Ҳушдори СММ дар бораи қаҳтӣ ва гуруснагӣ дар Ғазза

Масъулони Созмони Милали Муттаҳид бо ишора ба оворагии чандбораи фаластиниҳо дар Навори Ғазза ва ноамни шадид ва гуруснагӣ ҳушдор додаанд.

Масъулони Созмони Милали Муттаҳид бо ишора ба оворагии чандбораи фаластиниҳо дар Навори Ғазза ва ноамни шадиди гуруснагӣ ва ғизоие, ки дар ин минтақа вуҷуд дорад, нисбат ба қаҳтии қарибулвуқуъ дар сурати адами расидани кумакҳои фаврии ҳушдор доданд.

Дар ҳоле, ки мардуми Ғазза баъд аз 9 моҳ аз ҷанги наслкушии режими саҳюнистӣ алайҳи ин минтақа, борҳо аз ҷое ба ҷои дигар овора шудаанд, Сигрейд Ког, ҳамоҳангкунандаи кумакҳои башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид дар Ғазза, тайи суханоне муқобили Шӯрои амният эълон кард: “имрӯз 1.9 миллион нафар дар Навори Ғазза овора шудаанд ва мо амиқан нигарони гузоришҳои марбут ба дастурҳои ҷадиди Исроил барои тахлияи Хон Юнус дар ҷануби Навори Ғазза ҳастем.

Вай афзуд: беш аз як миллион нафар дар Ғазза дубора овора шудаанд ва ҳамчунон дар ҷустуҷӯи сарпаноҳи амн ҳастанд. Имрӯз ғайринизомиёни фаластинӣ дар Навори Ғазза, дар миёни дарду ранҷ ба маънои воқеӣ қарор доранд ва зиндагии онҳо комилан нобуд шудааст.

Ин масъули Созмони Милал изҳор дошт: кумакҳо ба андоза кофӣ ба Навори Ғазза ҷанг зада намерасад ва боз кардани гузаргоҳҳои ҷадид ба вижа ба самти ҷануби Ғазза, барои ҷилавгирӣ аз як фоҷиаи инсонӣ зарурӣ аст. Гузаргоҳи Рафаҳ байни Ғазза ва Миср бояд бозгушоӣ шавад ва ҳамчунин ҷомеаи байналмилалӣ бояд барои таъмини ҳазинаҳои имдодрасонӣ ба Ғазза талошҳои бештаре анҷом диҳад.

Тур Венесланд, ҳамоҳангкунандаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид барои раванди сулҳ дар Ховари Миёна ҳам дар нишасти хабарии худ дар Шӯрои амнияти Созмони Милал гуфт: идомаи ҷанг дар Навори Ғазза, бесуботии минтақаро афзоиш медиҳад.

Вай бо ишора ба таъсири мухарриби ҷанг бар ҷамъияти ғайринизомии Ғазза ва буҳрони инсонии бесобиқае, ки ин борика шоҳиди он аст, хостори иттихози гомҳои фаврӣ барои ором кардани авзоъ ва оташбас шуд.

Ин масъули Созмони Милал тасреҳ кард: гуруснагӣ ва ноамнии ғизоӣ ба бадтарин шакл дар Навори Ғазза идома дорад ва эҳтимолан шоҳиди қаҳтии қарибулуқуъ дар шимоли Ғазза, дар сурати нарасидани кумакҳо бошем. Дар ҳоле, ки тақрибан ҳамаи сокинони Ғазза бо ноамнии ғизоӣ мувоҷеҳ ҳастанд, наздик ба 500 ҳазор нафар дар миёни ноамнии ғизоӣ фоҷиабори зиндагӣ мекунанд.

Ҷовгон Ҷопогин, мудири иҷроии Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх ва ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар ин замина гуфт: буҳрони гуруснагӣ дар Ғазза ба нуқтаи авҷи худ расидааст ва хатари қаҳтӣ рӯз ба рӯз афзоиш меёбад. Мо ниёз ба иқдоми фаврӣ барои ҷилавгирӣ аз талафоти бештар ба далели қаҳтӣ дар Ғазза дорем.

Вай бо ибрози нигаронии амиқ аз бомбаборони минтақаи наздик ба дафтари Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Ғазза тавассути артиши саҳюнистӣ таъкид кард: ин ҳамлаҳо сабаби хисоратҳои шадид ва ба хатар афтодани ҷони садҳо ғайринизомии овора дар чодарҳо шуд.

Барномаи ҷаҳонии ғизо ҳам бо судури баёнияе эълон кард: “бо таваҷҷуҳ ба ташдиди ҳамалоти низомии Исроил дар Ғазза, ирсоли кумакҳо ба ин минтақа тақрибан ғайримумкин аст.”

Истифон Дуҷорик, сухангӯи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳам изҳор дошт: хатароти пеши рӯи тимҳои имдодӣ ва башардӯстона дар Ғазза ғайриқобили таҳаммул шудааст.

Аз тарафи дигар коршиносони Созмони Милал бо ишора ба баррасии вазъияти ноамнии ғизоӣ дар Навори Ғазза эълон карданд: сокинони ин борика ба шиддат аз ноамнии ғизоӣ ранҷ мебаранд ва бо як хатари воқеӣ рӯбарӯ ҳастанд. Ин дар ҳоле аст, ки имкони вуруди кумакҳои башардӯстона ба шакли муассир ба Ғазза вуҷуд надорад.

Ба гузориш Мидел Ист Эй, мардуми Ғазза мегӯянд ин нахустин боре нест, ки ин минтақа бо қаҳтӣ ва гуруснагӣ мувоҷеҳ шудааст; бо вуҷуди ин, яке аз бадтарин қаҳтиҳое аст, ки сокинони Ғазза таҷриба кардаанд.

Артиши режими саҳюнистӣ аз 7-и октябри 2023 аз вуруди маводи ғизоии зарурӣ ва ҳаётӣ ба Ғазза ҷилавгирӣ ё онро ба шиддат маҳдуд кардааст; дар айни ҳол, фурӯшгоҳҳои маводи ғизоӣ ва нонвоиҳоро бомбаборон кардааст; ҳадафи режими саҳюнистӣ аз анҷоми ин иқдом ин будааст, ки агар натавонистанд сокинони Ғаззаро бо силоҳҳои худ бикушанд, онҳоро бо гуруснагӣ ба коми марг бифиристанд.

Сокинони Ғазза мегӯянд, ки захираи маводи ғизоии онҳо чанд ҳафта пас аз ҷанг тамом шуд ва ҷустуҷӯи маводи ғизоӣ дар хонаҳои ишғолнашуда ё вайроншуда, низ ба дастрасӣ ба маводи ғизоии маҳдуде сабаб шуд, ки ба зудӣ тамом шуд.

Онҳо барои ҷойгузин кардани маводи ғизоии номавҷуд, аз алафҳои қобили истифода барои ҳайвонҳо ва пас аз он баргу алаф барои сер кардани худ истифода карданд; ба гуфтаи сокинони Ғазза, судури муҷаввизи кӯтоҳ муддат вуруди кумакҳои башардӯстона ба Ғазза аз сӯи режими саҳюнистӣ барои баданҳои заифи сокинон, бисёр ночиз буд ва бо иқдомҳои сахтгиронатар барои ҷилавгирӣ аз вуруди маводи ғизоӣ бетаъсир шуд.

Дар бархе аз бозорҳо ҳанӯз колоҳое аз маводи ғизоӣ вуҷуд доранд, аммо мардум пас аз 9 моҳ ҷанг дигар пуле надоранд; хариди орд бо фурӯши мубл ва василаҳои хона ва ҷавоҳирот низ дигар фоида надорад.

Бештари хонаводаҳои Ғазза ба вижа кӯдакон ба далели сӯи тағзия ва камобӣ аз бемориҳое монанд зардӣ ва ипотит ранҷ мебаранд.

Сокинони Ғазза таъкид доранд, ки дидани гуруснагии кӯдакон дилхарош аст; яке аз сокинони Ғазза гуфт, ки кӯдаке дар рӯзи таваллудаш орзӯ кард, битавонад ғизо бихӯрад.

Дар айни ҳол системаи тавзеи кумакҳои маҳдуди вурудӣ дар Ғазза, дар ҳарҷу марҷ аст; ба унвони мисол, тавзеи кумакҳои башардӯстонаи маҳдуде, ки ба шимоли Ғазза мерасад, дуруст анҷом намешавад ва мудирият ва назорате вуҷуд надорад.

Аз сӯи дигар кумакҳои маҳдуди башардӯстонаи воридшуда ба Ғазза, дучори мушкилоте монанди таърихи масрафи гузашта будан ҳастанд ва қарор гирифтани онҳо дар комюнҳо зери офтоби доғ, сабаби хароб шуданашон мешавад.

Сокинони Ғазза мегӯянд, ки кишти маҳсулоти кишоварзӣ ба далели камбуди об бо шикасти мувоҷеҳ шудааст; зимни инки кишти сабзиҷот ва сабзавот ба далели ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ва оворагиҳои мукаррар сабаб мешавад, то сабзавоти киштшуда ба ҳоли худ раҳо шаванд.

Коҳиши вазни зиёд яке аз мушкилоте аст, ки сокинони Ғазза ба далели набуди маводи ғизоӣ бо он мувоҷеҳ ҳастанд; занони Ғазза низ мегӯянд, ки пас аз моҳҳо қаҳтии ошпазӣ карданро аз ёд бурдаанд.

Чизе, ки гуруснагии шадидро барои мардуми Ғазза бадтар мекунад, ин аст, ки ҳама чиз дар тӯли ҷанг монанди ҷамъоварии чӯб аз хонаҳои вайроншуда ё овардани об аз километрҳо дуртар ба талош ва энергетикаи бештаре ниёз дорад; ин дар ҳоле аст, ки бадани мардуми Ғазза бисёр заиф ва шикананда шудааст.

Яке аз сокинони Ғазза, дар ин бора гуфт: “мурдан аз гуруснагӣ бисёр бадтар аз мурдан бар асари бомб аст, зеро дар миёни гуруснагии худ ва тамошои гуруснагии фарзандонатон, маргро ҳазорон бора таҷриба мекунед.”

гуруснагӣҒаззаИсроилкӯдаконҚаҳтӣРафаҳРежими саҳюнистӣФаластин
Comments (0)
Add Comment