Наздикони Гулмрод Ҳалимов дар Бадахшон

Вобастагон ба Гулмурод Ҳалимов дар ҳоли рафтуомад дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон ҳастанд.

Ба гузориши хабаргузории TajikPres ба нақл аз Сомонаи  Фарғона, ки аз маъруфтарин сомонаҳои русизабони минтақа аст, муддаӣ аст, ки ҷангҷӯёни вобаста ба полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимов дар ҳоли рафтуомад дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон ҳастанд.

Ин сомона бо истинод ба манобеи худ тасреҳ карда, ки вобастагон ба Гулмурод Ҳалимов таҳти унвони тоҷир ва бо убур аз марзи Афғонистон ба Тоҷикистон, вориди вилояти худмухтори Бадахшон мешаванд ва дар ин минтақа машғули ҷамъоварии иттилоот барои ҳамлаҳои баъдӣ ба ин қисмат аз Тоҷикистон ҳастанд.

Тибқи навиштаи Фарғона худи Ҳалимов, ки дар минтақаи Минҷони устони Бадахшони Афғонистон қарор дорад, 80 километр бо марзи Тоҷикистон фосила дорад.

Гуфта мешавад чандин ҳазор тарафдори ин сарҳанги шӯришӣ ба шумули ДИИШ-иҳои фироркарда аз Сурия ва Ироқ ҳамроҳи ӯ ҳастанд. Афзун бар ин 15 нафар аз кормандони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон низ дар қатори ҷангҷӯёни Ҳалимов ба сар мебаранд. Ин афрод соли 2017 бар асоси маъмурияти вижа ба нуқтаи марзии Ишкошим эъзом шуда буданд, аммо дар идома бо убур аз марз ба гурӯҳи Ҳалимов мулҳақ шуданд.

Сомонаи Фарғона менависад ин як воқеият аст, ҳарчанд ифшо намешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад