Беларус ба таври расмӣ ба Созмони Шанхай пайваст

Дар ростои афзоиши талошҳои Русия, Чин ва дигар аъзо бо ҳадафи густариши Созмони Ҳамкории шанхай, Беларус ба таври расмӣ ба ин созмони зидди ғарбӣ пайваст.

Ба гузориши ТоҷикПресс, сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай рӯзи панҷшанбе санади узвияти Беларус дар ин созмонро имзо карданд.

Ин тавофуқ дар ҷараёни нишасти сарон дар Остона, пойтахти Қазоқистон ба даст омад ва акнун Беларус ба унвони даҳумин узви созмон шинохта мешавад.

Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия дар мавриди узвияти Беларус дар Созмони Ҳамкории Шанхай гуфт: Маскав алоқаманд аст, ки давлати иттиҳодияи Русия ва Беларус дар тамоми фарояндҳои байналмилалӣ ширкат кунад.

БеларусШанхай
Comments (0)
Add Comment