Номаи Созмони Афви байналмилал ба додситони кулли Тоҷикистон

Ба гузориши Тоҷик Пресс, Созмони Афви байнулмилал (Amnesty International) дар номае ба додситони кулли Тоҷикистон, зимни ибрози нигаронии амиқи худ аз вазъияти Шарофиддин Гадоев, узви Шӯрои раҳбарии Паймони Миллӣ ва ҳамоҳангкунандаи Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, аз додситони кулли кишвар хостааст, фавран Шарофиддинро озод кунанд.

 

Дар ин нома омадааст:

“Додситони кулл, Бо навиштани ин нома ба Шумо, нигаронии амиқи худро аз боздошти фаъоли сиёсӣ ва мухолифи ҳукумат, Шарофиддин Гадоев дар Маскав ва интиқоли маҷбурии ӯ ба Тоҷикистон иброз медорам.

Шарофиддин Гадоев, ки ба сурати қонунӣ дар Ҳоланд сокин аст, борҳо эълон карда, ки қасди бозгашт ба Тоҷикистонро надорад, ҷое, ки ӯ дар онҷо дар маърази шиканҷа ва бадрафторӣ қарор дорад.

Ӯ дар 14-и феврал ба сурати ғайриқонунӣ дар Маскав боздошт ва рӯзи дигар сар аз Душанбе даровард. Дар таърихи 20-и феврал фақат ба муддати як рӯз дар манзили худ дар Фархор сукунат кард ва сипас тавассути кормандони Вазорати дохила ва амниятӣ ба ҷое номаълум мунтақил гардид.

Дар таърихи 24-и феврал Вазорати хориҷаи Ҳоланд эълон кард, ки мақомоти тоҷик зимни таъйиди боздошти Гадоев, эълон кардаанд, ки ӯро ба хотири “фаъолиятҳои ҷиноӣ” муттаҳам намудаанд.

Шарофиддин Гадоев узви Паймони Миллии Тоҷикистон ва узви собиқи Гурӯҳи 24 ба шумор меояд.

Бо таваҷҷӯҳ ба саркӯби аҳзоби мухолифи Тоҷикистон ва ҳамчунин таъқибу фишор рӯи мухолифон ва вакилони дифоъ ва фаъолони сиёсӣ ва мавридҳои зиёде аз шиканҷа ва бадрафторӣ бо онҳо, Шарофиддин Гадоев дар маърази хатари ҷиддӣ қарор дорад. Аз ин рӯ аз шумо тақозо мекунам:

Шарофиддин Гадоев аз ҳар гуна шиканҷа ва бадрафторӣ эмин бошад ва бо вакили дифоъ ба назардошти худаш ва ё хонаводаи ӯ таъмин гардад ва ҳамчунин бо кӯмакҳои зарурии пизишкӣ таъмин шавад.

Агар ӯ зери назорати ниҳодҳои амниятӣ қарор дорад, бояд фавран озод шавад, ва агар на, бояд ин собит гардад. Иттиҳоми ӯ ба ҳар навъи ҷиноят низ, бояд тибқи қонунҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ сурат гирад.

Бо камоли эҳтиром.”

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад