Бозгашти Гадоев Шарофиддин ба Аврупо, баъди “бозгашт” ба Тоҷикистон

Файзуллоҷон Сафаров, узви собиқи "Гурӯҳи 24" дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Гадоевро субҳи барвақти дувуми март тавассути ҳавопаймои "Сомон Эйр" ба Франкфурт "гусел карданд". Ба қавли ӯ, "мақомот Шарофиддин Гадоевро авф карданд ва ӯ ба Аврупо баргашт".

Ҳавопаймои “Сомон Эйр” соати 03:20 аз Душанбе ба парвоз хеста, соати шаши субҳ ба вақти Олмон бояд ба Франкфурт бирасад.

Агар иттифоқи дигаре дар байн наафтад, Гадоев субҳи 2 март дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо хоҳад шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон ба далели қазияи бозгашти пурасрори ин намояндаи мухолифин таҳти фишори афзояндаи байналмилалӣ қарор гирифта буд.

Пулис ва вазорати хориҷаи Шоҳигарии Ҳолланд тафтиши қазияи дар Душанбе пайдо шудани Гадоевро тафтиш мекарданд, чунки Шарофиддин Гадоев дар Ҳолланд мақоми паноҳандаи сиёсӣ гирифта, таҳти ҳимояти байналмилалӣ қарор дошт. Аз номи Ҳолланд сафорати Олмон дар Тоҷикистон дар қазияи Гадоев миёнаравӣ мекард, чунки худи Ҳолланд дар Душанбе сафорат надорад.

Сомонаи “Ахбор” шоми 1 март иттилоъ гирифта буд, ки миёнаравии сафорати Олмон натиҷа додааст ва мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки ба хотири рафъи шакку гумонҳо дар мавриди дар Русия рабуда шудан ва маҷбуран ба Тоҷикистон овардани Гадоев ӯро раҳо кунад ва иҷозат бидиҳад, ки ба Аврупо баргардад.

Гадоев дар ҳоле ба Аврупо бармегардад, ки қарор буд, рӯзи 4 март вазири хориҷаи Люксембург Жан Ассерборн ба Душанбе сафар карда, аз ҷумла бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кунад. Гуфта мешуд, ки Асселборн метавонад масъалаи Шарофиддин Гадоевро низ бо мақомоти Душанбе дар миён гузорад. Зоҳиран дар Душанбе ба хулосае расидаанд, ки қазияро аз ин бузургтар накунанд ва ҳанӯз то омадани дипломати баландпояи аврупоӣ дар қазияи Гадоев нуқта гузоранд.

Дар навори гусели Шарофиддин Гадоев аз Фурудгоҳи Душанбе, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт дида мешавад, ӯро модар ва хоҳараш гусел мекунанд. Зимнан Сулаймон Давлатов, яке аз намояндагони мухолифин дар хориҷ, ки аз Фурудгоҳи Франкфурти Олмон ба Радиои Озодӣ суҳбат мекард гуфт, ҳавопаймои шомили Шарофиддин Гадоев лаҳзае пеш пойин шуд. Ба гуфтаи Давлатов, қарор аст то соати дигар Шарофиддин Гадоев берун ояд.

Шарофиддин Гадоев рӯзи 15-уми феврали имсол ба таври мармуз дар Тоҷикистон пайдо шуд ва Вазорати умури дохилӣ билофосила эълон кард, ки ӯ бо ибрози пушаймонӣ аз “кирдорҳояш” тавассути хатсайри Маскав-Душанбе ба кишвар баргаштааст.

Вале мухолифон ва созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Human Rights Watch гуфтанд, ки ӯ рӯзи 14-уми феврал дар шаҳри Маскав рабуда шуда, зӯран тавассути ҳавопаймои “Сомон Эйр” ба Душанбе бурда шудааст.

Эътилофи созмонҳои мухолифон як навори пеш аз сафари Гадоевро низ нашр кард, ки дар он мегӯяд, агар ногаҳон дар Тоҷикистон пайдо шуд ва изҳорот дод, ки бо хоҳиши худ баргаштааст, бовар накунанд, “чун худро ба ҳукумат таслим карданӣ нест”.

Тайи чанд рӯзи охир дар куҷо ва дар чӣ ҳолат будани Шарофиддин Гадоев маълум набуд. Бо вуҷуди вокунишҳои зиёди байналмилалӣ низ мақомот дар бораи Шарофиддин Гадоев ҳарфе нагуфтанд.

Худи Шарофиддин Гадоев низ давоми ду ҳафтаи дар Душанбе будан барои расонаҳо дастнорас буд. То ҳол назари ӯ дар бораи “бозгашт”-аш ба Тоҷикистон ва бозгашти дуборааш ба Аврупо ва шарту шурути озодиаш маълум нест.

Шарофиддин Гадоев яке аз чеҳраҳои фаъоли мухолифини тоҷик дар Аврупо буд, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста мақомоти тоҷикро интиқод мекард. Ӯ соли 2015, баъди кушта шудани муассиси созмони “Гурӯҳи 24” Умаралӣ Қувватов, муддате раҳбарии созмонро ба ӯҳда дошт.

Қувватов соли 2015 дар Туркия аз тири ҳамлагари ношиносе кушта шуд ва ҷонибдоронаш ангушти иттиҳомро ба тарафи мақомоти тоҷик дароз карданд.

Гадоев, ки хеш ва шарики тиҷоратии Қувватов буд, ба мунтақиди шадидлаҳни ҳукумати Тоҷикистон табдил шуд ва аз ҳамин хотир, бисёриҳо ба бозгашти ихтиёрии ӯ ва ҳам гӯё пушаймон шуданаш аз фаъолиятҳои сиёсӣ бо шубҳа менигаранд.

Гадоев, ки 33 сол дорад ва роҳбарии Ҷунбиши “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон”, яке аз 4 созмони асосгузори Паймони миллӣ – эътилофи нави нирӯҳои мухолифини тоҷикро бар дӯш дошт, рӯзи 13 феврал бо хатсайри Амстердам-Маскав бо ҳадафи мулоқот бо намояндагони Шӯрои амнияти Русия ба Маскав сафар кард. Ӯ рӯзи 16 феврал билети бозгашт ба Амстердамро дошт, вале рӯзи 15 феврал ВКД Тоҷикистон эълон кард, ки “имрӯз 15 феврали соли 2019, соати 07:00, Гадоев Шарофиддин Мирзоалиевич, 19.05.1985 соли таваллудаш, зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, ки муваққатан дар шаҳри Эйндҳовени Шоҳигарии Ҳолланд зиндагонӣ мекард, ба ШВКД Фурудгоҳи ш. Душанбе ихтиёран ҳозир шуда, изҳор намуд, ки ман аз кирдорҳои кардаам самимона пушаймонам, ихтиёран бо хатсайри Москва-Душанбе ба Ватан баргаштам.

Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кирдорҳои содиркардаи ман баҳои ҳуқуқӣ дода шавад. Инчунин изҳор намуд, ки дигарон нафароне, ки дар кофтуков қарор доранд низ баҳри ободии Ватан ихтиёран баргашта биёянд.
Гадоев Ш.М. аз соли 2012 бо моддаҳои 289 қисми 1 (Қочоқ) ва 340 қисми 2 (Сохтакорӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кофтуков қарор дошт.”

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад