Нахуствазири Англис ба шикаст дар интихобот эътироф кард

Нахуствазири Англис имрӯз (ҷумъа) пас аз як шаби ноумедкунанда барои ҳизби ҳокими муҳофизакор дар интихоботи парлумонӣ, ба шикаст эътироф кард.

Нахуствазири Англис имрӯз (ҷумъа) пас аз як шаби ноумедкунанда барои ҳизби ҳокими муҳофизакор дар интихоботи парлумонӣ, ба шикаст эътироф кард.

Бо пирӯзии қотеи Ҳизби коргари Англис дар интихоботи парлумонии Бритониё, Киер Стормер дар масири нахуствазирии ин кишвари аврупоӣ қарор гирифтааст ва нахуствазириро аз Риши Сунок, нахуствазири муҳофизакор таҳвил хоҳад гирифт.

Сунок бо пазируфтани шикасти Ҳизби муҳофизакори Англис таъкид кард, ки «ман масъулияти натиҷаҳои ин интихоботро ба ӯҳда мегирам».

Сунок пас аз касби курсӣ Ричмонд ва Нурсҳолертон изҳор дошт: «Ҳизби коргар дар ин интихоботи парлумонӣ пирӯз шудааст ва мо шикаст хӯрдем».

Вай идома дод, ки бо раиси Ҳизби коргари Англис тамос гирифта ва ба вай пирӯзӣ дар интихоботи парлумониро табрик гуфтааст».

Нахуствазири Англис илова кард: «ман масъулияти ин шикаст дар интихоботро ба ӯҳда мегирам ва барои ончи рӯй додааст, узрхоҳӣ мекунам.»

Нахуствазири Англис дар бораи вогузарии қудрат ба Ҳизби коргар тавзеҳ дод: «Ҳизби коргар дар интихобот пирӯз шуд ва фароянди интиқоли қудрат ба ҳизби пирӯз, бидуни мушкиле анҷом хоҳад шуд».

Стормер қарор аст имрӯз бо подшоҳи Бритониё дидор кунад, то расман ба унвони нахуствазири ин кишвар муаррифӣ шавад ва дар бораи пирӯзии худ дар интихобот гуфт: «тағйири дуруст аз ҳаминҷо шурӯъ мешавад, зеро ин демокрасӣ, ҷомеа ва ояндаи шумо аст. Шумо раъй додаед. Акнун замони он расидааст, ки мо ин тағйирро ба шумо ироа диҳем».

АнглисИнтихоботи парлумонӣнахуствазири Англис
Comments (0)
Add Comment