Таъкиди Тоҷикистон ва Покистон бар ташкили давлати фарогир дар Афғонистон

Вазорати хориҷаи Покистон дар баёнияе эълом кард дар дидори нахуствазири ин кишвар бо раисҷумҳури Тоҷикистон бар ташкили давлати фарогир дар Афғонистон таъкид шудааст.

Ба гузориши ТоҷикПресс, “шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон тайи дидоре дар Душанбе дар бораи масоили мухталиф аз ҷумла Афғонистон гуфтугӯ карданд.

Вазорати хориҷаи Покистон бо интишори баёнияе дар бораи ин дидор изҳор дошт сарони ду кишвар, Афғонистони сулҳомез ва мураффаҳро барои амнияти минтақа муҳим эълом карданд.

Баёния афзуд дар дидори сарони Покистон ва Тоҷикистон тавофуқномаи ҳамкориҳои стратежик низ ба имзо расидааст.

Бар асоси ин баёния, Шаҳбоз Шариф ва Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид карданд ташкили як давлати фарогир барои суботи Афғонистон муҳим аст.

Нахуствазири Покистон гуфтааст кишвараш аз бандари Карочӣ ва масири Афғонистон ба Тоҷикистон колоҳои тиҷорӣ ирсол мекунад, аммо давлати Исломобод талош мекунад аз тариқи ҷода ва хати рейлӣ низ ба ин кишвар муттасил шавад.

Тоҷикистон ва Покистон пеш аз ин гуфта буданд, ки бо таҳдидоти амниятӣ аз хоки Афғонистон мувоҷеҳ ҳастанд, аммо ҳукумати Толибон борҳо зимни беасос донистани ин нигарониҳо таъкид кард аз хоки Афғонистон ҳеҷ кишваре таҳдид нахоҳад шуд.

АфғонистонПокистонТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment