Баёноти Оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз ширкат дар давраи дувуми интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари ҶИЭ субҳи имрӯз (ҷумъа) ва ҳамзамон бо оғози марҳалаи дувуми чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, раъси соати 8 субҳ раъйи худро дар сандуқ андохтанд.

Маҳдии Хусравӣ – хабарнигори садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон -: Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим.
Ба маҳзари шарифу мубораки раҳбари муаззам, муаззаз ва фарзонаи Инқилоби Исломӣ арзи салому адаб ва эҳтиром дорам.

Субҳи ҳазрати мустатоби олӣ ба хайру некӣ – Ин шоа Аллоҳ – ва қарин ба сиҳҳату саломат ва офият.

Бо тавваҷуҳ ба ин ки дар дақоиқи ибтидоии оғози фароянди раъйгирӣ дар марҳалаи дувуми интихоботи чаҳордаҳумин давраи раёсатҷумҳурӣ қарор дорем, барои миллати шарифи Эрон чӣ тавсияе доред?

Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбарии олии Ҷумҳурии Исломии Эрон: Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим
Биҳамдиллоҳ рӯзи хубест; рӯзи ҳузури мардум, рӯзи ширкати мардум, рӯзи фаъол шудани мардуми азизмон дар як амри муҳими сиёсии кишвар аст, яъне интихобот. Шунидам, ки шавқу алоқаи мардум бештар аз қабл аст; Худо кунад ин тавр бошад ва агар ин тавр бошад, хурсандкунанда аст.

Ва Ин шоа Аллоҳ мардуми азизамон муваффақ бишаванд, раъй бидиҳанд ва беҳтаринро интихоб бикунанд. Дар ин марҳала қоидатан бояд ҳиммати мардум бештар бошад, барои ин ки корро тамом мекунанд то фардо мо -Ин шоа Аллоҳ- раисҷумҳурамонро дошта бошем.

Худованд -Ин шоа Аллоҳ- миллатро муваффақ кунад ва кишварро обод кунад ва ҳамаи касонеро, ки дар ин роҳ заҳмат мекашанд, машмули лутфу раҳмати худаш қарор бидиҳад.

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳ

интихоботҶИЭЭрон
Comments (0)
Add Comment