Ихроҷи садҳо муҳоҷир аз як минтақаи Русия

Додгоҳҳои як вилояти Русия сар аз оғози соли равон амр додаанд, ки беш аз 512 муҳоҷир барои иқомати ғайриқонунӣ ва дигар қонуншиканиҳо аз кишвар ронда шаванд.

Додгоҳҳои як вилояти Русия сар аз оғози соли равон амр додаанд, ки беш аз 512 муҳоҷир барои иқомати ғайриқонунӣ ва дигар қонуншиканиҳо аз кишвар ронда шаванд.

Ба гузориши манбаъ:

Мақомоти вилояти Хабаровск шаҳрвандони хориҷӣ қоидаҳои вуруд ва иқоматро риоят накардаанд ва бар иловаи ихроҷ ҳақ надоранд, то 5 соли дигар ба Русия баргарданд.

Маълум нест, ки чӣ теъдоде аз ин ҳисоб муҳоҷирони тоҷик ҳастанд. Айни замон рейду шикори муҳоҷирон зоҳиран дар шаҳру минтақаҳои Русия ҳамоно ба шиддат идома дорад.

Раёсати корҳои дохилаи Вилояти Омски Русия ҳам рӯзи 2-юми июл бо нашри наворе аз боздошту тафтиши муҳоҷирон дар доираи амалиёти “Нелегал 2024 -хабар додааст.

Дар ин минтақа ба гуфтаи мақомот 300 мавриди қонуншиканӣ ошкор ва 18 муҳоҷирро хориҷ кардаанд. Барои муҳоҷирати ғайриқонунӣ 9 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Пулис ва ниҳодҳои дигар муҳоҷиронро дар сохтмонҳо ҷустуҷӯ ва тафтиш кардаанд.

Нигаронии муҳоҷирони тоҷик аз бозпурсиву тафтишҳои чандсоатӣ дар фурудгоҳу гузаргоҳҳои марзӣ ҳам кам нест. Муҳоҷирон бо ирсоли наворе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, муҳоҷирони тоза ба Русия омада бе далел хориҷ карда шудаанд.

Пас аз ҳамлаи маргбор ба “Крокус ситӣ” дар бархе аз фурудгоҳҳои Русия, садҳо муҳоҷири тоҷикро бо баҳонаҳои гуногун соатҳо нигоҳ доштанд, иҷозаи гузар надодаанд ва ба Тоҷикистон баргардониданд. Мақомоти тоҷик моҳи майи имсол ба муҳоҷирон тавсия дода буданд, ки муваққатан аз рафтан ба Русия худдорӣ кунанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия гуфтааст, ки шумораи ҷиноятҳои ошкоршуда вобаста ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Русия беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст.

Ӯ дар ин бора илова кардааст: “Теъдоди ҷиноятҳои ошкоршуда вобаста ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст”.

Ба гуфтаи вай, чунин раванд дар тамоми ниҳодҳое, ки дар ин самт фаъолият мекунанд, мушоҳида мешавад.

“Дар ҳақиқат онҳо фаъолтар шуданд”, – гуфт оқои Колоколтсев дар маҷлиси комиссияи ҳукуматӣ оид ба пешгирии чинояткорӣ.

Илова бар ин, баъзе амалҳои ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ боиси вокуниши васеи ҷомеа мегарданд, ки боиси афзоиши бадбинӣ байни миллатҳо мегардад.

Колоколтсев афзуд: “Масъалаҳои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз ҷиҳати стратегӣ муҳим буда, ба салоҳияти бисёр идораҳо, инчунин мақомоти вилоятҳо дахл доранд ва бояд бо талошҳои муштарак ҳал шаванд”. Идомаи матлаб дар …

 

муҳоҷирРусия
Comments (0)
Add Comment