият, ки мақомоти Тоҷикистон худ дар авоили сол 2014 муқаддимоти родиколиза шудани ҷамъият, ба вижа дар миёни ҷавононро фароҳам карданд, замоне, ки ДИИШ дар Ховари Миёна вуҷуд надошт (аз ҷумла авомили таҳрики родиколизосиун, ба вижа, ” қонуни дин” дар соли 2009 буд. Мутобиқи ин қонун, шароити сахтгирона барои сабти ном дар тамоми гурӯҳҳои мазҳабӣ, масъулияти кайфарӣ барои фаъолитҳои мазҳабии сабт нашуда, омӯзиши мазҳабии хусусӣ ва маҳдудиятҳои шадид дар мавриди теъдод ва андозаи масоҷид, ба иҷро даромад. Илова бар ин, “қонуни масъулияти волидайн”, ки дар соли 2011 тасвиб шуд, ба кӯдаконе, ки ба синни қонунӣ нарасида буданд иҷоза дод то дар фаъолиятҳои мазҳабии созмонёфта танҳо дар ниҳодҳои расмии динӣ ширкат кунанд. Ҳамаи занону ҷавонони зери 18 сол аз ҳузур дар масоҷид манъ шуданд. Возеҳ аст, ки дар шароити буҳрони иқтисодии доимӣ дар Тоҷикистон, афзоиши фишор аз сӯи давлат, ҷавонон ва дигар шаҳрвандони норозӣ шурӯъ ба ҳамбастагӣ бо касоне, ки бештар саркӯб мешаванд, мекунанд. Бинобарин, дар ҷомеаи Тоҷикистон, рушди пойдори касоне, ки ба думболи ҳалли мушкилоташон дар диндории беш аз ҳад ҳастанд, ба чашм мехӯрад.Мавҷи ҷадиди родиколиза шудани ҷомеа дар Тоҷикистон пас аз як шӯриши аҷибу ғариб тавассути муовини вазири дифои ҷумҳурӣ, генерал Абдулҳалими Назарзод ( ки ба номи Ҳоҷӣ Ҳалим машҳур буд) дар терамоҳи соли 2015 ва пас аз он мамнӯъияти неруҳои аслии мухолифони сиёсӣ – ҲНИТ рух дод. Илова бар ин, ҲНИТ на танҳо мамнӯъ шуд, балки мақомот шурӯъи саркӯби мудовими ҳамаи касоне, ки дар ин ҲНИТ ҳузур доштандро низ оғоз карданд.Муҳаққиқон Эдвард Лимун ва Ҷон Ҳитершоу мӯътақиданд, ки “ҷобаҷоӣ ва инзивои мардон ҷавони муҳоҷир (ба унвони як натиҷа аз муҳоҷирати иҷборӣ)  ва содироти саркӯб тавассути давлатҳои кишварҳои мабдаи онҳо метавонанд ба беҳтарин шакл ба ин савол, ки чаро Осиёи Марказӣ” содиркунандаи терроризм аст ” посух диҳанд.Муҳим аст, ки таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки ин падида бисёр кам шинохта шуда аст ва ҳануз ҳам нодир аст. Таҳқиқот дар ин замина кофӣ нест, ва бисёре аз онҳо низ аз байн рафтаанд. Танҳо чизе, ки акнун метавонем бигӯем ин аст, ки идаҳои родикол барои ин афрод, нишонаҳо ва на далоили тасмимгирии онҳо дар ҷустуҷӯи маънои хушунатҳои террористӣ аст. “Онҳо дар хотима мегӯянд: “Ончи, ки дар ин фазои муҳоҷиратии фаромиллӣ барои ин мардум рух додааст, бештар аз сабабҳои решаии он дар Осиёи Марказӣ, муҳимтар аст. Қабл аз тавзеҳ инки чаро ин минтақа ифротгароиро содир мекунад, мо бояд бидонем, ки чӣ иттифоқе дар зиндагии онҳо дар хориҷ аз Осиёи Марказӣ рух дода аст”.Ба гуфтаи онҳо, родиколизосиуни муҳоҷирон аз ҳамон Тоҷикистон низ иттифоқ меафтад, зеро созмонҳои амниятии давлатии онҳо сиёсатҳои саркӯбгаронаро ҳатто дар хориҷ аз кишвар низ шурӯъ карда ва думбол мекунанд. Онҳо хотирнишон мекунанд: “таҳлили пойгоҳи додаҳои мухолифони сиёсии хориҷ аз кишвар таъйид мекунад, ки Хадамоти амниятии давлати Тоҷикистон … дар фаъолиятҳои худ дар хориҷ аз кишвар ба таври физояндае фаъол ва бераҳм ҳастанд. Ин амр мумкин аст гурӯҳҳои инҳисорталаби мардони ҷавонро ташвеқ кунад то барои мубориза ба созмонҳои ифротӣ бипайванданд. “Қобил таваҷҷӯҳ аст, манотиқе, ки дар наздикии Афғонистон ҳастанд, дар раъси ифротигароӣ дар Тоҷикистон нестанд (ҳарчанд ба назар мерасад, ки ифротигарии Толибон дар ин манотиқ ба роҳатӣ метавонанд афкору ақоиди худро содир кунанд). Ба гуфтаи маркази мутолиоти стратегии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, дар арсаҳои таҳти контроли ҷумҳурӣ, ҷунбишҳои родикол дар шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Рӯдакӣ ва ноҳияи Нуробод пайравони худро пайдо кардаанд. Рӯдакӣ ва Ваҳдат воқеъ дар наздикии шаҳри Душанбе ҳастанд. Идаҳои родиколи решаӣ ва ҷиҳат дар ислом низ дар минтақаи Сӯғд (шимоли Тоҷикистон) маҳбуб ҳастанд – тарафдорони ин идаҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд (замоне онро пойтахти фарҳангии ҷумҳурӣ мепндоштанд) Исфара, Конибодом, Истаравшан, Панҷакент, ноҳияи Ҷаббор Расулуф, ноҳияи Ашт, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Мастчоҳ зиндагӣ мекунанд. Бар асоси иттилооти расмӣ, чандсад сокини мантиқаи Суғд ва баъзе аз он манотиқ, ки дар боло зикр шуд, ҳатто бо хонаводаҳояшон, дар урдугоҳҳои вижа дар кишварҳои хориҷӣ, умдатан дар Сурия, Афғонистон ва Покистон қарор доранд. Дар минтақаи Хатлон (ҷануби Тоҷикистон, ки дар марзи бо Афғонистон қарор дорад), Кӯлоб, навоҳӣ Шаҳритуз, Қабодиён, Бохтар, Фархор, Восеъ ва Ҷалолуддини Балхӣ, марокизи родиколисми исломӣ ҳастанд. Танҳо аз сокинони минтақаи Ҷалолиддин Балхӣ 23 нафар ба ҷанги Ироқ ва Сурия рафтанд ва дар онҷо ба саффи ДИИШ пайвастанд. Се нафар аз онҳо бо хонаводаҳояшон ба ҷанг барои бегонагон рафтанд.Дар мутолиаи маркази мутолиоти стратегӣ омадааст, дар минтақаи мустақилли Бадахшони Қӯҳистонӣ, пайравони ҷунбишҳои родиколи исломи дар ноҳияи Ванҷ, ба вижа дар дара Яазгулом, зиндагӣ мекунанд. Ситезаҷӯён – бумиён ин минтақа на фақат дар Сурия ва Ироқ, ҳамчунин дар Афғонистон низ мубориза мекунанд.Ба гуфтаи коршиносони маркази мутолиоти стратегии раёсатҷумҳурӣ, сабабҳои аслии родиколизосиун, фасод аз тарафи мақомоти маҳаллии давлат дар манотиқ аст. Изофа мекунем, ки фасод  дар Тоҷикистон ҳамчунон рӯз ба рӯз бештар мешавад. Бинобарин ба таври куллӣ хушбинӣ дар ояндаи кишвар дида намешавад

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад